Ватан! ба ҷоҳу ҷалолат қасам

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад:
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст (Моддаи 43).
Нафаре, ки барои пул, мол, ягон манфиати дигар ҳамчун «зархарид» дар артиши бегона хизмат мекунад, мутмаинем, ки чун хоини Ватан ба он «Ватан»-и интихобкардааш содиқона хизмат намекунад. Ӯ, ки маскан, ҷойи таваллуд, ки хуни нофаш рехтааст, эҳтиром накард, ба кишвари бегона низ садоқату эҳтиром нахоҳад кард.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Ватан ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Амнияти давлат ва суботи ҷомеа дар он сурат таъмин мешавад, ки афсарони бо ҳисси баланди миллӣ дорад ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд.
Савганди ҳарбие ки ҳар сарбоз мекунад, ин содиқ мондан ба Ватан, ҷавонмардона адо намудани рисолати фарзандии ёд худ дар назди Ватан, миллат ва давлати худ, сафарбар намудани тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати хеш ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ аст.
Агар ҳадаф садоқат ба Ватану ҳифзи марзу буми он набошад, ҳар лаҳза хиёнати мудхишро аз ҷониби сарбози «зархарид» интизор шудан мумкин аст.

30.12.2019     31