Рӯзи Парчами миллӣ

Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 24-уми ноябри соли 2020, дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» чорабинии васеъ бо иштироки афсар-омӯзгорон, донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳои аз 1 то 11 бо садо додани суруди миллӣ ва риояи масофаи иҷтимои гузаронида шуд.

Чорабинии мазкурро подполковники х/т Норов Х.Қ. ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ иброз намуд, ки Парчам (байрақ)-и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст.

Сипас риштаи сухан ба сардори кафедра полковники х/т Баротов З.И. дода шуд ва вобаста ба рӯзи Парчами миллӣ чунин суханронӣ намуд: Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омӯзиши муҳақиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ Шамсова Маҳина, Ахмедов Сомон, Ҷаборова Таманно ва подполковник Назаралиев Ф.А. бо маърӯзаҳои худ баромад намуда нисбати ин ҷашнвораи бузург суханҳои бисёр пурмуҳтаво гуфтанд.

Дар доираи чорабинии номбурда масъули корҳои сиёсӣ-тарбиявии кафедра подполковники х/т Расулов М.Н. баромад намуда қайд карда, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ, таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Роҳбарияти кафедраи тибби ҳарбӣ

26.11.2020     481

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php