Таърихи Марказ


Директори марказ
Бо мақсади муҳайё намудани муҳити таълимии бехатар ва боваринок барои омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ, ба донишҷӯён фароҳам овардани шароити рушду нигоҳ доштан, беҳтару хубтар намудани салоҳиятнокии касбӣ, ворид намудани технологияҳои симулятсионӣ ба таълимоти тиббӣ дар доираи амалигардонии Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 тасдиқ карда шудааст ва лоиҳаи дигаргунсозии таҳсилоти пешаздипломӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо қарори Шурои олимон №1 аз 30.08.2012 дар сохтори донишгоҳ Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ (МОМА) таъсис дода шуд. Маросими тантанавии ифтитоҳи Марказ 3 ноябри соли 2012 баргузор гардид. Аз соли нави тахсил 2017-2018 фаъолияти Марказ дар бинои нави таълимӣ воқеъ шаҳраки “Шифобахш” гузаронида мешавад. Сохтмон ва таъмири бино ба оҳир расида Ифтитоҳи танатанавияш рӯзи 29 августи соли 2017 баргузор гардид. Дар соли 2022 дар Бинои нави асосӣ дар зертобеи МОМА Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС) таъсис карда шуд. Маросими кушодашавияш дар доираи ифтитоҳи Бинои нави асосӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябри соли 2022 баргузор гардид. Бо қарори Шурои олимон №4 аз 28.11.2023 Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ (МОМА) ба Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС) табдил ёфт. Рисолати Марказ: Таъмин намудани муҳити муносиби таълимӣ барои омӯзиши малакаҳои клиникӣ. Мақсади Марказ: Имконияти ташаккул, инкишоф додан ва дастгирии салоҳиятнокии клиникӣ, таъмини муҳити эътимодноки маърифатӣ барои омӯзиши самараноки клиникӣ ва коммуникативӣ ва амалӣ кардани принсипи омӯзиш дар тӯли тамоми ҳаёт. Масоҳати умумии Марказ ба 1715,16 м² бо 471 ҷойи нишаст баробар мебошад. Миқдори ҳуҷраҳои Марказ – 38 мебошад, аз он ҳисоб Толори лексионӣ ва 25-то ҳуҷраҳои таълимӣ-клиникӣ мавҷуданд. Ошъёнаи сеюми Бинои нави таълимӣ: Ҳуҷраи №1 – Акушерӣ ва гинекологӣ. Ҳуҷраи №2 – Кори хамширагӣ. Ҳуҷраи №3 – Педиатрия ва неонатология. Ҳуҷраи №4 – Беморихои дарунӣ. Ҳуҷраи №5 – Тибби оилавӣ. Ҳуҷраи №6 – Ёрии таъҷилии табибӣ ва эҳёгарӣ. Ошъёнаи панҷуми Бинои нави таълимӣ: Ҳуҷраи №7 – Офталмология. Ҳуҷраи №8 – Оториноларингология. Ҳуҷраи №9 – Тибби профилактикӣ Ҳуҷраҳои №10,11,12 – Маводи ҷарроҳӣ, пешазамалиётӣ, амалиётхонаи ҷарроҳӣ Ҳуҷраи №13 – Травматология Ҳуҷраи №14 – Малакаҳои муоширатӣ Толори лексионӣ Ошъёнаи якуми Бино нави асосӣ: Ҳуҷраҳои симулятсионӣ Ҳуҷраи №16 – Ҳуҷраи муоинаи бемор Ҳуҷраи №17 Ҳуҷраи реаниматсияи дилу шушҳо Ҳуҷраи №18 – Ҳуҷраи муоина ва реаниматсияи кӯдакон Ҳуҷраи №19 – Ҳуҷраи ташхиси ултрасадо Ҳуҷраи №20 – Ҳуҷраи кӯмаки аввалияи тиббӣ Ҳуҷраҳои №21,22 – Ҳуҷраҳои пешазамалиётӣ ва ҷарроҳии эндоскопӣ Ҳуҷраи №23 – Ҳуҷраи доругузаронӣ Ҳуҷраи №24 – Ҳуҷраи муҳокима Ошъёнаи якуми МТИК «Стоматология»-и Донишгоҳ Ҳуҷраи №25 – Стоматология

