СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ – СОЛИ ДАСТОВАРДҲОИ ТОЗА!

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид аст

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самти афзалиятноки рушди кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Инъикосгари таърихи Тоҷикон

Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташабусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтанд ва Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуданд.

Диёри домани гардун

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Ҳунар муаррифгари фарҳанги миллӣ

Ба ҳар тоҷику тоҷикистонии дорои худогоҳию худшиносиимиллӣ маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

СОЛҲОИ 2019 –2021 “СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣэълон намуд.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАБАҚ, ТАБАҚСОЗӢ, ТАБАҚТАРОШӢ

Санъати табақу табақсозӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон аст, ки ба сохтани табақ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут мебошад. Табақҳо аз ҳиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол, чинӣ, фулузот ва баъзан мармар аст. Бозёфтҳои бостоншиносон собит менамоянд, ки анвои гуног...

Тоҷикистон сарзамини саёҳат ва тиҷорат

Албатта ҳаряки мо бо истилоҳоти саёҳат ва тиҷорат хуб ошно ҳастем, зери мафҳуми яке тамошову сайру гашт ва дигаре хариду фурӯшро мефаҳмем, аммо шояд бисёриҳо намедонанд, ки саёҳат ва тиҷорат дар кадом кишвар борҳо беҳтару арзишноктар аст. Баъзеҳо ба Чин мераванд, то ки Девори Бузургашро бинанд, аммо чаро барои дидани қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон наоянд!? Ба Миср меравнд, то Аҳромоти онро бубинанд, ...

ТОҶИКИСТОН МИНТАҚАИ САЁҲӢ

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ¬иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php