Ҳунар муаррифгари фарҳанги миллӣ

Ба ҳар тоҷику тоҷикистонии дорои худогоҳию худшиносиимиллӣ маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи онанд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалби хеш фарҳанги асил ва тамаддуни бузурги ногусастании миллати тоҷикро дар мадди аввал ниҳодааст. Ҳамин аст, ки дар суханрониҳояшон пайваста ба мардум чӣ дар оинаи нилгун, чӣ аз наздик аз минбарҳои баланди хираду заковат перомуни ин андеша суханронӣ намуда мегӯянд: Агар душманон хоҳанд як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд. Барои ҳунармандони асил қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд ва барои бештар вонамуд кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш намоянд. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифии кишвар маҳсуб мешавад. Ба ин васила, имрӯз аз байни ҷавонон бењтарин нобиѓањои ҳунар, бењтарин ихтироъкор, бењтарин омўзгор ба камол мерасанд.
Њамин аст, ки Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулњу вањдат, Ҷаноби Олї, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд: Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давом диҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Ва бубинед, ки имрўз Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Боиси ифтихори мо устодон аст, ки имрўз аз байни ҷавонон омӯзгорони кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгони Шўњратзода, Раҳимова Робия дар озмунҳои байналмиллалии бонувони ихтироъкори дунё дар шаҳри Сеули давлати Корея иштирок намуда ѓолиби озмун гаштанд ва бо медалҳои тиллову нуқра сарфароз шуданд. Чи тавре, ки сарвари муаззамамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдат, Ҷаноби Олї, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: Ба табобати беморон њамон вакт кафолат дода мешавад, ки агар маводњои сифатан тоза дарёфт карда шавад. Агар илми тиб набошаду табиб ба фазли Худованд бемориро табобат накунад, пас бемор тоати Худовандро пурра ба ҷо оварда наметавонад. Аз ин рӯ донистан ва омӯхтани илми тиб савоб аст. Имрӯзӯо маводҳои дарёфт намудаи ҷавонони ихтироъкори кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино санљишњои амалии хешро гузашта истодааст ва дар оянда њамчун беҳтарин маводи зидди микробї ќобили истифода буда метавонанд.
Вақтҳои охир ҷавонон тарзи омода намудану пӯшидани сару либоси миллии хешро ба рафтору кирдори ғарбиён шабоҳат медиҳанд, ки ин барои мардуми мо лоиқ дониста намешавад. Агар ба таърих ва тамаддуни пурғановати миллати фарҳангдӯсти тоҷик назар афканем, ба самти муқобил ҳаракат карданамонро эҳсос менамоем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, бо арҷгузориҳо ба фарҳанги беш аз 5 ҳазорсолаи миллат пайваста таъкид ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъаноти миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа доранд. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо ба ҷойи муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс ба таблиғу ташвиқи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар мебошад. Эҳсоси ифтихори миллӣ ба ҳар як шаҳрванд бағоят муҳим буда, то дар ҷомеа ҳар чӣ бештар либосҳои миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро ба дигарон тарғиб диҳад. Аз мушоҳидаҳо айён мегардад, ки қисмате аз занону духтарони мо то ҳол тафовути байни либоси миллии хеш ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ гузошта наметавонанд. Пас моро лозим меояд, ки барои аз даст нарафтани фарҳанги либоспӯшӣ ҳар чӣ бештар либосҳои миллии хешро ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳаматарафа байни мардум тараннум намоем ва мо устодон ва падару модаронро мебояд фарзандонро дар роҳи таҳсил иадаб ва ҳунар тарбият намоем, зеро адаб тоҷи давлат аст, адаб чашмаест зоянда ва давлатест поянда, агар ҳунарманд аз тахт биафтад боке нест, зеро ӯ дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо биравад қадр бинад ва бар садр биншинад, беҳунар луқма ҷӯяду хорӣ бинад.
Адаб беҳтар аз ганҷиҚорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Имон суйи илму адаб тофтанд,
Ки номи накӯ аз адаб ёфтанд.
Мудири кафедраи химияи фарматсевти ва заҳршиносии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.х., профессор Раҷабов У.Р.

30.09.2019     68