Чорабинӣ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Чорабинӣ  бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Санаи 10.12.2020, соати 10 дар Маҷмааи нави донишгоҳ “Шифобахш” чорабинӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино » баргузор гардид. Дар чорабинӣ саҳми ҷамъияти илмӣ-адабии донишҷӯён,ки бо номи «Авҷи Зуҳал » дар кафедра фаъолият дорад ,хеле назаррас буд. Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи забони тоҷикӣ Қосимов О.Ҳ.-д.и.ф.,проф.,оғоз намуда, меҳмононро пазироӣ намуданд. Сари мавзӯи ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ ва ҷашнгирии мутантани шоири бузург дар қаламрави ҷумҳурӣ, сухан иброз намуданд. Аъзоёни фаъоли маҳфил Ҳомидов Изатулло (4к45гр.),Сулаймонова Меҳриниссо (1к 4фарм), ки садри маҷлисро вазифадор буданд,хеле бо суханони ҷаззоб ва дилнишин ба дили нишастагон   нури зиё бахшиданд, ки касро ба олами шеъри Камол ворид намуданд. Ҳамчунин донишҷӯйи навқалам Юлдошев Беҳрӯз (5к61гр.) аз эҷоди худ моҳирона шеър қироат намуд,ки аҳли нишаст лаҳзае ба дарёи донишу хирад ғутавар гардиданд..Маърӯзаҳои пурмазмун оид ба мавзӯи конференсия аз тарафи донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ Абдуллоев Толибҷон, Исоева Нигора, Азизов Андалеб,бисёр боиси шуниданӣ буданд. Донишҷӯёни курси якум Норимова Ҳилолабону (1к 25тиб.), Исоева Нигора, Низомӣ Т. бо як илҳоми тоза “камолхонӣ” намуданд. Дар ҳавои шеъри Камоли Хуҷандӣ донишҷӯйи курси якуми факултети тиббӣ (1к 24тиб) .Алиматова Шаҳноза рақси мавзунеро ба бинандагон пешниҳод намуд, инчунин донишҷӯйи курси якуми факултети фарматсевтӣ гурӯҳи 4 Аминов Фирӯз аз ашъори баргузидаи Камол ғазалеро бо овози зинда сароид. Дар маҳфил низ омӯзгорони кафедра Зуҳурӣ Н, РасуловС.Қ.- д.и.ф., Шодиматов М.К.,Саидова Б.М.Калонова М.Ҷ.,Хидиров Р. инчунин, масъули бахши фарҳанги донишгоҳ Сулаймонова Н. иштирок доштанд. Дар интиҳоӣ чорабинӣ роҳбари маҳфили адабии «Авҷи Зуҳал» омӯзгор Суфиева Г.А.роҷеъ ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ чунин иқтибос оварданд: «Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанг ба зеҳни ҷомеа расонидани афкори созанда ва андешаҳои тарбиятгаронаи онҳо мебошад.

Андешаҳои ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи халқамон сарчашмаи муҳимми тарбияи ойини ватанпарварӣ барои насли имрӯз ба шумор мераванд, зеро ин суханвари мумтоз ҳарчанд ҳаёти худро дур аз зодгоҳ сипарӣ намуд, аммо ҳамеша бо ёди ватан зист…

Ҳамчунин, таъкид месозам ,ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, яъне дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамоишу озмунҳо, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад.» Сониян, омӯзгор Суфиева чунин мисраҳои пурмуҳтаворо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ чунин оварданд:

Чӣ матоест суханҳои диловези Камол,

Лоиқи гӯши ту беҳ з-ин гуҳаре мебояд.

Суфиева Г.А.- омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ

12.12.2020     456

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php