Низом ва шартҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


1. Ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намоянд аз 1-25-уми август қабул карда мешаванд.
2. Баъд аз санҷиши комиссияи қабули ҳуҷатҳо дар доираи талаботҳо мавҷуда, шаҳрвандони хориҷӣ барои мусоҳиба роҳ дода мешаванд.
3. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил бо роҳи мусоҳиба буда, дар мусоҳиба аъзои комиссияи қабул аз ҷумла намояндагони факултетҳо, кафедраҳои забонӣ ва тахассусӣ, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ таъин гардидаанд, иштирок меварзанд.
4. Баъд аз мусоҳиба дар ҳолати гирифтани натиҷаҳои мусбӣ, шаҳрвандони хориҷӣ дар сафи донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси донишҷӯ бо фармони ректори донишгоҳ, бастани шартнома байни ректори донишгоҳ ва шаҳрванди хориҷӣ ва пардохти пурраи маблағи таҳсилот барои соли таҳсил то 30-уми октябр, пазируфта мешаванд.
NB! Шахсоне, ки дорои душаҳрвандӣ (русӣ ва тоҷикӣ) мебошанд ва онҳо мактабро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расонидаанд, наметавонанд ба гуруҳи донишҷӯёни хориҷӣ дохил шаванд. Онҳо бо супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори номи донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегарданд.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қабули шаҳрвандони хориҷа ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Аризаи шахсии довталаб ба номи ректор бо нишондодани номи факултет ва забони таҳсил (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ танҳо дар факултети тиббӣ);
Шаҳодатнома (ҳуҷҷат) оид ба хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ;
Шаҳодатнома оид ба хатми курси тайёрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; (ҳангоми гузаштани курси 8 моҳаи тайёрӣ);
Шаҳодатномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани вируси ВИЧ / СПИД-ро шаҳодат медиҳад, бо бақайдгирии расмӣ аз ҷониби мақомоти тандурустии кишвар тасдиқ шудааст. (нусхаи асл);
Флюорография бо хулосаи табиби соҳаи туберклёз;
Шаҳодатномаи акредитатсияи давлатии муассисаи таълимие, ки шаҳрванд маълумот гирифтааст (нусхаи шаҳодатнома ба тасдиқи нотариалӣ);
Нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан), корти муҳоҷирӣ;
10 дона сурати ранга бо ҳаҷми 3х4 см барои раводид.
Дастгири ва таъмин бо раводид
Шуъба дар бахши тамдиди раводид ва бақайдгирии донишҷӯёни хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилан судмадро ба роҳ мондааст.
Ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки ки мехоҳанд ба донишгоҳ дохил шаванд бояд ба номи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ариза пешниҳод намоянд. Баъди баррасӣ гардидани ариза аз ҷониби ректори донишгоҳ, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои фиристодани даъватнома уҳдадор мешавад.
Дар асоси ин даъватнома ВКХ ҶТ ва намояндагиҳои он (Сафоратхонаҳои ҶТ) дар хориҷӣ кишвар шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд раводиди вурудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд.
Барои шаҳрвандони Федератсия Россия, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар асосӣ Созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни раводид ҷорӣ карда шудааст;
Ҳуҷҷатҳои муҳассилини хориҷӣ ба Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ супорида шуда, барои онҳо қайди солона таъмин карда мешавад. Донишҷӯёне, ки барои барқарор ва қабул шудан, муроҷиат менамоянд ба қайди муваққатӣ гузошта мешаванд.
Мувофиқи қонун шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки дар мӯҳлати 3 рӯз (ба ғайр аз рӯзҳои истироҳатӣ) ҳуҷҷатҳои худро барои пешниҳод намудан ба мақомотҳои дахлдор ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пешниҳод намоянд. Барои тамдид намудани раводид бояд 25 руз пеш аз ба итмом расидани муҳлати раводиди солонаи қаблӣ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудан зарур мебошад.
Барои дастрас ва тамдид намудани раводид ҳуҷҷатҳои зерин аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ бояд пешниҳод карда шаванд:
1) Нусхаи шиноснома;
2) 2 дона расми 3х4;
3) 2 нусха корти бақайдгирӣ (замимаи 16);
4) Маълумотномаи тиббӣ оид ба HIV/AIDS;
5) Нусхаи дафтарчаи донишҷӯ (формати ранга) – барои тамдид намудани раводид;
6) Нусҳаи дафтарчаи имтиҳонӣ донишҷӯ (формати ранга) – барои тамдид намудани раводид;
7) Нусхаи фармон оид ба қабул ба донишгоҳ (формати ранга) ва нусхаи фармоиши аз курс ба курс гузаронидан - барои тамдиди раводид;
8) Нусхаи шартнома байни донишгоҳ ва шаҳрванди хориҷӣ;
Арзиши маблағи таҳсилот барои соли таҳсили 2018/2019*
Факултетҳо
Арзиши маблағи таҳсил (TJS – сомонӣ)
Забони таҳсил тоҷикӣ ва русӣ Забони таҳсил англисӣ
Факултети стоматологӣ 25 460,00
Факултети тиббӣ 25 460,00 32 450,00
Факултети педиатрӣ 21 825,00
Факултети фарматсевтӣ 21 825,00
Факултети НТҶ 16 000,00
Курси омодагии қаблӣ 10 300,00