Дастовардҳои кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дастовардҳои кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст.»

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузургест, ки ҳамасола варзишгарони бомаҳоратро ба камол мерасонад ва онҳо дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Бахшида ба ҷашни 28 умин солагарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва касбияту маҳорати донишҷӯён, ки дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил менамоянд, санаи 26 ва 27.02 соли 2021 дар Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпарронӣ, футболи хурд ва бозии волейбол дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дастаи варзишгарони кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии афсар-омӯзгорон дар байни кафедраҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд.

Ҳайати мунтахаби «тирандозони» кафедраи тибби ҳарбиро донишҷӯёни курси 2-юми факултети педиатрӣ гурӯҳи 1 - Ҷӯрабекова Насиба Ҷӯрабековна ва факултети тиббӣ гурӯҳи 20 - Охунов Шодовар Зиёвуддинович ҳамроҳӣ намуда, тавонистанд, ки дар байни дигар дастаҳо ҷойи аввалро ишғол намоянд. Фирӯзии донишҷӯён бо диплом, медал, ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

Ҷӯрабекова Насиба ва Охунов Шодовар дар баромади худ ба ҳамсабақонашон иброз намудаанд: “Тирандозӣ варзиши хело ҳам нозук буда, чолокию маҳорати баландро талаб менамояд. Чунин чорабиниҳо руҳияи мо ҷавононро баланд намуда, дар қалби мо ватандӯстию ватанпарварӣ, дӯст доштани арзишҳои миллиро ҷой медиҳанд.” 

Полковники х/т Баротов З.И.

02.03.2021     369

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php