Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16.11 соли 2020 дар кафердаи тиббӣ-ҳарбӣ бо иштироки деканати тиббӣ-профилактикӣ бахшида ба Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо садо додан ва сурудани Суруди миллӣ гузаронида шуд.

Семинар-машваратро сардори кафедра полковники х/т Баротов З.И. оғоз намуда иштирокчиёни чорабиниро шинос намуда оиди ин ҷашни бузурги миллӣ суханҳои пурмуҳтаво гуфтанд. Сипас п/п-ки х/т Норов Х.Қ. баромад намудаҳаммаи иштирокчиёнро бо Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, оиди дастоварҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон суханрони намуд ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ Амириён Роҳила, Ҳазратқулова Нигора ва Раҳимов Асомуддин маърузаҳои пурмазмун омода намуда, баромад карданд.

17.11.2020     466

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php