ТОҶИКИСТОН МИНТАҚАИ САЁҲӢ

Сарсухан. Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ¬иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.
Дар дунёи ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлоле ба номи Тоҷикистон, худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бошанд. Бо таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таҳти консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат, муаррифии кишвари ҳуқуқбунёд ба чашми аҳли сайёра, даъвати сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳони мамолики гуногуни дунё дар заминаи сиёсати дарҳои боз имкон фароҳам намудааст, ки мавқеъи Тоҷикистон ва имкониятҳову зарфиятҳои сайёҳии он, сайёҳон ва гардишгарони хориҷиро ба домони Тоҷикистон ҷалб намояд.
Дар давоми 28 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷӣро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд ва бо ин далел сайёҳону рӯзноманигорон дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва барои васоити ахбори оммаи кишварҳои худ хабару гузориш ва маълумотҳои хубу диданиро ба ҳадя баранд.
Соҳаи сайёҳӣ барои муаррифӣ намудани таърихи тӯлонӣ, фарҳанги гуногунранги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам меорад. Заминаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳиро таҳқиқутадқиқ намудан ва системаҳои беҳтарини бастан датҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ҷорӣ кардан боиси густариши соҳаи сайёҳӣ мегардад. Аз ин лиҳоз дар ин мақола беҳтарин роҳу усули инкишофи соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шудааст.
Ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки истеъдоди хешро муаррифӣ карда тавонанд.
Таърих гувоҳаст, ки дар бисёре аз истилову ғоратҳои халқҳои гуногун, подшоҳони он давра беҳтарин ҳунармандонро асир гирифта барои сохтани қасрҳо, мақбараҳо ва дигар намудҳои меъмориву фарҳангӣ истифода мебурданд. Аз санъати ҳунармандон оқилона истифода мебурданд. Зеро дар тамаддуни кишвар ёдгориҳову маҷмааҳои таърихӣ нақши калон мебозанд. Дар мақолаи зерин доир ба беҳтар ин намудҳои ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода мешавад ва роҳҳои беҳтарини тақвияти он мавриди муҳокима қарор мегирад.
Сайёҳӣ ва намудҳои он. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бошуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад [1,4,7].
Дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои тараққикарда табдил ёфта истодааст. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бойу пурғановати фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва эҳёи мероси фарҳанги табиӣ ва таърихӣ, азхудкунии ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа метавонад, сайёҳиро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.
Туризм аз калимаи фаронсавии “tourism” tour – сайру гашт, сайёҳат гирифта шудааст [2,3,6]. Сайёҳӣ ин пеш аз ҳама ҳузуру ҳаловат, қонеъ кардани шавқу завқ мебошад. Дар замони имрӯза сарватҳои рекреатсионӣ торафт аҳамияти калони хоҷагӣ пайдо кардаистодааст.
Имрӯз дар соҳаи сайёҳӣ намудҳои гуногуни сайёҳӣ фарқ карда мешавад ба монанди экотуристӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, шиносоӣ, дилхушӣ, тиҷоратӣ, аёдати динӣ, варзишӣ, соҳилӣ ва ғайраҳо фарқ карда мешаванд.
Мавқеи ҷуғрофӣ, релеф, иқлим, наботот, олами ҳайвонот, боғҳои миллӣ, баҳру уқёнусҳо, пиряхҳои материкӣ ва кӯҳӣ унсурҳои ҷуғрофии соҳаи сайёҳиро дар бар мегирад. Меҳмонхонаҳо, армуғонҳо, нақлиёт, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизотҳои сайёҳӣ ва ғайраҳо индустрияи сайёҳиро ташкил мекунад.
Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъмориву таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш,олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои чаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршави ҷуғрофӣ ба кулли фарқ мекунад ва барои равнақ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғати барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.
Сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинихо барои барқароршавӣ ва рушди сайёҳии байналхалқӣ дар малакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз ҷиҳати сайёҳӣ рушд ёфта якчанд қонуну қарорҳо қабул шудааст.
Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвари иқтидори воқеӣ дорад. Бо дар назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии сайёҳии байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) ва Москва (Федератсияи Русия) баргузор мегарданд, иштирок ва муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содда карда шудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Тоҷикистони маҳбуби мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор аст. Аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Бо мақсади боз ҳам сайқал бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷоя бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин кардаистодаанд. Ҷиҳати бо суръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Сарватҳои рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тоҷикистон объекти уникалии сайёҳии муосир мебошад, зеро дорои мероси бузурги маъданӣ, таърихӣ, маданияти хоса, мавқеи қуллаи ҷуғрофӣ, ландшафтҳои гуногуни табиӣ, минтақаҳои рекреатсионӣ, наботот ва ҳайвонот мебошад.
