Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самти афзалиятноки рушди кишвар

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самти афзалиятноки рушди кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадмад ва дурандеши худ тавонист дар тӯли бисту нух соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.

Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба хотири рушди соҳаҳои мухталиф ва арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи миллат соли навбатиро ба соҳа ё бахши муҳим бахшида, барои рушди он соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Иқдоми муҳими Президенти кишвар, ки дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2017 баён намуданд, соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвари мо «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад”. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Сарвари давлат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд ва дар ин замина, чорабиниҳои мушаххас гузаронида шуда истодаанд. Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвари мо рӯ оварда маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, аз меҳмонхонаю тарабҳонаҳо истифода мебаранд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншоотҳои сайёҳиро дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод намуданд, ки барои рушди ин соҳа заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Тоҷикистон ҷумҳурии биҳиштосо, кишвари зебоманзару афсонавӣ дорои табиати нотакрор ва ёдгориҳои зиёди нодири таърихию меъморӣ буда, бо меҳмоннавозии мардумаш таваҷҷуҳи сайёҳон ва тамоми оламиёнро ба худ ҷалб сохтааст. Иқлими субтропикии Тоҷикистон барои мавҷудияти тамоми фаслҳои сол мусоидат намуда, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хушбоду ҳаво, олами наботот ва ҳайваноти нодир ва ҳайратангез ва дар маҷмӯъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони сайёҳӣ мебошад.

Таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофар, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон дар маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон ба монанди Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт дар ҷаҳон шӯҳрат ва маъруфият пайдо намудаанд. Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифгари чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд. 

Мудири кафедраи дерматовенерология, д.и.т. Муҳамадиева К.М.

Ассистенти кафедра, н.и.т.          Исматуллоева С.С.


28.10.2020     2962

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php