Эразмус + (Erasmus+) барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) доир ба маориф, тайёр кардани кадрҳо, ҷавонон ва варзиш дар давраи солҳои 2014-2020 ба шумор меравад. Дар асос барномаи Эразмус + (Erasmus+) барои тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи макотиби олӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон дар доираи барнома ду самти коркард гардидаст:
1. Key Action 1 (KA 1: Learning Mobility of Individuals) – Мубодилаи академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон;
2. Key Action 2 (KA 2: Capacity building in the fields of Higher Education) – Тақвият додани иқтидори макотиби олӣ.
Барномаи Эрасмус+ аз ҷониби Комиссияи Аврупоӣ маблағгзорӣ карда мешавад. Маблағи ҷудогардида дар байни донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ, муаллимон ва донишҷӯён тақсим мешаванд. Барнома дар мадди аввал барои ба имзо расонидани созишномаи шарикии байни донишгоҳҳои Аврупо ва дигар минтақаҳо равона гардида аз лиҳоз бештари маблағгузорӣ дар самти мактабҳои олӣ равона карда мешаванд. Барномаи бурсиявии Эрасмус+ бевосита дар асоси шартномаҳои байни 2-3 муассисаи таълимӣ муайян карда шудааст.
Татбиқи барномаи Эрасмус+ аз ҷониби Агентии иҷроияи маориф, фарҳанг ва асбоби аудиовизуалӣ (EACEA – Education, Audiovisual and Culture Executive Agency) дар Брюссел амалӣ карда мешавад.
Дар кишварҳои шарики лоиҳа, аз ҷумла Тоҷикистон барномаи мазкур аз ҷониби Идораи миллии Эрасмус + (Erasmus Plus) ҳамоҳанг карда мешавад.
Key Action 1 (KA 1):
Қисмати якум доир ба мубодилаи академӣ барои донишҷӯён, интернаҳо, ординаторон,магистрон, ва PhD доктарантон бо мақсади таҳсил бо эътирофи пурраи кредитҳо, таҳия гардидааст. Давомнокии иштирок дар барнома метавонад аз 3 то 12 моҳро фаро гирифта бошад. Барои иштирок кунандагони барнома дар риштаи тибб давомнокӣ метавонад то 24 моҳ давом ёбад;
Ба роҳ мондани мубодилаи академӣ ҷиҳати таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз кишварҳои шарик (Тоҷикистон) – таҷрибаомӯзӣ дар ҷойҳои корӣ дар кишварҳои лоиҳа (кишварҳои Аврупо) давомнокии барнома аз 2 моҳ то 12 моҳ мебошад;
Мубодилаи академии муаллимон аз 5 то 60 рӯз;
Мушкилотҳо ҷиҳати иштироки донишҷӯён дар барномаи мубодилаи академӣ:
мавҷуд набудани шартномаҳои дуҷониба бо донишгоҳҳои кишварҳои лоиҳа (ин донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, ки донишгоҳи шарик дар Осиёи Марказӣро интихоб мекунад);;
интихоби донишҷӯён (магистрон ё ин ки танҳо донишҷӯёни курси 5 курс ё ин ки донишҷӯёни курси 4, ё танҳо муаллимон, ) аз ҷониби донишгоҳҳои қабулкунандаи кишварҳои лоиҳа;
паст будани натиҷаи GPA дар донишгоҳҳои таҳсилкунанда;
мавҷуд набудани корҳои илмии донишҷӯ метавонад яке аз монеъаҳои асосӣ дар давоми озмун гардад;
нодуруст тартиб додани мактуби ҳавасмандӣ;
мавҷуд набудани дониши кофии забони хориҷӣ – забони англисии академӣ, ки дар сатҳи B2 (TOEFLiBTmin 72, IELTSmin 5.5) бояд бошад;
бо дарназардошти он, ки дар донишгоҳҳои аврупоӣ, тибб дар сатҳи то дипломи дар асоси системаи таълимии проблемавӣ омӯзонида мешавад, аз ин лиҳоз дар озмун танҳо донишҷӯёни курсҳои болоӣ яъне курсҳои 4-ум ва 5-уме, ки дарсҳои сиклӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Key Action 2 (KA 2):
  • Сохторӣ лоиҳаҳо (Structural Project) – ки ба таъсироти системавӣ ва пешбурди ислоҳот дар сатҳи миллӣ ва ё минтақавӣ бо дастгирии мақомотҳои иҷроияи давлатӣ дар мамлакатҳои шарик равона шудаанд:
    • такмил додани сиёсати давлатӣ, идоракунӣ ва менеҷменти системаи таҳсилоти олӣ;
    • тақвияти додани муносибатҳои байни системаҳои таҳсилоти олӣ ва муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.