Сайёҳатҳо ба мақсади табобатӣ ва беҳдошти саломатӣ низ зиёд ташкил карда мешавад. Ин намуди саёҳатҳо хислати шахсӣ ва индувидиалӣ доранд. Асосан сайёҳонро барои табобат дар ин ё он минтақаҳои сайёҳӣ табибон тавсия мекунанд. Аз ин рӯ, барои ба вуҷуд омадани ин намуди сайёҳӣ нақши асосиро маълумотнокии намояндагони муассисаҳои тиббӣ дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ ва табобати беҳдоштӣ мебозад.
Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Яроз, Оби гарм, Чилучорчашма, Гармчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ дорад садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд ва ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроқум дар тӯли даҳ соли охир истирохатгоҳҳои зиёде бунёд карда шуда истодааст, ки дар ин соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи байналхалқӣ инкишоф дода, онро ба яке аз манбаи даромади дохилии Точикистон табдил додан имконпазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 125 иншоотҳои туристӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошта, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои сайёҳӣ ташкил медиҳанд.
Курорти Хоҷа Обигарм - 42 километр дуртар аз Душанбе, баъди деҳаи Гушар роҳ ба тарафи курорти Хоҷа-Оби-Гарм (1790 – 1960 метр баланд аз сатҳи баҳр) мебарад. Аз шоҳроҳ то ба инҷо 6 км аст. Дар инҷо дар тӯли масофаи 400 метр қариб 40 чашма дида мешавад.
Санаторияи Шоҳамбарӣ – 26км дуртар аз ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад аз тарафи ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1150м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда, узвҳои хозима ва гурда ва як қатор бемориҳои даруниро табобат мекунад. Оби Ҷамъияти саҳомии шакли пўшидаи «Шоҳамбарӣ» ба дардҳои ҳозима, меъдаю рӯда, талхаю ҷигар, касалиҳои буғумдард ва боз чандин бемориҳои дигар шифо мебахшад. Дар ин ҷо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла шустани рӯдаҳо, гирифтани ванна, парафин, сӯзанзанӣ, физиотерапия, беморонро табобат мекунанд.
Чилучорчашма - дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи хурд тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Мароқовар аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд. Барои рушди минбаъдаи мавзеи Чилучорчашма бунёди ҳарчи бештари иншооти замонавии ба талаботи сайру саёҳат ва зиёрат мувофиқ зарур аст.
Қизмазор ва Гармчашмаи муқаддаси Модиён кам касон мешиносанд, ки ҳамрадифи Гармчашмаи машҳури Ишкошим боз чашмаи хеле гарми мавзеи Модиён вуҷуд дорад, ки ҳамаи хусусиятҳои табобатиро дорад. Аз таги ду хоро санги якхела душохоби гарм фавворазанон баромада, поёнтар якҷоя шуда, ба кӯли пӯшида мерезанд. Дар ин ҷо идораи роҳсозии ноҳия бинои начандон калоне бо роҳрави мумфарш ва ҳавзи мураббаи зебо сохта шудааст. Атрофи бино марғзори сарсабз аст. Се хайма барои ниёзмандон дар хизмат аст.
Санаторияи «Оби гарм» -100 км дуртар аз тарафи шарқи шаҳри Душанбе дар водии кӯҳсори дарёи Оби айлак дар баландии 1300м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар санатория бемориҳои радикулит, полинервит, касалиҳои пӯст касалиҳои безурриётӣ ва ғайраҳо табобат карда мешаванд.
Санаторияи «Зумрад» -10 км дуртар аз шаҳри Исфара дар баландии 800м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Калонтарин санатория дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Омили асосии табобатии ин санатория муолиҷа бо лойи шифобахш мебошад. Санатория тамоми сол кор мекунад ва 350 ҷой дорад.
Санаторияи «Ҳавотоғ» -маънояш -ҳавои кӯҳӣ мебошад, 96км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 24км дуртар аз шаҳри Истаравшан ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати касалиҳои меъдаву рӯда, низоми асаб, касалиҳои пӯст ва дигар намуди касалиҳоро табобат мекунад.