Базаи клиникӣ ва кадрҳо


Марказ бо чунин кафедраҳои клиникии донишгоҳ хамкории фаъол менамояд: Акушерӣ ва гинекологӣ №1 ва №2, Анестезиология ва реаниматсия, Бемориҳои даруна №1, №2 ва №3, Бемориҳои кӯдакона №1 ва №2, Бемориҳои ҷарроҳӣ №1 ва №2. Оториноларингология. Офталмология, Стоматологияи муолиҷавӣ, Таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, Тибби оилавӣ №1 ва №2, Травматология, Урология, Ҷарроҳии умумӣ №1 ва №2. Ҳар як кафедраи номбурда базаи клиникӣ дорад. Бо ҳамаи онҳо Марказ ҳамкории фаъол дорад. Аз он ҷумла: Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Маркази саломатии шаҳрии №2 (собиқ Беморхонаи клиникии шаҳрии №5). Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи Дьяков

Корҳои таълимӣ


Малакаҳои амалӣ То имрӯз дар шароити МОС қариб 470 намуди малакаҳои касбӣ ва коммуникативӣ аз 10 ихтисоси клиникӣ донишҷӯён омӯхта карда метавонанд.
 * Акушерӣ и гинекология 68 малакаи амалӣ;
 * Анестезиология ва реанимация – 34 малакаи амалӣ;
 * Кори ҳамширагӣ – 35 малакаи амалӣ;
 * Оториноларингология – 21 малакаи амалӣ;
 * Офталмология – 10 малакаи амалӣ;
 * Педиатрия – 64 малакаи амалӣ;
 * Стоматология - 31 малакаи амалӣ 
 * Терапия –93 малакаи амалӣ;
 * Травматология – 13 малакаи амалӣ;
 * Ҷарроҳӣ – 95 малакаи амалӣ.
 * Муошират– 3 малакаи амалӣ. 
 Аз он ҳисоб 290 малака барои омӯхтани донишҷӯён ва 180 малака барои омӯхтани ординаторони клиникӣ ва интернон
 . Иштироқ дар қабули санҷишу имтиҳонот
 • Имтиҳонҳои шифоҳӣ барои донишҷӯёни курсҳои 3, 4, 5, 6-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ. 
• Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ ва барои донишҷӯёни курси 5-уми факултети стоматологӣ. 
• Аттестатсияи фосилавии ординаторони клиникӣ солҳои 1-ум ва 2-юми таҳсил.
 • Давраи якуми имтиҳони хатми давлатӣ (ИХД) (иҷроиши малакаҳои амалии касбӣ) барои ординаторони клиникӣ.
 • Имтиҳонҳои курси такмили ихтисос аз ташхиси ултрасадоӣ ва ҷарроҳии эндоскопӣ.
 Маҳфилҳои донишҷӯён:
 Дар ҳуҷраҳои Марказ иҷлосияҳои чунин маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯён бо нишон додани презентатсияи мавзугӣ, омӯзонидани малакаҳои касбӣ ва иҷроиши онҳо аз ҷониби иштирокчиён бо викторинаҳо гузаронида мешаванд: 
 1. «Маҳфили ҷарроҳони ҷавон ба номи Абуалӣ ибни сино» («Avicenna surgical club») 
 2. «Маҳфили донишҷӯён «Ёрии аввалия»» 
 3. «Маҳфили донишҷӯён «Муолиҷони ҷавон»»
 4. Маҳфили «мактаби стоматологон»
 5. Маҳфили навтаъсиси «Ёрии аввалия барои кӯдакон»»
 Корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва нашриётӣ:
 Аз ҷониби устодони Марказ матни алгоритмҳои 104 малакаи амалӣ бо ҷадвали баҳогузорӣ омода сохта шуданд. Даҳто он ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Ба ѓайр аз он 28 адад постер (2 ададаш аз чоп баромад), яъне дастурамал ба иҷроиши қадама ба қадам бо суратҳо омода карда шуд. Кор давом дорад. Устодони Марказ қариб даҳ адад дастурамали методӣ барои омӯхтани малакаҳои амалӣ дар соҳаи акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳия омода карданд. Бо мақсади оптимизатсияи таълими малакаҳои клиникӣ дар Марказ даҳ филми кӯтоҳмуддати таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ, бо иҷроиши қадам ба қадами малакаҳо ба навор гирифта таҳия шуданд. Бартариҳои омӯзиш дар Марказ:
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ аз бо технологияҳои муосири омӯзишӣ таҷҳизонидашуда аст. Дар МОМА зиёда аз 400 малакаҳои амалӣ аз 11 ихтисосҳои клиникӣ омӯхтан мумкин аст. Аз он ҷумла:
Акушерӣ ва гинекология
Анестезиология ва реаниматология
Бемориҳои дарун
