ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЙДЕВОРИ ХУШБАХТИҲОИ МАРДУМ

«Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи тадбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст».
Суханони ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон арзишмандтарин андеша баҳри ҳимояи арзишҳои олии давлатию миллӣ ба шумор меравад. Ин марди асил тавонист ҳисси баланди ватандӯстиро дар дили имрӯзу фардои миллат ҷойгузин намояд.
Миллати тоҷик мардуми сулҳпарвар ва сулҳшинос дар тули таърих омада расидаанд. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ин худ таровату хушҳолӣ зам намудан ба руҳияи миллати мо буд, ки метавон сарчашмаи раҳои ёфтан аз мушкилотҳои самти саломатии мардум шинохта шавад.
Ваҳдати миллӣ барои фатҳи қуллаҳои бузурги созандагию бунёдгузорӣ нақши муассир дорад, метавон аз арзишмандтарин дастовардҳо барои камолоти илмию мадании насли наврасу ҷавон, ки соҳибдавлатони оянда ба шумор мераванд ёдовар бигардем. Дар воқеъ басанда аст, шароити мусоиди донишандӯзӣ мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнат дар замони муосирро мисол биорем.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар аксарияти давлатҳои сайёра мушкилотҳои ҷиддиро аз сар мегузаронанд, ки ҳаёти осоиштаро тақозо мекунанд. Дар воқеъ марҳилаҳои гуногуни ифрортгароиҳои хушунатомез мардумро пойбанд гардонидааст. Сарфи назар аз ҳама равандҳои тунду нооромкунанда Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз ҳимояи марзу бум, таъмини осоиштагӣ ва пешрафти афзалиятнокро хеле дилпурона маҳфуз медорад.
Дар тули ба даст овардани ин неъмати бузург зина ба зина комёбиҳо ва дастовардҳои назарраси давлатдорӣ насиби мардуми мо гаштааст, ки тарақиёти соҳаҳои гуногун аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ, ки афзалиятҳои бешуморо насиб гаштааст, нигоҳи моро ба оянда ва зиндагии арзанда нек мегардонад.
Имрӯз мо равандҳои тезу тунд ва хатарофари ҷаҳонишавиро сарфи назар карда наметавонем, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини худро мутобиқ ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ва сиёсати дарҳои кушод дар пеш гузоштааст, пешрафта ва ҷавобгу мондани худро таъмин месозад. Сохта ба истифода дода шудани роҳҳо, омӯзишгоҳҳои миёна, олии нопурра ва олӣ ҳамзамон саноатикунонии мамалакат, таъмини раванди рушди таъминот бо технологияи муосир далели гуфтаҳост.
Бояд гуфт, ки барои мо ҷавонон пеш аз ҳама ташаккули руҳу равони солим ва парвариши ҳисиётҳои наҷиби ватандӯстию хештаншиносӣ зарур аст. Мо дар ин ҳол метавонем, бо дасту дилу нияти пок роҳи ояндаи хешро равшан гардонем, то фарзандони асил, хештаншиносу ватанпарвар ба халқу ватани худ содиқ бимонем. Бо дар назардошти ташаккули чунин ғояҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020-ро қабул намуд, ки ба талаботи замон зарурати ҷиддӣ дошт. Яке аз дастоварди муҳими барнома, ки барои наврасону ҷавонон дасатрас гардидааст, сохта ба истифода додани майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ баҳри солимии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун ва одатҳои номатлуби миёни наврасону ҷавонон паҳнгардида ҳисобид. Мо дар доираи ҳидоятҳои Асосгукзори сулҳу ва хдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем саодати рӯзгор ва ояндаи некро ба даст оварем.
Ватани биҳиштосо, дорои таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ, мардуми садоқатпеша ва, фарзандони фарзонаю ифтихори ҳақиқии мардуми ин сарзамини биҳиштосоянд.
Шоири хушзавқ гуфтааст:
Ватан масъули ҳифзи хокат ҳастам,

Ливобардори номи покат ҳастам.

Бувад ором марзу мардумат шод,

Диловар аскари бебокат ҳастам.
Аюбов Дониш, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибниСино.


22.05.2020     293
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php