Дастовардҳои кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст.»

Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 24-уми ноябри соли 2020, дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чорабинии васеъ бо иштироки афсар-омӯзгорон, донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳои аз 1 то 11 бо садо додани суруди миллӣ ва риояи масофаи иҷтимои гузаронида шуд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16.11 соли 2020 дар кафердаи тиббӣ-ҳарбӣ бо иштироки деканати тиббӣ-профилактикӣ бахшида ба Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо садо додан ва сурудани Суруди миллӣ гузаронида шуд

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 05.11 соли 2020 дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чорабинии идона бахшида 26-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудани суруди миллӣ гузарони шуд

Машғулятҳои сафорои дар давраи пандемия COVID-19 дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ ДДТТ

Машғулятҳои сафорои, тактикӣ ва тайёрии оташфишони дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар давраи пандемия COVID-19 мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №585 аз 04.08.2020с., Супоришномаи №1 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои Ректори донишгоҳ ва Қароҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст

«Воситаҳои муҳофизати фардии узвҳои нафаскаши ва пӯст»

Санаи 19.12.с.2019 дар кафедраи тибби ҳарбии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 61-68 дарси кушод дар мавзӯи «Воситаҳои муҳофизати фардии узвҳои нафаскаши ва пӯст» гузаронида шуд.

Мавзӯи стратегияи милли муқовимат бо амалҳои террористӣ ва экстремистӣ

Шахси масъули кафедра оид ба стратегияи милли муқовимат ба амалҳои террористӣ, экстремистӣ подполковник Бегзода Шуҳрат Ояҳмад ҷамъомадро оғоз намуда суханро ба сардори кафедра полковники хадамоти тибби Баротов Зафар Ибодуллоевич баъдан подполковник Норов Хайрулло Қурбонбоевич ва донишҷӯ Ёров Исфандиёр дод, ки чунин гуфт: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва пешгирии шомил нашудани баъзе ҷавонон ба ҳар гунна равияҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Аммо баъзе аз ҷавонони имрӯза ин ғамхориҳоро дарк накарда Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо қиёс мекунанд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php