Кори ҳамширагӣ
Одоби муошират бо мизоч
Оториноларингология
Офталмология
Педиатрия ва неонатология
Стоматология
Травматология
Ҷарроҳия
Дар Марказ Лабораторияи мултимедии анатомӣ бо иститфодабарии барномаи мултимедии «Атласи анатомияи одам» («Essential anatomy») воситаи 3D фаъолият менамояд. Дар он ҷо устодони кафедраи анатомия дарсҳои амалии худ барои донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юм ҳамаи факултетҳо мегузаронад.
Дар давоми сол дар Марказ чунин дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд:
барои донишҷӯёни курси 1-уми ҳамаи факултетҳо аз фанни Анатомияи одам;
барои донишҷӯёни курси 2-юмифакултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ аз фанҳои Анатомияи одам, Курси малакаҳои муоширатӣ;
бо донишҷӯёни курси 3-юмифакултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣаз фанҳои ТАБД, ТАБК, Ҷарроҳии умумӣ, Курси малакаҳои клиникӣ;
бо донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ аз фанҳои Акушерӣ ва гинекология, Анестезиология ва реаниматология, Бемориҳои дарунӣ, Бемориҳои кӯдакона, Офталмология, Оториноларингология, Стоматологияи муолиҷавӣ, Травматология, Ҷарроҳӣ;
бо донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дарсҳои машваратӣ аз фанҳои Акушерӣ ва гинекология, Анестезиология ва реаниматология, Бемориҳои дарунӣ, Бемориҳои кӯдакона, Ҷарроҳӣ;
бо ординаторҳои клиникии кафедраҳои акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои дарунӣ, ТАБД, бемориҳои кӯдакона, ТАБК, офталмология, оториноларингология, бемориҳои ҷарроҳӣ ва ҷарроҳии умумӣ дарсҳои машваратӣ ва дарсҳои худомӯзиш.
Ҳуҷраҳои таълимии Марказ дар ошёнаи сеюми бино ҷойгиршуда экранҳои телевизионӣ, проекторҳо ва тахтаҳои электронӣ доранд. Гузаронидани дарси амалӣ бо намоиши презентатсия ё филм ҳамроҳӣ мешавад. Дар филмотекаи МОМА филмҳои лексионӣ бо иштироки олимони машҳури Россия, филмҳои таълимӣ-амалию, филмҳои бадеӣ-тиббӣ ва видеороликҳо мавҷуд аст. Дар толори лексионӣ маводи таълимӣ аз чунин фанҳо нишон дода мешаванд: акушерӣ-гинекология, анестезиология ва реаниматология, ёрии таъҷилӣ, оториноларингология, педиатрия ва неонатология, терапия, травматология, тибби судӣ, ҷарроҳӣ, аз рӯи ҷадвал ва бо иштирок ва шархи мутахассисони Марказ ва устодони кафедраҳо нишон дода истодаем.
Ҳамарӯза аз соати 14:00 то 17:00 аз тарафи мутахассисони марказ, барои хоҳишмандон, барои аз худ кардани малакаҳои амалӣ дарсхои машваратӣ гузаронида мешавад.
Ҳар сол шумораи умумии устодон, ординаторони клиникӣ ва донишҷуёне, ки аз маркази мо истифода мебаранд, қариб 30 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Ҳамасола дар Марказ чунин санҷишу имтиҳонот гузаронида мешаванд:
санҷиши назариявӣ (ба таври имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии - OSCE) барои донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣпас аз гузаштани онҳо таҷрибаомӯзии истеҳсолии чормоҳа;
якум давраи имтиҳони ҳатми давлатӣ барои донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ ва бакалаврони курси 5-уми факеултети тиббӣ (ба таври имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии - OSCE);
якум давраи имтиҳони ҳатми давлатӣ барои донишҷӯёни курси 5 факултети стоматологӣ (аз малакҳои амалӣ);
якум давраи санҷиши назариявӣ аз малакҳои амалӣ барои донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ (аз малакҳои амалӣ);
якум давраи санҷиши назариявӣ аз малакҳои амалӣ барои донишҷӯёни курси 3-юми факултети педиатрӣ (аз малакҳои амалӣ);
якум давраи аввали имтиҳони ҳатми давлатии ординаторҳои кафедраҳои клиникӣ (аз малакҳои амалӣ).

