Ҳафтаи пойтахт ва саҳми кафедраи забони тоҷикӣ

Рӯзи 13-уми апрели соли 2021 як гӯрӯҳ донишҷӯёни дохилию хориҷӣ ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои Телевизиони “Сафина” дар партави файсалаи Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ба хотири “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон шудани боғшаҳри мо саҳм гирифтанд.

Дарси маънавият

Дарси тарбиявӣ ҷузъи ҷудонашавандаи қисми таълим дар ҳар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар тарбияи насли наврас саҳми муассисаҳои таълимӣ ва дарсҳои тарбиявӣ нақши назаррасе доранд.

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!

Рӯзи 20-уми апрели соли 2021 дар толори “Сино” ҷаласаи бошукӯҳе ба пешгоҳи 110-солагии Мирзо Турсунзода баргузор гашт, ки онро бо сухани муқаддамотӣ проректори бахши таълим, профессор Ибодзода С.Т. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Падидаи ҷаҳонишавӣ ва мақоми забони давлатӣ

Рӯзи 9-уми апрели соли 2021 як гӯрӯҳ донишҷӯёни дохилию хориҷӣ ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои Телевизиони якуми ҷумҳурӣ оид ба “Мақоми забони тоҷикӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ” пас аз тамрини пешакӣ таҳти назари мудири шуъбаи табъу нашр С.А. Таййибов ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Н. Зуҳурӣ матни суханронию шеърҳои ҳифзкардаашонро сабт намуданд.

Семинари илмӣ-фарҳангӣ марбут ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва бахшида ба 28-солагии Артиши миллӣ

Ҳар як қавму миллат бо тақозои ниёзҳои  иртиботӣ забони  миллии худро доро мебошад. Бо қарори бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид  ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2002 рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст.

Чорабинӣ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Санаи 10.12.2020, соати 10 дар Маҷмааи нави донишгоҳ “Шифобахш” чорабинӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии ...


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php