ВАЗЪИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН БО ТАҲДИДИ СИРОЯТИ COVID-19

ВАЗЪИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН БО ТАҲДИДИ СИРОЯТИ COVID-19

Имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти нави короновирус COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст ва мушкилиҳои зиёдро пеш овардааст. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо, вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Хитой ошкор гардид, беш аз 40 миллион нафар одамон дар 210 кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд ва амалиётҳои тиҷоратиро боздоштанд. Андешидани чунин чораҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум боис гардида, ҳамзамон, ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсири худро расонидааст ва боиси паст рафтани нархи қоғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст. Пешгӯии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон якчанд оқибатҳои манфии ин пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ.

Коршиносон андеша доранд, ки пандемияи коронавирус дар ин ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 5 трлн доллар зарар мерасонад ва оқибатҳои он барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дар баробари он барои кишвари мо низ назар ба буҳрони иқтисодии солҳои 2008-2009 вазнинтар арзёбӣ мегардад. Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимолияти таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати мо низ дар назар аст. Аз ҷумла коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва саривақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро зиёдтар расонад.

Дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеона ва саривақтӣ бурда истодааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ доранд. Ҳукумати кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба нақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама пешгирӣ, чораҷӯӣ аз ин беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд. 

Б.А. Мавлонов  -  муаллими кафедраи тарбияи ҷисмонӣ


11.11.2020     38