Ҳуқуқи инсон дар афкори мутафаккирони форсу тоҷик

Аҷдодони тоҷикон дар мулкҳои Суғду Бохтар, Хоразму Хуросон аз даврони қадим сукунат намуда, ба хаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳои қадима таъсири бузург расонидаанд. Дар даврони тамаддуни зардуштӣ, ки аз ибтидои қазораи яки қабл аз милод то қарни VII милодиро фаро мегирад, қисмати асосии ҳудуди мардуми тоҷику форс зери таъсири тамаддуни ҳуқуқии зардуштӣ қарор дошт. Сарчашмаҳои ҳуқуқии «Вандидод», «Бундаҳишн», «Динкард», «Шояст ва нашояст», «Ардавирофнома», «Минуи хирад», «Панду андарзҳои Анушервон» ва ғайра аз дастовардҳои ҳуқуқие буданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ин даврон муқаррар мекарданд. Қобили қайд аст, ки мардуми форс (тоҷикон) аз қадим ба инсон ҳамчун ба муъҷизаи марказии олам муносибат намуда, ҳамеша дар боби ҳурмату эҳтироми хаққи инсон, волоияти мақоми он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва озодии ӯ фикрҳои судманд гуфтаанд. Яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқии зардуштӣ, ки дар даврони охири тамаддуни зардуштӣ нозил шудааст, нақд дар бораи марди руҳониест бо номи Вироф, ки ба ҷаҳони мурдагон сафар кардааст. Вироф дар мурофиаи судии охират ширкат варзида, аз он нақл мекунад, ки чи тавр дар он дунё шахсоне, ки ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанд, сазовори ҷазо мегарданду чи тавр онҳое, ки кори нек кардаанд, қадр карда мешаванд. Тибқи ин сарчашма ҷазои вазнин барои дуздӣ, зино, расонидани зарари маънавӣ муқаррар шудааст. Ҳуқуқ ба моликият, ба шаъну шараф, тозагии оила, муҳити зист дар ин сарчашма ҳамаҷониба ҳифз гардидаанд. Ин асар мазмунан ба ривояти мисрӣ ва мурофиаи судии Осирис монандӣ дорад.

