ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАБАҚ, ТАБАҚСОЗӢ, ТАБАҚТАРОШӢ

Санъати табақу табақсозӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон аст, ки ба сохтани табақ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут мебошад. Табақҳо аз ҳиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол, чинӣ, фулузот ва баъзан мармар аст. Бозёфтҳои бостоншиносон собит менамоянд, ки анвои гуногуни табақ (хусусан табақи чӯбӣ ва сафолӣ) ҳанӯз аз замонҳои қадим маъмул будаанд. Ҳунари табақтарошӣ танҳо ба табақи чӯбин тааллуқ дорад.

Устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд.

Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешаванд. Устоҳои Дарвоз чӯби дарахтеро интихоб мекарданд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар вазад. Дарахтоне, ки дар дараҳо рӯидаанд, шамол онҳоро камтар ҷумбонидааст ва чӯби онҳо мулоим мебошад. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъзан то 4-5 сол, нигоҳ медоштанд, то ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард девораҳои табақ ё ашёи дигар накафад. Кори устоҳо бештар дар фасли баҳору тобистон авҷ мегирифт, зеро дар ин фаслҳо оби ҷӯйборҳо зиёд гашта, барои гардонидани чархи дастгоҳ имконияти хубе буданд. Имрӯзҳо дастгоҳҳои табақтарошии обӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро дастгоҳҳои барқии харротӣ гирифтаанд», -омадааст дар китоби "Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон”.

Дар табақҳо бештар таомҳои миллӣ мехӯранд. Масалан, шакароб, қурутоб, фатирмаска ва ғайраро танҳо дар чунин табақ мехӯранд. Таом гӯё болаззаттар мешавад. Ва ин таомҳоро тоҷикон бо даст мехӯранд (на бо қошуқ).

Солҳои пеш аз табақҳои калон дар тӯю маъракаҳо истифода мешуд. Имрӯз ҷойи онро табақҳои чинию сафолӣ гирифтааст. Ҳоло дар баробари табақҳои калон барои бачаҳо табақчаҳои хурдакак низ метарошанд. Барои истифодаи ҳаррӯза дар рӯзгор табақу косаҳои гуногун лозим мешаванд. Дар бештари хонаҳои мо дар табақҳо бештар таомҳои миллӣ истеъмол мекунанд. Ба монанди шакароб, қурутоб, шӯрбо. Вақте аз онҳо пурсида мешавад, ки чаро дар ин гуна табақ хӯрок истеъмол менамоед, дар посух мегӯянд, ки таом дар он болаззаттар мешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ низ истифодаи табақҳои чӯбин баманфиат мебошад, чунки он намешиканад.

Дар замони мо тадкикоти илми дар сохаи тарбияи чавонон бо назардошти таълими хунархои мардуми мавкеи назаррасро ишгол мекунад. Хадафи олимон баходихи ва тахлили рушди хунарманди ва таъсири он, ба чавонон омузонидани хунархои ачдоди, бо такя ба онхо ташаккул додани хунархои наву муосир мебошад.

Санъати ороиши, ки бо зиндагии мо робитаи зич доранд, тарики офаридани ашёи гуногун ва ороиши меъмори амали мешавад. Дар намунахои санъати ороиши накшу нигор дар шакли холис вучуд дошта наметавонад, он тачассуми хамбастагии зебои ва фоидаву зарурат мебошад.

Инкишофи хунархои меъмори, кулолгари, мисгари, заргари, колинбофи ва кашидадузи ба рушди наккоши низ мусоидат кардааст. Намунахои нодири накшу нигоре, ки бостоншиносон дар Тирмиз, Панчакенти кадима ва дигар махалхо дарёфтаанд, бозгуи фарханги бою рангини гузаштагон хастанд.

Санъати ороиши либос бо зардузию кашидадузи, гулдузии куртахои чакани халкхои Осиёи Миёна хар яке бо сабки хос инкишоф ёфтаанд, зеро дар тули асрхо ороиши сару либос (бештар дар кухистон), чихози хона ва ашёи рузгор (дар водихо), хуллас, аз бисоти тифл то чихози арус, дар худи хонадон ба чо оварда мешуд.

Омўхтани таърихи сару либос, чихози хонаводаи миллии хар як халк, барои онхое, ки бо таърих ва фарханги он халк шинос шудан мехоханд, аз чумла, санъатшиносон, кормандони театр ва кинематография, рассомон ва намояндагони сохахои дигари фарханг мухим аст.

Аз тарафи дигар, дар чараёни шиносои бо таърихи либоси милли то андозае аз вижагихои либоси миллии халкхои дигари хамсоя низ огох шуда, монанди ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фархангии онхоро ба хамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халкхои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

Инкишофи хисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтхои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатхои нодир ва мусавварахо, ки дар онхо фарханг, хунари меъмори ва рассоми, хамчунин хусусияти рузгори маишии мардуми даврахои кадим инъикос ёфтаанд, пайгири метавон кард. Чомеаи даврахои гуногун равияхои хосро дар сохахои мухталифи санъату хунар ба мерос гузошт, ки дар хар яке тарзи зиндагии мардум тачассум ёфтааст. Мушохидахо собит менамоянд, ки дар вакти хукмронии ягон чараён таъсири он дар ороиши ашё, намунахои хунари меъмори, сару либос, чихози манзил амри вокеист.

Хунармандони точик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ сахм гузоштаанд. Дар тайёрии касбии хунармандон ва омузгорони оянда машғулияти санъати ороиши амали накши асоси доранд, зеро онхо аз донишчуён фаъолии хотираи бинои, хаёлоти рангин, мачмуи дониш ва малакаву махоратро талаб мекунад.

Ассистетони кафедраи биохимия

Ҳамроева Х.М., Индираи Абдусамад

26.09.2019     2715

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php