ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!

Рӯзи 20-уми апрели соли 2021 дар толори “Сино” ҷаласаи бошукӯҳе ба пешгоҳи 110-солагии Мирзо Турсунзода баргузор гашт, ки онро бо сухани муқаддамотӣ проректори бахши таълим, профессор Ибодзода С.Т. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар ҷараёни нишасти мазкур академик К. Олимов - раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон, Ш. Солеҳов - мудири кафедраи назария ва амалияи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, М. Қурбонов – дотсент аз донишгоҳи мазкур З. Расулзода - шоира, М. Исоева - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши санъат, узви Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ҳиндустон, М. Шарифова – муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Такяи каломи академик К. Олимов бештар бар рӯйи шуҳрату ҷойгоҳи ҷаҳонии шоири шаҳир буда, бо истинод ба як фармудаи академики марҳум М. Осимӣ иброз дошт, ки дар баъзе кишварҳо мардум номи Тоҷикистонро аслан намедонистанд, вале аз корномаи адабии шоири хушиқбол воқиф буданд. Бино ба қавли ӯ, Мирзо Турсунзода натанҳо шоир, балки донишманд ҳам ба ҳисоб мерафт ва беҳуда ба ӯ унвони академикиро арзонӣ надошта буданд. Адабиётшинос Ш. Солеҳов бештар перомуни мазмуну муҳтавои осори адабии шоири бетимсоли мо ҳарф зада, аҳамияти асарҳои мазкурро барои ҷавонони имрӯза гӯшзад намуд. Ҳунарманди чирадасти театр М. Исоева хотироти худро аз суҳбатҳояш бо суханвари нотакрори қарни XX тоҷик ба хотир оварда, аз бобати шуҳрати ҷаҳонии устод Турсунзода, чеҳраи инсонию ҳунарӣ ва мақоми ҷаҳонии ӯ ҳамчун адиб нуктаҳоеро зикр намуд ва лаҳзаҳои ҷолиберо ба ҳозирон ёдрас кард. Зимнан мавсуф таъкид бар он дошт, ки дар донишгоҳи куҳантарини тиббии мо ба мавзӯи забономӯзӣ ва такомули маънавии донишҷӯёни ҳиндӣ ҳамвора ѓамхорӣ зоҳир мегардад. Баъдан шоира З. Расулзода шеърҳои худро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ қироат намуд.

Лакше Шарма - бакалаври курси I, гурӯҳи 2 зимни гузорише зери номи “Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон” (таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забогни тоҷикӣ Зуҳурӣ Н.) асосан бар рӯйи мазмуну мундариҷаи шеърҳои ҳиндустонии шоири озодамашраб таваҷҷуҳ зоҳир сохт.

Донишҷӯёни дигари ҳиндустонӣ, аз қабили Неҳа Шарма ва Приянка Вешноу (курси I, гурӯҳи 2 бакалаврҳо), Адил Хан, Чандре Пракаш ва Дипеш Свами (курси I, гурӯҳи 5 бакалаврҳо), Яш Читора (курси I, гурӯҳи 4 бакалаврҳо), Эмима Анна Паулюс (курси I, гурӯҳи 10 бакалаврҳо) порчаҳои марѓуберо бештар аз силсилаи шеърҳои ҳиндустонӣ ва қисман ба иртиботи Шарқи хориҷӣ бо лаҳни шево замзама намуданд. Донишҷӯйи афѓонистонӣ Сайидгулҳасани Сайидҷаъфар (курси I, гурӯҳи 61 тиббӣ) як порча ихвонияи шоири даризабон Пойизи Ҳанифиро оид ба чеҳраи адабию ҳунарии устод Турсунзода хеле самимона гӯшгузори аҳли маҳфил кард. Афзун бар ин, як гурӯҳ донишҷӯёни ватанӣ, ба шумули М. Сулаймонова (курси I, гурӯҳи 4 фарматсевтӣ), Ш. Кенҷаева ва Б. Рауфова (курси I, гурӯҳи 37 тиббӣ), Б. Худойназарова (курси I, гурӯҳи 17 тиббӣ), Ҷ. Шерзода (курси I, гурӯҳи 9 тиббӣ), З. Ятимова (курси I, гурӯҳи 10 тиббӣ), М. Равшанзода ва Ф. Деҳқонова (курси I, гурӯҳи 34 тиббӣ), М. Халилова ва А. Сафаров (курси I, гурӯҳи 51 тиббӣ), М. Нозимова (курси I, гурӯҳи 2 тиббӣ), А. Азиззода ва Т. Меликова (курси I, гурӯҳи 23 тиббӣ), Н Сайдалӣ (курси I, гурӯҳи 44 тиббӣ) чакомаҳои хушоҳангеро аз осори шакарбори устоди равоншод бо шавқу шӯр манзури ҳозирон гардонданд.

“Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳу дӯстӣ” матни суханроние буд, ки аз забони мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор О.Ҳ. Қосимов садо дод. Ӯ бо истифода аз ин фурсати муносиб маротиби сипоси раёсати донишгоҳро дар баробари меҳмонони гаронмоя баён дошта, ѓолибони иншо (аз миёни 186 адад) перомуни фаъолияти адабии М. Турсунзода, ҳамчунин номи муаллифони комёби гузоришу ровиёни беҳтарини нишасти мазкурро ба забон овард, ки бояд ба ҳангоми таҷлил аз Рӯзи ҷавонон қадрдонӣ шаванд. Дар заминаи баррасиҳо дар кафедраи забони тоҷикӣ дар озмуни иншонависӣ М. Сулаймонова (курси I, гурӯҳи 4, ф. фарматсевтӣ, роҳбар—Г.А. Суфиева) ва М. Зиёзода (курси I, гурӯҳи 7, ф. тиббӣ, роҳбар —М.Ҷ. Калонова) ҷойҳои якуму дуюмро бо ҳам дида, ду ҷойи сеюм ба Ҷ. Шерзода (курси I, гурӯҳи 9, ф. тиббӣ, роҳбар —Б. Н.Маҷидова) ва Г. Раҳмонова (курси I, гурӯҳи 55, ф. тиббӣ, роҳбар — дотсент А.И. Юсуфов) муносиб дониста шуд. Гузоришгарони беҳтарин аз миёни шогирдони ватанӣ (дар маҷмӯъ 112 донишҷӯ) перомуни осору аҳволи шоири шаҳир мутаносибан инҳо буданд: 1) Б. Рауфова (курси I, гурӯҳи 37, ф. тиббӣ); 2) Б. Худойназарова (курси I, гурӯҳи 17, ф. тиббӣ); 3) М. Азимова (курси I, гурӯҳи 2, ф. тиббӣ).

Аз миёни шогирдони хориҷӣ гузориши Лакше Шарма (курси I, гурӯҳи 2, бакалаврҳо) беҳтарин дониста шуда, Приянка Вешноу (курси I, гурӯҳи 2, бакалаврҳо) ва Эмима Анна Паулюс (курси I, гурӯҳи 10, бакалаврҳо) ҳамчун ровиёни мумтоз ба ҳисоб омаданд.

Бояд афзуд, ки ҳамаи гузоришҳои илмии шогирдон ба навбати аввал дар ҷараёни кори маҳфили илмии “Авҷи Зуҳал” (масъулаш муаллимаи калон Г.А. Суфиева) баррасӣ мегарданд.

Инчунин гузориши Муҳаммад Раҳил - бакалаври курси IV, гурӯҳи 11 (роҳбари илмияш муаллими калон Н. Зуҳурӣ) ба конфронси АМИТ пешниҳод карда шуд, ки рӯзи 30/04/2021 баргузор хоҳад гашт.      

Лозим ба ёдоварист, ки масъулияти роҳбарӣ ба шогирдони ватанӣ дар бахши ривояти шеър ва дарҷи 5 гузориш аслан ба дӯши муаллимаи калони кафедра Г. Суфиева, вале омодасозии шогирдони хориҷӣ (8 ровӣ ва 1 гузоришгар) бевосита ба уҳдаи муаллими калон Н. Зуҳурӣ вогузор гашта буд, ки тамрини ниҳоии ровиён бевосита таҳти назари профессор О.Ҳ. Қосимов аз қавл ба амал омад. Бо ин ҳол дар роҳандозии конфронс устодони кафедра—М.К. Шодиматова, М.Ҷ. Калонова, Б.М. Саидова, Б. Маҷидова, Раҳимов Т.Ф. қисман саҳм гирифтанд.

Бо баробари поён ёфтани кори конфронс таҳти роҳбарии Э. Файзов - корманди Хадамоти ректор, инчунин муаллимони кафедраи забони тоҷикӣ Г.А. Суфиева, Б. Маҷидова, Н. Зуҳурӣ бо ҷамъи бузурге аз донишҷӯёни дохилию хориҷӣ аз осорхонаи устод Мирзо Турсузода диду боздид намуданд.

Зикри ин нуктаро аз ҷумлаи воҷибот медонем, ки ташаббускори асосии баргузории конфронс кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи физиологияи нормалӣ ба шумор омада, Хадамоти ректор, Муовинати тарбия, профессор Ф.А. Шукуров, муовинати факултаҳои фарматсевтӣ (Ф. Талбов) ва тиббӣ (А. Ҷабборов) аз мусоидату ёриҳои бамавриди хеш дареѓ наварзиданд.

Лаҳни довудии ҳунармандони ансамбли “Шифо” ва навои гӯшнавози тоҷикӣ бар ҳусни маҳфил таровати тозае афзуд.

Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ  -  Н. Зуҳурӣ

22.04.2021     519

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php