Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2019-2020


I. Муқаррароти умумӣ


Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳия шудааст.

II. Тартиби умумии қабули донишҷӯён


2.1. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.
2.2. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабақаи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, баъди гузаштан аз озмун ва пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.
2.3. Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
2.4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.
2.5.Қабули довталабони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун гузашта дар муҳлати муқарраршуда дар комиссияи қабули донишгоҳ амалӣ мегардад.
2.6. Таҳсил дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст, дар факултетҳои тиббӣ педиатрӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 6 сол ва дар факултетҳои стоматологӣ ва фарматсевтӣ 5 сол -мебошад.
• руковоство организационных работ для планирования и реализации НИР в университете;
3. Реализация научных работ:

III. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба донишгоҳ фиристода шудаанд


3.1. Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод намоянд:
• ариза ба номи ректор;
• ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
• маълумотномаи тиббӣ;
• 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
• шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
•билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
• ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, тавсияномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои химия ва ё биология.
3.2. Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
3.3. Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.

Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ


5.1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи ҶТ ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
5.2. Ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории сӯҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат ва пардохти маблағи таҳсил ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.

Таваҷҷуҳ!!!

Ба таваҷҷуҳи тамоми донишҷӯёни курси 1-уме, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино» роҳхат гирифтаанд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо ба Комиссияи қабул барои муайян намудани гепатит ва ВНМО аз беморхонаи Медгородок «Проф-центр»  ошёнаи 4, духтур Рузиева Сарвиноз ҳатмӣ мебошад.

Эзоҳ: Риояи сару либоси донишҷӯӣ ҳангоми супоридани ҳуҷҷат ба комиссия ҳатмӣ мебошад.