Забондонӣ ҷаҳондонист

Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.
Президенти кишвар таъкид намудаанд, ки “Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои марбута супориш дода шудааст, ки барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар баробари судури ин фармон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар.
Ақидаи олимону методистон дар бораи омӯзиши забоҳои хориҷӣ гуногун мебошад. Л.В. Шерба дар ин хусус қайд кардааст, ки дарккунии маънои калимаҳо ва категорияҳои забони модарӣ бе мавҷудияти истилоҳҳо барои муқоиса хеле мушкил мебошад, инчунин ӯ зикр намудааст, ки омӯзиши забони хориҷӣ барои дарки забони модарӣ ёрӣ медиҳад, чунки он ба воситаи таъминнамоӣ бо истилоҳҳо имконияти муқоиса карданро фароҳам меорад ва аллакай дар зинаи ибтидоӣ хонандагонро водор месозад, ки аз асорати забони модариашон озод шаванд. Вале ақидаи профессорон Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина дар ин бора андаке фарқ мекунад. «Дар ҷое, ки омӯзиши забони модарӣ хуб ба роҳ монда шудааст, омӯзиши забони хориҷӣ осонтар мегардад». Ба андешаи забоншиносон низ хонандагон бояд аввал забони модариашонро хуб омӯхта, баъд ба омӯзиши дигар забонҳо пардозанд, зеро:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Масъалаи дӯст доштани забони модарии худ ва эҳтирому пос доштани онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ таъкид намуданд:“Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”.
Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Ба таъкиди Пешвои миллат “Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”. Забони русӣ забони байналхалқӣ буда, дар тамоми мактабҳои кишварамон ҳамчун воситаи муошират омӯзонида мешавад. Муваффақияти ноил шудан ба мақсади асосии таълими забони русӣ, яъне мақсади ҳосил намудани малака ва маҳорати муоширатӣ аз истифодаи методҳои гуногуни таълими забони хориҷӣ вобастагии хеле калон дорад. Вале барои омӯзгор донистани танҳо методика кифоя нест, зеро дар ин хусус Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина чунин зикр кардаанд: «Методика ин психологияи амалӣ нест, зеро донистани танҳо гузариши ҷараёнҳо ба монанди дар хотир нигоҳдорӣ, фикрронӣ, чи гуна ташаккулёбии маҳорат ва малака кифоя набуда, зарур аст, ки фанни омӯзонидашаванда, аз тарафи омӯзгор хуб аз худ карда шуда бошад». Инчунин А.Пэнлоуш гуфтааст: «Методҳои хуб ва бад вуҷуд надоранд, балки муаллимони хуб ва бад мавҷуданд».
Дар ҳақиқат муаллимон бояд ғайр аз методикаи таълими забони хориҷӣ фанни тадрисшавандаро низ хеле хуб аз бар карда бошанду тавонанд, ки заминаи хубе баҳри таҳсили минбаъдаи омузиши забонҳои хориҷӣ фароҳам оранд. Ба марҳилаи аввали омӯзиш аҳамияти ҷиддӣ бояд дод, зеро ин марҳила асосӣ ба шумор рафта, муваффақияти омӯзиши фан дар зинаҳои навбатӣ аз зинаи аввал вобастагии хеле калон дорад. Чуноне ки шоир гуфтааст:
Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ё олими англис М.Уэст гуфта буд: «Забон фанне нест, ки омӯзонида шавад, он фаннест, ки бояд омӯхта шавад».
Бинобар ин, дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ саҳми омӯзгор ва дараҷаи касбии ӯ хеле муҳим аст. “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбия ва аз он ҷумла, забономӯзиро беҳтар карда наметавонем”-таъкид намудаанд Президенти кишвар.
З.Г.Турсунова, шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

12.03.2020     77