Инчунин дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ бениҳоят зиёд мебошад. Қалъаи Ҳисор, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Қалъаи Муғ, масҷиди Сари Мазор, масҷиди Кӯк–Гумбаз, мадрасаи Хоҷа Абдулатиф, масҷиди Шайх Муслиҳиддин, масҷиди Ҳазрати Шоҳ ва ғайраҳо беҳтарин ёдгориҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Ёдгориҳои таърихӣ дар водии Ҳисор, Паҷакент, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд бениҳоят зиёд мебошад.
Муаммоҳои асосии соҳаи сайёҳӣ. Ба ақидаи баъзе аз иқтисодчиён моҳияти асосии рушди соҳаи сайёҳиро иқтидори иқтисодии ҳар як давлат ташкил мекунад, аммо боиси қайд аст, ки сайёҳӣ дар ҷойҳое, зудтар инкишоф меёбад, ки унсурҳои ҷуғрофӣ бештар ба назар мерасанд. Чунончӣ, соҳили баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо, назди шаршараҳо, ёдгориҳои табиию моддӣ ва ғайраҳо. Масалан, Непал аз туризми кӯҳнавардӣ, Либия, Алҷазоир, Марокко, Тунис, Яман, Миср аз ҳисоби туризми сафарӣ ва соҳилӣ миллион доллар даромад мегиранд. [2]
Беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар меҳмонхонаҳо ва ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо, беҳтар гардонидани инфрасохтор, реконструксия намудани ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифӣ намудани он тавассути ВАО (васоити ахбори омма) муаммоҳои асосии соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад.
Ҷиҳати пешбурди соҳа дар мамлакат ва устувор сохтани мақоми Тоҷикистон дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ якчанд мушкилотро ҳал намудан мумкин аст:
- ташаккули ҳар чӣ зудтари стратегияи бозории пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
- нашри буклетҳо, плакатҳо, харитаҳо ва дигар маводи нашриётии таблиғотӣ-иттилоотӣ роҷеъ ба маҳсулоти миллии сайёҳӣ;
- ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохили мамлакат бо ҷалби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо;
- таъмини фаъолият оид ба пешбарии маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар намояндагиҳои хориҷи мамлакат;
- ташкили Марказҳои иттилоотии Тоҷикистон дар кишварҳои асосии содиркунандаи сайёҳон;
- ташкили сафарҳои рўзноманигорони хориҷӣ ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии мамлакат;
- бунёди шароити мусоид барои инвесторони хориҷӣ, ки ҷиҳати маблағгузорӣ ба саноати сайёҳии мамлакат рағбат доранд;
- таъмини шароити зарурӣ барои соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёди иншооти сайёҳӣ;
- истифодаи мақсадноки моликияти давлатии марбут ба саноати сайёҳӣ.
Заминаҳои асосии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки 93% - и сарзамини Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад. Инимконияти бузург барои тақвият бахшидани сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ (алпинистӣ) ва истироҳатӣ мебошад. Дар солҳои охир Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, яъне соли 1997-2100 нафар, 1998-3190 нафар, 2000-7673 нафар, 2002-6314 нафар, 2004-14297 нафар сайёҳи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст ва ин нишондиҳанда сол то сол инкишоф меёбад. Маълумотҳои мавҷуда ҳаҷми хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он вобаста (нақлиёт, меҳмонхонаҳо, тарабхона ва ғайраҳо)-ро, дар соли 2004 қариб ба 20 млн сомонӣ баробар ба 7 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.
Иштироки ҳарсолаи корхонаю ширкатҳои туристии чумҳурӣ, дар намоишгоҳҳои байналмилиалии туристӣ, дар шаҳрҳои Берлин, Шанхай, Москва, Алмато ва Тошканд баргузор гардида, инчунин нашри китобҳою варақаҳои махсус, таҳияи филмҳои видеоӣ ва кушодани саҳифаи махсус дар шабакаи интернет, иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин чорабиниҳои байналмилиалӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, шаҳодат медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Созмони чаҳонии сайёҳӣ, ҳар як сайёҳе, ки ба кишвар меояд, дар як вақт нӯҳ нафарро бо ҷойи кор таъмин месозад. Туризм аз се пояи мустаҳкам устувор аст: нақлиёт, меҳмонхона ва сарватҳои рекреатсионӣ. Имрўз бо сабаби набудани сайри хатти мунтазам ба кишвари хориҷаи дуру наздик теъдоди ками сайёҳон ба кишвар меоянд. Аҳамияти доираи туристӣ дар тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмидани таъсири мултипликативии масштабҳои он ба иқтисодиёт аз Ҳукумати мамлакат талаб намудаанд, ки барномаи комплексии тараққиёти доира коркард карда шавад, ки он дар асоси истифодабарии таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда, оид ба дастгирии тараққиёти соҳаҳо ташкил шуда бошад. Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд.
