Машғулятҳои сафорои дар давраи пандемия COVID-19 дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ ДДТТ

Машғулятҳои сафорои дар давраи пандемия COVID-19 дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ ДДТТ

         Машғулятҳои сафорои, тактикӣ ва тайёрии оташфишони дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар давраи пандемия COVID-19 мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №585 аз 04.08.2020с., Супоришномаи №1 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои Ректори донишгоҳ ва Қароҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Пеш аз саршавии машғулятҳо ҳарорати донишҷӯён бо ҳароратсанҷии фосилави (тепловизор) санҷида мешавад ва бо доштани ниқоб ба машғулятҳо роҳ дода мешаванд. Машғулятҳо мувофиқи дастурамали дар боло зикр гардида бо нигоҳдошти масофаи иҷтимои (1,5метр) дар сатҳи баланди методӣ дар фазои кушод гузаронида шуда истодаанд, дар майдончаи сафорои ва синфхонаҳо аз рӯи имконият ҷобаҷо мегарданд. Аз рӯи талаботи Оинномаҳо машғулятҳои сафорои дар майдончаи сафорои бо сафҳои паҳн гузаронида мешаванд. Замима сур№1.

           Дар равиши машғулятҳо аз тарафи дониҷуён агар шикоят оиди саломати шавад бо аломатҳои монанд ба COVID-19 (бемадори, ҳарорати баланд, сулфа, нафастангӣ ва ғайра) харчи зудтар ба дармонгоҳи донишгоҳ беморон сафарбар мешаванд. Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда тавсияҳо оид ба хатари паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар кафедраи тибби ҳарбӣ ҳамарӯза аз тарафи масъулон гузаронида мешавад. Риояи фосилаи иҷтимои (1,5метр) дар синфхонаҳои таълиӣ, вобаста ба имконият ҷойгиркунии мизу курсиҳо ба инобат гирифта шудааст. Маҷлисҳо, ҷамъомадҳо тибқи дастурамали Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимои аҳоли ба қадри имкон кам карда шудаанд. Дар бораи қоидаҳои истифодабарии воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ниқоб ва даспушакҳо) мунтазам корҳои фаҳмондадиҳи аз тарафи афсар – омӯзгорон гузаронида мешавад. Боду ҳавои синфхонаҳо ҳамарӯза пеш аз оғози машғулятҳо ва баъди анҷоми машғулятҳо шамол дода аз тарафи хадамоти хоҷагидории донишгоҳ бо маҳлулҳои дезинфексионӣ роҳравҳо ва синфхонаҳо безарар карда мешаванд.

Ҳамаи ин дастуру ҳидоятҳо ва корҳои профилактикӣ бахотири нигоҳдоштани саломатии ҳайати шахсӣ мебошанд.             

Сардори сикли тайёрии умумиҳарбӣ подполковник - Бегзода Ш.О.

08.10.2020     543

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php