Маълумоти умумӣ


Кори муолиҷавӣ - фасли муҳими фаъолияти гуногунҷабҳаи ДДТТ буда, дараҷаи ҳозиразамон ва ташкили он аз бисёр ҷиҳат сифати раванди таълимро муайян менамояд ва барои моҳиятан баланд бардошани самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Ба аҳолӣ расонидани кӯмаки ихтисосии муолиҷавию профилактикӣ, ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ расонидани ёрии сарпарастӣ-машваратӣ, дар байни аҳолӣ таблиѓ кардани донишҳои тиббӣ, санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ мебошад.
Корҳои ташхисию табобатӣ ва сарпарастию машваратии кормандони кафедраҳои клиникӣ баробари таъсиси ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шурӯъ гардида, яке аз пешоҳангтарин соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ мебошанд.
Аввалин муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ дотсент Тураев А.А. буд, ки аз моҳи феврали соли 1989 то моҳи июли соли 1994 ин вазифаро иҷро намудааст. Аз соли 1994 то 1999 д.и.т., профессор Сангинов Ҷ.Р. ҳамчун муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ ифои вазифа намудааст. Баъдан сарпарастии корҳои муолиҷавии донишгоҳ аз соли 1999 то соли 2004 ба дӯши д.и.т., профессор Ѓоибов А.Ҷ. гузошта шуд. Дар давоми солҳои 2004-2008 муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Шарипова Х.Ё. буд. Аз соли 2008 то моҳи феврали соли 2018 вазифаи муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавиро н.и.т. Гадоев Б.Ш. иҷро намудааст. Айни ҳол муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. мебошад.
Дар донишгоҳ 38 кафедраи клиникӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 20 кафедра ба кафедраҳои тахассуси терапевтӣ мансуб буда, 18 кафедраи дигар мансуб ба кафедраҳои тахассуси ҷарроҳӣ мебошанд. Дар кафедраҳои клиникӣ ҳамагӣ 405 омӯзгорони асосӣ фаъолият менамоянд. Аз ин миқдор 61 нафар профессору докторони илми тиб ва 164 нафар дотсенту номзадҳои илми тиб мебошанд.
Дараҷанокии илмии кормандони кафедраҳои клиникӣ ба ҳисоби миёна 54,6%-ро ташкил медиҳад. Дар кафедраҳои клиникӣ мутахассисони дорои дараҷаи олии тахассусӣ - 46,7% , дараҷаи якум – 20,7% ва дараҷаи дуюм – 6,4% фаъолият менамоянд.
Базаҳои клиникии кафедраҳо дар ҳудуди 27 муассисаи табобатӣ-пешгирикунандаи шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд.

Тамос


Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷраи №217
Телефон: 446003627
E-mail: muolija@tajmedun.tj
Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ: н.и.т., дотсент Қобилов Кобилҷон Кенҷаевич