Мавзӯи стратегияи милли муқовимат бо амалҳои террористӣ ва экстремистӣ

Мавзӯи стратегияи милли муқовимат бо амалҳои террористӣ ва экстремистӣ
Шахси масъули кафедра оид ба стратегияи милли муқовимат ба амалҳои террористӣ, экстремистӣ подполковник Бегзода Шуҳрат Ояҳмад ҷамъомадро оғоз намуда суханро ба сардори кафедра полковники хадамоти тибби Баротов Зафар Ибодуллоевич баъдан подполковник Норов Хайрулло Қурбонбоевич ва донишҷӯ Ёров Исфандиёр дод, ки чунин гуфт: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва пешгирии шомил нашудани баъзе ҷавонон ба ҳар гунна равияҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Аммо баъзе аз ҷавонони имрӯза ин ғамхориҳоро дарк накарда Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо қиёс мекунанд.
Баъзе аз ҷавонон бетарафи зоҳир намуда ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда аз баҳри Ватан, Модар гузашта ба доми фиреб афтода бо як ваъдаҳои ночиз худро қурбонӣ мекунанд. Падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабои худро дар назди ҷомеа руҳафтода намуда сарсону саргардон мекунанд. Омилҳое, ки имрӯз баъзе ҷавононро таъсир намудаанд ин сомонаҳои интернетӣ, телефонҳои мобилии имконияташон васеъ, дониши кофе надоштан, суст иродагии онҳо мебошад, ва наворҳои куштори ба ном давлати исломие, ки ба ақидаи баъзе аз ҷавонон шаҳид шудан аст мафкураи онҳоро заиф карда, таъсир мерасонанд.
Масалан баъзе аз ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетӣ шомил шуда аз ҳар гушаю канор ҷавононро ба доми фиреб афтонида ба ин гурӯҳҳо шомил намуда сафи худро зиёд карда мамлакатҳоро ба ном давлати исломи гуфта таҳдид мекунанд. Ин рафтору равияҳои ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ ба худи онҳо писанд буда ба ақидаи онҳо гуё, ки дар байни одамон аз ҳама дин шинос боақл дар чорчубаи шариат умр барсар доранд. Баръакс агар инсони соҳибақл, бофарҳанг, миллатдӯст, ватанпарвар ин ахборҳо ва наворҳоро тамошо намояд мефаҳмад, ки дасгиршудагон маълумоти кофӣ, тарбия, ахлоқ,одоб, андеша аз ҳастии худ ва падару модар надоранд. Яке аз омилҳои асосии шомил шудан ё ба доми фиреб афтодани баъзе аз ҷавонон ин сустиродагии онҳоро нишон медиҳад. Баъзе аз ҷавононе, ки имрӯзҳо ба ҳар гуна амалҳои террористӣ даст мезананд кайфияти ватандорӣ, ватандӯстӣ надоранд ва аз кучаи мардонагӣ нагузаштаанд, ки ба Ватан хиёнат мекунанд. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаанд аз кирдорҳои худ пушаймонанд ва хиёнаткорӣ пушаймонӣ дорад. Ҷавононро бояд бедор кард, ки ин як дарсӣ ибрат мебошад. Чихеле, ки мегуянд адабро аз ки омӯхти мегӯянд аз беадабон. Ҷавонон мебояд бисёртар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқи, ватандӯстӣ ифтихор аз фарди тоҷик буданро эҳтиром гузоранд ва барои бадбинии ҳаргуна равияҳои номатлуб камари ҳимат банданд.
Тарбия агар аз батни модар то боғча ва мактаб хуб ба роҳ монда шавад модарашро, падарашро дӯст дорад ин омилҳои беруна ва дохила таъсир расонида наметавонанд. Агар падару, модар, устод аз ватандӯсти, ватанпарварӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ҳарф зананд норозигӣ ба Ватан надошта бошанд ҳар гунна омилҳо мафкураи фарзанди тоҷикро заиф намекунанд ва доғи падару модар намешаванд. Ҳар як афсар- омӯзгор бояд шогирдони худро ба мисоли худ, ки устод шудааст дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ тарбия намуда ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Ҳамзамон подполковники х/т Расулов М.Н. – масъули корҳои сиёси тарбиявии кафедраи тибби ҳарбӣ баромад намуда қайд кард, ки ман ҳамчун афсар-омӯзгор тавсия медиҳам, ки афсар-омӯзгорон то оғози машғулият корҳои тарбиявӣ гузаронида таҳкид намоянд, ки бъзе ҷавонон ба ҳар гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашуда ваъдаҳои бардуруғро гуш накарда пеш аз ҳама мутахасиси хуб шуда ба модар Ватан хизмат намоянд чун, ки дӯст доштани Ватан ин шараф аст.
22.11.2019     712

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php