Фонди моддии Марказ


Раёсати донишгоҳ Марказро ҳаматарафа дастёрӣ мекунад. Марказ бо манекенҳо, муляжҳо, тренажёрҳо ва таҷҳизоти таълимӣ истеҳсоли чунин ширкатҳо: «Geine», «Ka We», «3B Scientific Europe Kft" (Олмон); «Adam Rouilly», «Limbs@things», «Simulaids» (Британияи кабир); «Vitalograph» (Ирландия); «Kyoto Kagaku», «Sakamoto» (Japan); «Laerdal» (Норвегия); «Cardionics», «Gaumard Scientific Co. Inc.», «Michael S Gordon Inc», «Nasco» (ИМА); «Legrand», «Shanghai Honglian Medical Instrument, Development, Co., Ltd.» (Чин) ва ғайраҳо. Вақтҳои оҳир, бинобар дарёфт кардани таҷриба барои харидани симуляторҳои технологию мулоҳизакорӣ баланд кӯшиш ба харҷ карда истодаем. Аз он ҷумла симуляторҳои ширкатҳои «Michael S Gordon Inc» (USA), «Gaumard Scientific Co. Inc.», «Shanghai Honglian Medical Instrument Development, Co., Ltd.» (Чин). «Eidos medicine» (Казон, Тоторстон, ФР) дар Марказ мавҷуданд.
Мувофиқи инвентаризацияи оҳирон фонди модии МОМА аз чунон иборат мебошад:
Маводи таълимӣ – 54 намуд. манекену муляжу тренажёр 397 адад.
Таҷҳизоти таълимӣ - 16 намуд таҷҳизоти 73 адад.
Лавозимоти зарурии онҳо :
Қисмҳои иловагӣ - 34 намуд 299 адад мебошанд.
Қисмҳои эҳтиётӣ - 31 намуд 918 адад мебошанд.
Қисмҳои хараҷотӣ - 20 намуд 415 адад.
Маводи хараҷотӣ - 12 намуд 2625 адад.
Асбобҳои тиббӣ - 54 намуд. 797 адад ба қайд гирифта шуд.
Таҷҳизоти компиютерӣ - 8 намуд 26 адад
Манекенҳо, муляжҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва компютерӣ маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолкунандагони пешбарандаи ҷаҳон - "Geine", "3B Scientific Europe Kft" (Germany); "Adam Rouilly", "Limbs@things" (Great Britain); "Kyoto Kagaku", "Sakamoto" (Japan); "Laerdal" (Norway); "Cardionics", "Gaumard Scientific Co. Inc.", "Michael S Gordon Inc", "Nasco" (USA); "Legrand" (China) мебошанд.
Маблағи умумии таҷҳизоти таълимӣ молу амволи арзишдор дар МОМА зиёда аз 4 миллион сомонӣ мебошад.

Корҳои илмию тадқиқотӣ ва нашриётӣ:


Аз тарафи корманди МОМА, профессор Воҳидов А.В. дастурамали методӣ бо номи «Эҳёгарии бемориҳои дилу шуш ва мағзи сар» таълиф ва нашр шуд. Дастурамалҳои методӣ аз акушерӣ ва гинекология, бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳия омода сохта истодаанд.
Барои ҳар малакаҳои амалӣ аз тарафи кормандони МОМА то имрӯз 49 алгоритми иҷрошавӣ сохта шудаанд.
Постерҳо,яъне дастурамали қадам ба қадам бо суратҳо, ташкил шуда истодааст. Аз он ҷумла постерҳои фанҳои оториноларингологиява офталмология аз чоп баромада дар омӯиши донишҷӯён истифода бурда мешаванд.
Бо мақсадиоптимизатсияитаълимималакаҳоиклиникӣдарМОМА даҳ филми кӯтоҳмуддати таълимӣ бо иҷроиши қадам ба қадами малакаҳо ба навор гирифта таҳия шуданд.Дар нақша банаворгирии боз понздаҳ филми кӯтоҳмуддати таълимӣ.
Бартариҳои омӯзиш дар МОМА:
1. Омӯзиши реалии бе хавф барои бемор.
2. Давомнокии раванди таълим маҳдуд нест.
3. Шумораи такрор намудани малакаҳо маҳдуд нест, аз кор дар клиника вобастагӣ надорад.
4. Азхудкунии намудҳои нодири амалиётҳои тиббӣ.
5. Бе ҳаяҷон дар назди бемор барои донишҷӯ.
6. Баҳодиҳии шаффоф ба амалҳои донишҷӯ риоя карда мешавад.

