Дарси маънавият

Дарси тарбиявӣ ҷузъи ҷудонашавандаи қисми таълим дар ҳар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар тарбияи насли наврас саҳми муассисаҳои таълимӣ ва дарсҳои тарбиявӣ нақши назаррасе доранд.

Ҳар кафедра дар асоси барномаи умумии тарбиявии донишгоҳ барномаи тарбиявии кафедраро ба роҳ мемонад. Кафедраи забони тоҷикӣ низ дар баробари фаъолияти таълимӣ корҳои тарбиявиро хуб ба роҳ монда, ҳар як чорабинии мавзӯиву ғайримавзӯиро бо ҳисси масъулият анҷом медиҳад. Кафедра дар заминаи барномаҳои тарбиявӣ, таълимӣ-фарҳангӣ, чорабиниҳои сиёсиву маданӣ ҳар ҳафта чорибиниҳои дохиликафедравиро доир менамояд.

Имсол дар доираи амру фармонҳои Ҳукумати кишвар доир ба 110-солагии шоири ширинкалом, Қаҳрамони ҶТ, чеҳраи сиёсии асри гузаштаи тоҷик, фазилатгустар Мирзо Турсунзода як қатор чорабиниҳо татбиқ шуданд.

Устоди кафедра Раҳимов Т.Ф. бо ҳамроҳии гурӯҳҳои куратории худ – гурӯҳи 21-и факултети тиббӣ ва 2-и факултети педиатрӣ санаи 29.04.2021 ба осорхонаи Мирзо Турсунзода рафта, аз таърихи осору аҳвол ва зиндагиномаи ин абармарди бахши сиёсат, адаб ва фарҳанги муосир шинос шуданд.

Хушбахтона, дидори мо аз осорхона ба конференсияи илмӣ-амалие рост омад, ки Кумитаи Сулҳ ва ризоияти Тоҷикистон перомуни мавзӯи «Мавқеи зан дар осори Турсунзода» ташкил намудааст. Донишҷӯён дар конференсия ширкат намуда, бо чеҳраҳои шинохтаи ҳунару адабиёти тоҷик, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов, Саидқул Билолов, Марям Исоева, шоира З. Расулзода ва дигарон аз наздик шинос шуда, дар фарҷоми конфронс бо онҳо расмҳои хотиравӣ гирифтанд.

Пас аз гусели меҳмонон донишҷӯён бо осор ва зиндагиномаи шоир, инчунин бо дӯстони шоир, шахсиятҳои сиёсиву фарҳангие, ки шоир бо онҳо робитаи дӯстона дошта, дар хонаи худ бо онҳо сари як пиёла чой суҳбат меорост, шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар ин лаҳзаҳо хурсандии донишҷӯён, ки бархе аз онҳо бори аввал ба остонаи осорхона қадам монда, бо меҳмонони олиқадр аз наздик шинос шуданд, ҳадду канор надошт. Онҳо бо шавқи беандоза ба туҳфаҳое, ки Турсунзода аз дӯстони хориҷии худ гирифта буд, китобҳое, ки муаллифонашон бо соядаст ба устод ҳадя кардаанд, ба сафарҳои хориҷии адиби фазилатгустар, ба аҳли хонавода ва дӯстони ӯ – адибони тоҷик бо ҳавас менигаристанд.

Зимни баррасии соате, ки дар осорхона сипарӣ гардид, инчунин таассуроти бардошта аз конфронс ва осори устод Турсунзода, донишҷӯён ақидаи худро баён карда, аз кормандони осорхона барои истиқболи самимӣ, устодони кафедра барои дуруст ба роҳ мондани соатҳои тарбиявӣ ва аз роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирӣ кардан аз барномаи тарбиявии кафедра изҳори ризоят намуданд.  

Т.Раҳимов - устоди кафедраи забони тоҷикӣ


29.04.2021     444

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php