СОЛҲОИ 2019 –2021 “СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣэълон намуд.
Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рўйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Паёми навбатӣ инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кор бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Тавассути Паёми имсолаи Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори миллати тоҷикро варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд. Аз ин рў дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кўдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нави маъмури маишӣ, шўъбаҳои корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдончаҳои варзишӣ, таҷдиду азнавсозии НБО идома ёфтаистодааст. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо майдони Парчам ва Рамзи давлатӣ бунёд ёфта, барои истироҳати сокинон боғу гулгаштҳо сохта шудаанд.
Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дасти муаммоҳои гуногун нуҳуфтаанд, ҳатто бархе аз онҳо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба риушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
Дар доираи татбиқи Иқдоми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардуми то имрўз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ташкил шуда, фаъолият намуда истодаанд. Дар ин мактабҳо аз рўи усули анъанавии миллии «устод-шогирд» шогирдон тарбия меёбанд.
Аслан таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра мушоҳида мешавад. Масалан, барои омўзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмаҳои асоси ба ҳисоб мераванд. Шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳамаи навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Аз ин рў, омўзиши либоси милли ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро бо таърихи этникии милли ошкор месозад. Дар замони мо як қатор амалҳое, ки пештар дасти иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки донишҷўён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархўрдор мегарданд, аммо фаромўш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишҷўён бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ аз қабили кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадўзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. Масалан табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон аст, ки ба сохтани табақ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чўбӣ марбут мебошад. Дар замони мо тадкикоти илми дар сохаи тарбияи чавонон бо назардошти таълими хунархои мардуми мавкеи назаррасро ишгол мекунад. Хадафи олимон баходихи ва тахлили рушди хунарманди ва таъсири он, ба чавонон омузонидани хунархои ачдоди, бо такя ба онхо ташаккул додани хунархои наву муосир мебошад.
Санъати ороиши, ки робитаи хеле зич дорад бо зиндагии мо, тавассути офаридани ашёи гуногун ва ороиши меъмори амалӣ мешавад. Инкишофи хунархои меъмори, кулолгари, мисгари, заргари, колинбофи ва кашидадузи ба рушди наккоши низ мусоидат кардааст.Ороиши либос бо зардузию кашидадузи, гулдузии куртахои чакани халкхои Осиёи Миёна хар яке бо сабки хос инкишоф ёфтаанд, зеро дар тули асрхо ороиши сару либос (бисёртар дар кухистон), чихози хона ва ашёи рузгор, хуллас, аз бисоти тифл то чихози арусӣ, дар худи хонадонҳо ба иҷро расонида мешуд.
Барои омухтани таърихи сару либоси миллӣ, чихози хонаводаи миллии хар як халк, барои онхое, ки бо таърих ва фарханги он халк шинос шудан мехоханд, аз чумла, санъатшиносон, санъатшиносон, кормандони театр рассомон ва намояндагони сохахои дигари фарханг мухим аст. Аз тарафи дигар, дар чараёни шиносои бо таърихи либоси милли то андозае аз вижагихои либоси миллии халкхои дигари хамсоя низ огох шуда, монанди ё тафовут, иртибот ва таъсири этникию фархангии онхоро ба хамдигар дармеёбем, ки ин ба муайян кардани этногенезиси халкхои Осиёи Миёна мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.
Мо устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино ин иқдоми пешгирифтаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда корҳои фаҳмондадиҳиро оиди ин мавзўъ дар байни донишҷўён низ ба роҳ монда, дар онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллиро бедор намоем.
Ассистетони кафедраи биохимия Ҳамроева Х.М., Индираи Абдусамад

28.09.2019     269