Барои таҳлили иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо таҳлили SWOT-ро, ки яке аз воситаҳои универсалии таҳлили вазъ дар соҳа мебошад, ва барои таҳияи стратегияи рушди саноати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда мешавад, мегузаронем. Натиҷаҳо инҳоянд, ки хусусиятҳои иловагӣ (шароитҳои мусоид барои рушди соҳа) ва заъфҳо (унсурҳое, ки метавонанд ба рушди иқтидори сайёҳӣ таъсири манфӣ расонанд), набудани чизе, ки барои фаъолияти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ заруранд, имкониятҳо барои рушди он ё ин унсурҳо, ки дар соҳа таъсири манфӣ доранд, мебошанд. Дар асоси таҳлили SWOT, ки гузаронидем, мо омилҳои асосии ба рушди сайёҳии берунӣ ва дохилӣ дар мамлакатро таҳлил намудем. Таҳлили SWOT имконият медиҳад, ки хулосаи умумӣ оид ба афзалиятҳо, имкониятҳо, хатарҳо ва аксарияти заъфи иқтидори сайёҳии ҳудуд метавонад бетараф набошад.
Маҷмӯи ин тадбирҳо умуман беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳуриро, ки дар навбати худ боиси афзоиши даромадҳои молиявӣ мегардад, равона мекунад. Ҷойи шубҳа нест, ки дар ояндаи на чандон дур кишвари афсонавиамон бо бунёд ёфтани инфрасохтори зарурии туристӣ дар рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ нақши муассир хоҳад бозид.
Х у л о с а.
Дар замони муосир соҳаи туризм дар як қатор мамлакатҳо ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Дар навбати дигар бошад ин соҳа соҳае мебошад, ки миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи ин соҳа метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро бо кори доимӣ таъмин намояд. Ҳамзамон дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда хаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некӯаҳволии халқ мегардад. Боиси тазаккур аст, ки дар баъзе мамлакатҳо аҳолии маҳалҳои калон ва ҳатто шаҳрҳо пурра дар соҳаҳои хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, ки ин сабаби таъмин будан бо ҷойи кори доимӣ ва баландшавии ҳаҷми даромаднокии аҳолии кишвар мегардад.
Рушди соҳаи туризм дар кишвар боиси баландшавии сатҳи иктисодиёти кишвар гардида боиси баландшавии сатҳи некӯаҳволии халқ мегардад. Маҳз аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 –ро дар диёри азизамон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки вазифаҳои он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва субъектони бозори он бо мақсади такомули шаклҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва тавассути он то як андоза мустаҳкам гардонидани мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равонаанд. Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бори нахуст таҳлили муфассали соҳа гузаронида шуда, Модели рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 100 тавсия барои рушди соҳа таҳия карда шуд.
Дар заминаи тавсияҳо, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014 тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуд. Нақшаи чорабинии мазкур аз 29 банд ва 55 чорабиниҳои фарогири аксари паҳлуҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ буда, аз маҷмӯи чорабиниҳо 17-тои он пурра татбиқ шуда, 27 банд қисман ва 11 банди он дар ҷараёни амалишавӣ қарор доранд.
Пас, метавон гуфт, ки бо азнавсозӣ намудани роҳҳову беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалию дигар иншоотҳои хизматронӣ ва тарғибу ташвиқи минтақаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ индустрияи сайёҳӣ пеш рафта ба рушди иқтисодиёти кишвар замина хоҳад гузошт.
Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе, 22.12.2017с.
2. Симитенко Б. М., Международные экономические отношения. ИНФРА – Москва, 2005.
3. Диловаров Р.Д. Асосҳои туризм: китоби дарсӣ / Р.Д. Диловаров, Ҷ.Н. Ёров, Н.Н. Сайфуллоев. – ДМТ, 2013.
4. Гӯшаи зебои дунё, кишварам // А. Ҷӯраев, Ш. Ҷӯраева. – Ҳафтаномаи «Омўзгор» аз 01. 03. 2018. - № 9.
5. Морозов Н.С. Реклама в социально-культурном сервисе и туризме. -М.: 2012.
6. Папирян Г.А. Маркетинг в туризме. – М.: Финансы и статистика, 2011.
7. Сомонаи интернетии Google.
Сафаров Б.А., Султонов Ш.Р., Сафаров А.С., Асомова У.И.
Кафедраи ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии
ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино,
(мудир - д.и.т., профессор Султонов Ш.Р.)


17.09.2019     134