Ҳафтаи пойтахт ва саҳми кафедраи забони тоҷикӣ

Рӯзи 13-уми апрели соли 2021 як гӯрӯҳ донишҷӯёни дохилию хориҷӣ ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои Телевизиони “Сафина” дар партави файсалаи Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ба хотири “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон шудани боғшаҳри мо саҳм гирифтанд. Аввал донишҷӯён Реви Говинд (курси I, гурӯҳи 9 бакалаврҳо, Ҳиндустон), Гифти Селвераҷ (курси III, гурӯҳи 11 бакалаврҳо, Ҳиндустон) ва Тенси Мини Салҷой (курси III, гурӯҳи 11 бакалаврҳо, Ҳиндустон) сурудҳои тоҷикиро бо шавқи тамом адо намуданд. Сипас донишҷӯён Муҳаммад Раҳил (курси IV, гурӯҳи 11 бакалаврҳо, Ҳиндустон), Мӯсозода Сабрина (курси II, гурӯҳи 64 тиббӣ, Канада), Ҷавод Каримӣ (курси VI, гурӯҳи 63 тиббӣ, Афғонистон), Сайидҷаъфар Сайидгулҳасан (курси I, гурӯҳи 61 тиббӣ, Афғонистон), Асғарӣ Бахтёр (курси III, гурӯҳи 1 педиатрӣ, Афғонистон), Абдуллажанов Сардор (курси I, гурӯҳи 50 тиббӣ, Қирғизистон), Умирдинов Шаҳбоз (курси IV, гурӯҳи 55 тиббӣ, Қазоқистон), Ҳасанов Диёр (курси II, гурӯҳи 37 тиббӣ, Қирғизистон), Сайфуллоева Кимиё (курси II, гурӯҳи 35 тиббӣ, Тоҷикистон), Исмоилзода Мавлоно (курси II, гурӯҳи 4 тиббӣ, Тоҷикистон) ва Ваҳҳобов Манучеҳр (курси III, гурӯҳи 34 тиббӣ, Тоҷикистон) фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Аз кормандони кафедраи забони тоҷикӣ профессор О.Ҳ Қосимов ва муаллими калон Н. Зуҳурӣ низ ба ин иртибот изҳори андеша намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки муаллимони калони кафедра М.Шодиматова, Г. Суфиева ва Н.Зуҳурӣ дар кори омода намудани шогирдон қисман саҳм гирифтанд.

 Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ  -  Н. Зуҳурӣ

                                                                                                                                                                                                    

01.05.2021     378

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php