Баъд аз паҳн гардидани дини ислом дар Осиёи Марказӣ ҳуқуқи мусулмонӣ ҳамчун қисмати таркибии он ба ин минтақа роҳ ёфт. Сарчашмаҳои ҳуқуқи исломӣ чун муайянкунандаи ҳадду мазмуни ҳуқуқи инсон баромад мекарданд. Акнун мазмун ва муҳтавои инсон ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ аз назари ҳуқуқи исломӣ ва таълимоти динии нав таҳлил мегардид. Агарчанде дар даврони ибтидои паҳншавии ҳуқуқи исломӣ аз ҷониби ғозиёни (онҳое, ки бо зурӣ исломро паҳн менамуданд) исломӣ ақидаҳои суннатгароӣ бештар ҳис мешуд, вале баъдан исломи асрҳои миёна аз таҷрибаи идоракунии шоҳони Аҷам, фалсафаи Юнон ва ҳуқуқи римӣ васеъ истифода менамояд. Маҳз тавассути олимону донишмандони ғайри араб (А.Форобӣ, А.Берунӣ, М. Ғазолӣ, А.Сино ва дигарон) ислом аз ин манбаъҳои пурғановати маънавӣ истифода намуд. Ҳамин тавр, назария оид ба ҳуқуқи инсон ба зинаҳои нави инкишофи ақлгароёнаи худ расид, ки дар он инсон ҳамчун мавҷудоти марказӣ таҳлил мешуд. Олимону ҳуқуқшиносони форс-тоҷик дар пайи эҷоди арзишҳои нави ҳуқуқӣ таъиноти Қуръон, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои шаръиро мадди назар гирифта, воситаҳои миллии эчод, таҳия ва танзими ҳуқуқи инсонро кор карда баромаданд. Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон панду андарзҳои зиёде гуфтааст. У тамоми инсонҳоро, новобаста аз вазъи иҷтимоию камбудии ҷисмонӣ, дар як сатҳ гузошта, мардӣ ва чавонмардиро ба шахсоне мансуб донистааст, ки дасти маъюбону ятимонро гирифта, онҳоро чун инсони комил эътироф мекунанд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ақидаҳои Рӯдакӣ бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон бахшида шуда, дар онҳо омилҳои табиӣ ва иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои барҷомондагон ва пиронсолон бахусус таъкид шудааст. Дар «Қасидаи шикоят аз пирӣ» шоир бештар аз рузгори пирӣ ҳамчун даврони нотавонии инсон изҳори мулоҳиза намуда, зарурати нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро дар ин даврон баён намудааст. Гарчанде Форобӣ падари фалсафаи сиёсии араб ба шумор равад ҳам, андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии у дар ташаккул ва тақвияти ақидаҳои ҳуқуқии мардуми форс хеле назаррас аст. Ақидаҳои ҳуқуқии удар асарҳояш «Шаҳри накурой», «Моҳияти қонунҳои Афлотун» ва «Сухан оид ба таснифи илмҳо» гирд оварда шудаанд. Ба хусус дар асари «Шаҳри накурой» у ба ташкили ҷомеаи адлпарвар кушиш намуда, роҳҳои нигоҳ доштани идоракунии адолатнок ва таъмини некуаҳволии мардумро муайян намудааст. Ба ақидаи у санъати идоракунии ҳоким бояд ба таъмини шароити мусоид барои хушбахтии одамон мувофиқат кунад. Дар пояи фахмиши хушбахтон ва бадбахтон у ҷамъияти давлатҳои нек ва бадро кашф мекунад. Танҳо дар давлатҳои нек инсон худро ба пуррагӣ озод ва хушбахт ҳисобида метавонад. Тибқи ақидаи Форобӣ ҳар як шаҳрванди шаҳри идеалӣ бояд дар ҳолати озодии дохилӣ ва баробарии зохирӣ қарор гирад. Ҳамин тавр, ба тариқи сатҳӣ ҳам бошад, Форобӣ заминаҳои назарияи ҷомеаи шаҳрвандиро ҳануз дар он даврон кор карда баромад, ки асоси онро баробарии шаҳрвандон, озодӣ ва таъмини хушбахтии аъзои ҷомеа ташкил медиҳад. Абулқосим Фирдасӣ дар баробари зинда намудани тамаддуни мардуми тоҷику форс ғояҳои олии инсондустии шоҳигариҳои Пешдодию Каёнии Аҷамро бо низоми устувори давлату давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш манзури ояндагон гардонидааст. У аз адлу инсоф, баробарию бародарӣ, озодию мустақилияти халқу миллатҳо дар либоси назм акидаҳои судманду ибратбахш гуфтааст. Аз ҷумла, одилии шоҳ Нуширавонро дар озод намудани мардум аз пардохти вазнини андозҳо таъкид намуда, аз забони шоҳи одил баробарии мардумро новобаста аз мансабу вазифа ва шоҳу гадо будан дар назди офаридгор чунин таъкид мекунад:

Хирадманду бинодил онро шинос,

Ки дорад зи додори гетӣ сипос...

Маро дод фармуду худ довар аст,

Зи ҳар бартарӣ ҷовидон бартар аст.

Ба яздон расӣ, шоҳу кеҳтар якест,

Касеро ҷуз аз бандагӣ кор нест.

Дар назарияи Фирдавсӣ унсури муҳими ифодакунандаи ҳуқуқи инсон ибораҳои «дод», «ростӣ» (мутаносиби ҳақиқату адолат) ва «меҳр» (адлу инсоф) мебошанд, ки ҳоло низ назарияи навини ҳуқуқи табиӣ онҳоро маҳаки шинохти ҳуқуқи инсон қарор додааст:

Нафармуд моро ба чуз ростӣ,

Ки дев оварад кажживу костӣ...

Набояд, ки ҷуз доду меҳр оварем,

Дигар чин ба коре ба чеҳр оварем...

