Маълумоти умумӣ


Муовини ректор оид ба тарбия
0F8A9456.jpg
Муовинати тарбияи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа», «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ», «Дар бораи забони давлатии ҶТ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар ҶТ», «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶТ барои солҳои 2011-2020», дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва супоришҳои ректори донишгоҳ корҳои тарбиявиро ба роҳ монда, иҷроиши саривақтии онҳоро назорат ва амалӣ менамояд.
Ба сохтори муовинат шуъбаи тарбия ва фарҳанг, шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаииттифоқи касабаи донишҷӯён, Иттифоқи касабаи кормандон, Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ, муовинони декан оид ба тарбия ва донишҷӯёни фаъол шомил мешаванд, ки роҳбарии бевоситаи онҳоро муовини ректор оид ба тарбия ба ӯҳда дорад.

Мақсади фаъолияити тарбиявии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Омода намудани мутахасисси соҳаи тандурустии рақобатпазир ба талаботҳои имрӯзаи бозори меҳнати миллӣ ва ҷаҳонии дорои сифатҳои баланди шахсии ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ
ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, фикру ҷисму рӯҳи солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, зебоипарастӣ, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор;
фароҳам овардани шароит барои ташаккули салоҳиятнокии касбӣ, иҷтимоӣ, мавқеи шаҳрвандӣ дар донишҷӯён;
ташаккул додани сифатҳои шахсии ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии хоси мутахассиси соҳаи тандурустӣ;
ҷалб намудани донишҷӯён ба ҳаёти фаъоли шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;
сохтани фазои ягонаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
ташаккул додани тасаввуроти илмӣ дар бораи тарзи ҳаёти солим, омӯхтани малакаву маҳорати худтакмилдиҳии зеҳнию ҷисмонӣ;
инкишоф додани робитаи мустақим ва мутаносиб миёни донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва роҳбарияти Донишгоҳ.

Самтҳои асосии фаъолият


Фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ мутобиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон» ба роҳ монда шуда, самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Тарбияи ғоявӣ
2. Тарбияи миллӣ ва ватанпарастӣ
3. Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ
4. Тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва маърифатӣ
5. Тарбияи ҳуқуқию сиёсӣ
6. Тарбияи гуманистӣ ва зебоипарастӣ
7. Тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим
8. Тарбияи иқтисодӣ
9. Тарбияи меҳнат ва интихоби касб
10. Тарбияи экологӣ
11. Тарбияи таҳаммулӣ, тоқатпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ
12. Тарбияи масъулиятшиносӣ

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php