  • Лоиҳаҳои муштарак (Joint Project) - ки ба ҳамкории байни институтсионалӣ дар сатҳи донишгоҳҳо равона карда шудааст:
    • коркард ва рушди барномаҳои таълимӣ;
    • идоракуни ва менеҷмент дар донишгоҳҳо;
    • таҳкими робитаҳои донишгоҳ бо муҳити иқтисодӣ ва иҷтимоии беруна.
Давомнокии лоиҳаҳо –аз 24 то 36 моҳро ташкил медиҳад. Маблағи грантҳо – 500 ҳаз.-1 млн. Евро мебошад.
Дар озмун консорсиуми донишгоҳҳо иштирок мекунанд: аз кишварҳои лоиҳа, на камтар аз 2 донишгоҳ ва инчунин аз кишварҳои шарики лоиҳа на камтар аз 2 донишгоҳ. Дар лоиҳаҳои сохторӣ, ҳамчунин вазорати дахлдори донишгоҳ ва вазорати маориф низ иштирок мекунанд.
Лоиҳаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи барномаи Эрасмус +
Key Action 1
Year
European partners
Country
ATSMU participants
staff students
2014-2016 Università Degli Studi di Padova
University of Padua
Italy 5
2016-2018 Lietuvos Sveikatos Mokslų Universitetas
Lithuanian University of Health Science
Lithuania 1
2017-2019 Birmingham City University UK 2
2017-2019 Lietuvos Sveikatos Mokslų Universitetas
Lithuanian University of Health Science
Lithuania 2
2017-2019 Università Degli Studi Di Milano
University of Milan
Italy 10
Key Action 2
Years
Title
Reference number
European partners
Country
2012-2015 Central Asian Network for Education,
Research and Innovation in
Environmental Health – CANERIEH
530634-TEMPUS-1-2012-
1-KG-TEMPUS-JPHES
University of Milan
University of Tartu
University of Gothenburg
Italy
Estonia
Sweden
2012-2016 Towards a Central
Asian Higher
Education Area:
Tuning Structures
and Building Quality
Culture – TuCAHEAe
530786-TEMPUS-1-2012-
1-NL-TEMPUS-SMHES
University of Groningen
University of Pisa
Ghent University
University of Deusto
Linköping University
University of Ljubljana
University of Milan
Uppsala University
Netherlands
Italy
Belgium
Spain
Sweden
Slovenia
Italy
Sweden
2013-2016 Foreign Languages
Education for Professional
Purposes – FLEPP
544293-TEMPUS-1-2013-
1-AZ-TEMPUS-JPCR
Tallinn University
“Gabriele d’Annunzio” University
Freiburg University of Education
University of Glasgow
University of Essex
Estonia
Italy
Germany
UK
UK
2013-2016 Modernization of
Higher Education
in the Area of Food
Quality and Safety
in Tajikistan – MFQSE
544529-TEMPUS-1-2013-
1-LV-TEMPUS-JPCR
Latvia University of Life
Sciences and Technologies
Slovak University
of Agriculture in Nitra
Lithuanian University
of Health Science<
Latvia
Slovakia
Lithuania
2016-2019 Cooperation for Innovation
and the Exchange of
Good Practices – TUTORIAL
573640-EPP-1-2016-
1-IT-EPPKA2-CBHE-JP
University of Milan
Stichting Learning and
Development of Occupational Health
Technical University of Berlin
ECM space technologies GMBH
Italy
Netherlands
Germany
Germany
2019-2021 Improvement of Children
Care Teaching as
a Template for Modernizing
Postgraduate Medical
Education in Central
Asia – CHILDCA
598399-EPP-1-2018-
1-IT-EPPKA2-CBHE-JP
University of Pavia
University of Ulm
Jagiellonian University
Italy
Germany
Poland