Корҳои тарбиявӣ


Дар ҳамаи чораҳои фарҳангиву тарбиявии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Марказ фаъолона иштироқ менамояд.
Ба ғайр аз он дар толори лексионии Марказ ҳармоҳа машғулиятҳои маҳфили донишҷӯён «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тибб» гузаронида мешаванд бо иштироқи устодони ДДТТ.

Корҳои илмию тадқиқотӣ ва нашриётӣ:


Ҳангоми пайдошавии таҷрибаи омӯзиш дар солҳои аввали фаъолият дар Марказ корҳои илмию тадқиқотӣ афзоиш ёфта истодаанд. Дарнақша маколаи илмӣ дар маҷаллаи «Вестник авиценны» (ба забони русӣ) ва се адад маколаи дар маҷаллаи «Авҷи зуҳал» (ба забони тоҷикӣ) аз ҷониби мутахассисони Марказ навишта шуда бояд чоп карда шаванд.
Дар Марказ семинарҳо тренингҳо ва мастер-классҳо барои устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба омӯзонидани малакаҳои клиникӣ ба донишҷӯён бо истифодабарии технологияҳои симулятсионӣ, оид ба тарзи гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, дар хусус ба тавре OSCE, системаи баҳодиҳии ITER, оид ба рушди малакаҳои муоширатӣ, усулҳои муосири таълим. баланд кардани сатҳи омӯзиш ва дигар масъалаҳо доир мегардад. Дар кори семинарҳо тренингҳо ва мастер-классҳо ҳамчун мураббиён олимони забардасти ДДТТ ва мутахассисони тибб аз донишгоҳҳои пешрафти хориҷӣ аз Канада, Швейтсария, ИМА иштироқ мекунанд.
Марказ бо чунин муассисаҳо тиббии ҷумҳурӣ ҳамкории самаранок менамоя: МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (КТҶ ҶТ)» ва МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ш. Кӯлоб (КТҶ ш. Кӯлоб)», МДТ «Донишкадаи таҳсили баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Робитаҳои байналмилалӣ:


Бо «Ҷамияти Россия оид ба таълими симмулятсионӣ дар тибб РОСОМЕД», ширкати «Eidos medicine» (Казон, Тоторстон, ФР) ҳамкориҳо рушд ёфта истодаанд. Ҳамасола 30-40 ҳайяти делегатсияҳои меҳмонони хориҷӣ аз давлатҳои Аврупо ва Осиё, ташкилотҳои байналмилалӣ, ба таври USAID, Бонки ҷаҳонӣва ғайраҳо, аз Марказ дидан мекуннд.

Фонди моддии марказ


Раёсати донишгоҳ Марказро ҳаматарафа дастёрӣ мекунад. Марказ бо манекенҳо, муляжҳо, тренажёрҳо ва таҷҳизоти таълимӣ истеҳсоли чунин ширкатҳо: «Geine», «Ka We», «3B Scientific Europe Kft" (Олмон); «Adam Rouilly», «Limbs@things», «Simulaids» (Британияи кабир); «Vitalograph» (Ирландия); «Kyoto Kagaku», «Sakamoto» (Japan); «Laerdal» (Норвегия); «Cardionics», «Gaumard Scientific Co. Inc.», «Michael S Gordon Inc», «Nasco» (ИМА); «Legrand», «Shanghai Honglian Medical Instrument, Development, Co., Ltd.» (Чин) ва ғайраҳо. Вақтҳои оҳир, бинобар дарёфт кардани таҷриба барои харидани симуляторҳои технологию мулоҳизакорӣ баланд кӯшиш ба харҷ карда истодаем. Аз он ҷумла симуляторҳои ширкатҳои «Michael S Gordon Inc» (USA), «Gaumard Scientific Co. Inc.», «Shanghai Honglian Medical Instrument Development, Co., Ltd.» (Чин). «Eidos medicine» (Казон, Тоторстон, ФР) дар Марказ мавҷуданд.

Тамос


Суроға: 734026, ш..Душанбе, хиёбони Сино, 30/1.
E-mail: moma@tajmedun.tj
Директори марказ: Усмонов Ҷамшед Неъматуллоевич

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо



C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php