Падидаи ҷаҳонишавӣ ва мақоми забони давлатӣ

Рӯзи 9-уми апрели соли 2021 як гӯрӯҳ донишҷӯёни дохилию хориҷӣ ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои Телевизиони якуми ҷумҳурӣ оид ба “Мақоми забони тоҷикӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ” пас аз тамрини пешакӣ таҳти назари мудири шуъбаи табъу нашр С.А. Таййибов ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Н. Зуҳурӣ матни суханронию шеърҳои ҳифзкардаашонро сабт намуданд. Аз ҷумла, Меҳа Гоял (курси I, гурӯҳи 2 бакалаврҳо), Вишал Шарма (курси III, гурӯҳи 15 бакалаврҳо, Ҳиндустон), Муҳаммад Раҳил (курси IV, гурӯҳи 11 бакалаврҳо, Ҳиндустон), Адития Шрина Шарма (курси III, гурӯҳи 14 бакалаврҳо, Ҳиндустон), Сайидҷаъфар Сайидгулҳасан (курси I, гурӯҳи 61 тиббӣ, Афғонистон), Муҳаммадисҳоқ Назарӣ (курси IV, гурӯҳи 1 педиатрӣ, Афғонистон), Маҳфузулло Азимӣ (курси V, гурӯҳи 1 педиатрӣ, Афғонистон), Абдуллажанов Сардор (курси I, гурӯҳи 50 тиббӣ, Қирғизистон), Мӯсозода Сабрина (курси II, гурӯҳи 64 тиббӣ, Канада), Яъқубов Беҳзод (курси I, гурӯҳи 35 тиббӣ, Ӯзбакистон) дар атрофи мавзӯи мазкур бо ҳарорат сухан ронданд.

Ҳарчанд дар суханронии баъзе шогирдон як навъ лакнат ба гӯш расида бошад ҳам, вале аз забони онҳо порчаҳои шеърии пурнамаке дар ситоиши забони ноби тоҷикӣ тақрибан бекаму кост садо дод. Як сабаби ба иштибоҳ роҳ додани шогирдон дар он буд, ки онҳо ба ин кор ба таври таъҷилӣ сафарбар шуда, фурсати нокифояе барои машқу тамрин дар ихтиёр доштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки муаллимони калони кафедра М. Шодиматова, Г. Суфиева ва Н. Зуҳурӣ бевосита ба ин кор масъул буданд.

 Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ  -  Н. Зуҳурӣ

                                                                                                                                                                                                   

09.04.2021     366

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php