Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 05.11 соли 2020 дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чорабинии идона бахшида 26-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудани суруди миллӣ гузарони шуд. Дар чорабинии мазкур афсар-омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд. Чорабиниро сардори кафедра полковники х/т Баротов З.И. кушода эълон намуда, ҳамаи донишҷӯён ва афсар-омӯзгорон суруди милиро сароиданд.

Сипас масъули корҳои сиёсӣ-тарбиявии кафедра подполковники х/т       Расулов М.Н. доир ба мафҳум, тағйироту иловаҳо, дастовардҳо ва моҳияти Конститутсия суханронӣ намуда ҳамзамон Мирзоева Гулафзо, Давлатова Дилноза ва Холмуминов Исмоил бо маърӯзаҳои худ баромад намуда барои пешрафти тарақиёти иҷтимою сиёсӣ аҳамияти беназир доштаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд, ки аз ин баромадҳо ҳозирин руҳу илҳоми зиёде гирифтанд.       

07.11.2020     490

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php