Семинари илмӣ-фарҳангӣ марбут ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва бахшида ба 28-солагии Артиши миллӣ

Семинари илмӣ-фарҳангӣ марбут ба Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ ва бахшида ба  28-солагии Артиши  миллӣ

Ҳар як қавму миллат бо тақозои ниёзҳои иртиботӣ забони миллии худро доро мебошад. Бо қарори бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2002 рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забони тоҷикӣ ҷой ва мақоми арзандаеро касб кард.

Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ таъкид месозанд: “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надҳем”. Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва бонангу номуси ватанамон мебошад.

Дар иртибот бо ин кафедраи забони тоҷикӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ доир намуд, ки дар он саҳми донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ хеле назаррас буд. Тавре маълум аст, дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён бо номи маҳфили адабии “Авҷи Зуҳал” амал мекунад ва асоси чорабиниро маҳз аъзоёни маҳфил ташкил доданд. Дар чорабинӣ сухани ифтитоҳиро мудири кафедра, н.и.ф. профессор Қосимов О. Ҳ. оғоз намуд. Бояд гуфт, ки омӯзгорон Зуҳурӣ Н., Раҳимов Т. Ф., Саидова Б. М., Калонова М. Ҷ., Хидиров Р. Г., Низомова С. Ф., Шодиматова М. К. ва Маҷидова Б. М. саҳми худро дар семинари илмӣ-фарҳангӣ гузошта, донишҷӯён Ҳомидов Изатулло (к.4, гурӯҳи 45 тиб.), Сулаймонова Меҳриниссо (к.1,гурӯҳи 4 фарм.) оид ба ин ду ҷашни таърихӣ андешаҳои пурмазмун баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки мавзӯи семинари илмӣ аз ду бахш иборат буд:

    Бахши аввал роҷеъ ба таърихи забони тоҷикӣ, мақому манзалати он дар ҷомеа ва инчунин риояи қонуну қоидаҳои он дар дастурамалҳо ва китобҳои дарсӣ буда, дар робита бо ин масъала омӯзгорони кафедра Низомова С.Ф. ва Раҳимов Т. Ф. ақидаҳои худро баён намуданд. Дар раванди маҳфил донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Юлдошев Беҳрӯз (Беҳрӯз Хушбахтӣ) аз ашъори рангини худ шеърҳо қироат намуд. Мавриди зикр аст, ки Беҳрӯз Хушбахтӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашри худро бо номи “Ман на онам, ки ту медонӣ... ” (Душанбе: Файзи Борон-2021. 99с.) ба ҳозирон пешниҳод намуда, аз эҷодиёти навмашқонаи худ шеърҳо қироат намуд.

Инчунин донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Ашурзода Худойдод ба самъи ҳозирин маърӯзаи пурмазмунеро бо номи “Забони ман-ифтихори ман” расонид. Донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва педиатрӣ андар ситоиши забони ноби тоҷикӣ бо назокати хос шеъру таронаҳо замзама карданд. Донишҷӯён Абдуллоев М., Ятимова З. (к.1,гур.10тиб.), Кенҷаева Ш., Худойназарова Б. (к.1,гур. 57 тиб.), Халилова М. (к.1,гур 51.тиб.), Бобоҷонова М. (к.1,гур.6 пед.), Сафаров А. (к.1,гур.51 тиб.) дар ин барнома саҳми хуб гузоштанд. Донишҷӯи курси 1-уми факултети фарматсевтӣ Аминов Фирӯз шеъри “Забони Ватан”-и Бозор Собирро бо овози ширадору басо форам қироат намуд. Фазои маҳфилро оҳангу мусиқии руҳафзои тоҷикӣ таровати романтикӣ бахшида, донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ, гурӯҳи 24 Алимадзода Шаҳноза бо рақси дилошӯб ва суруди гуворо ба дили нишастагон шодию нишот овард.

Бахши дуюми чорабинӣ боби ватандӯстиву муқаддас шуморидани арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватанро дарбар гирифт, ки ба ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар ин мавзӯъ донишҷӯи курси 1-уми факултети фарматсевтӣ Абдуллоев Толибҷон маърӯза намуд. Ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ (аз гурӯҳи бакалаврҳо) Приянка Вейшноу ва Абҳишек аз ашъори шоирон андар ситоиши табиат ва табибон шеърҳо қироат намуда, донишҷӯ Лакше Шарма ҳамсабақони тоҷикашро сидқан шодбош гуфт. Дар интиҳои семинар донишҷӯ Алиматова Шаҳноза дар ҳавои оҳангӣ халқӣ рақси ҷаззоберо ба нишастагон тақдим намуд.

Роҳбари маҳфили адабии “Авҷи Зуҳал” омӯзгор Суфиева Г. А. аз устодон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон дар ин ҷараён изҳори сипос намуда, аз ашъори адабиёти форсу тоҷик порчаҳои зубдаи назмиеро ба саҳми иштирокдорон пешниҳод намуд.

Дар кафедраи забони тоҷикӣ чунин чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ мунтазам доир гашта, барои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии халқу Ватан   мусоидат менамоянд.

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ.

Роҳбари маҳфили адабии “Авҷи Зуҳал” Суфиева Г.А.

20.02.2021     317

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php