Фирдавсӣ то дараҷае ҳуқуқи инсонро мадди назар гирифтааст, ки дар пайравии таҷрибаи идоракунии шоҳони одили Сосонӣ дар ҳолати наборидани борони баҳор аз заминҳои лалмӣ гирифтани андозро манъ кардааст:

Махоҳед бож андар он буму руст,

Гар абри баҳораш ба борон нашуст.

Абу Ҳамид Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111) яке аз бузургтарин алломаҳои форсу тоҷик аст, ки доир ба ҳуқуқ, давлатдорӣ, фалсафа ва диншиносӣ асарҳои зиёде таълиф намуда, барои пешбурди тамаддуни пешқадами асрҳои миёнаи Шарқ хизмати арзандае кардааст. Аз Мухаммади Ғазолӣ асарҳои зиёд то ба замони мо омада расидаанд. Дар байни онҳо «Кимиёи саодат», « Эхёу-л-улуми-д-дин», «Насиҳат-ул-мулук» ва ғайра маъруфу машҳуранд. Ақидаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҳуҷҷат-ул-ислом Муҳаммади Ғазолӣ дар аксари асарҳои у ба назар мерасанд, вале дар байни онҳо «Насиҳат-ул-мулук» сирф ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Ғазолӣ ҳимояи ҳуқуқи инсонро бо роҳи тарбия намудани мақомоти роҳбарикунанда талкин мекунад. Аз ин назар у ба фалсафаи сиёсии юнониён, подшоҳони Аҷам, паёмбарони қавми яҳуд ва асосгузорону донишмандони исломӣ такя намуда, кушиши дар доираи адл, инсоф, авф, баробарӣ, хайрхохӣ маҳдуд намудани ҳокимиятро талқин менамояд. У ба ҳокимон ва маликҳо муроҷиат намуда, чунин андарзхо мегуяд:

«Фарзанди одамро адл кун, ҳамчунон ки бо ту адл кунанд».

* * *

«Хамдостон мабош бо зулм, ки вилоят вайрон шаваду раият дарвеш гардад. Ту он гоҳ; подшоҳи дарвешон бошиву солори вайронӣ ва дар ҷаҳон бадном шавӣ».

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1203-1205) яке аз мутафаккирони бузурги форсу тоҷик аст, ки дар мавзуи баробарии инсонҳо, дастгирии ятимон, маъюбон ва дармондагон андешаҳои ҷолиб гуфтааст. У тамоми одамонро мансуб ба табиати ягонаи одамӣ ҳисобида, таъкид мекунад, ки онҳо бояд дар ғаму шодии якдигар шарик бошанд, ба зердастон раҳму шафкат намуда, ятимону бепарасторонро эҳтиром созанд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

***

«Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд.»

***

«Бар раияти заиф раҳм кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ».

(Аз «Гулистон»)

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар асари безаволаш “Маснавии маънавӣ” пайванди ногусастании дустии мардуми форс, араб ва туркро суруда, дар либоси назм ҳадмдигарфаҳмию гуфтугуи воқеии намояндагони динҳои масеҳият, насрония ва исломро бо маърифати баланди инсонӣ сурудаст:

Дар маъонӣ қисмату аъдод нест,

Дар маъонӣ таҷзия в-афрод нест.

Иттиҳоди ёр бо ёрон хуш аст,

Пойи маънӣ гир, сурат саркаш аст.

Абӯалии ибни Сино (980-1037) роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ изҳори назар намуда, аввалин шуда, зарурати фардикунонии мансабдорони давлатиро таъкид кардааст. Тибқи ақидаи у як шахе дар як вақт наметавонад ҳам низоми идории шаҳрро бар ӯҳда дошта бошад ва ҳам низоми идории деҳро. Дар чунин сурат ҳуқуқхои инсонҳо поймол мегарданд, зеро шаҳр барои қонеъ гардонидани талаботи худ неруи муайянро доимо талаб дорад ва деҳ бошад, мутобиқан сарвари худро бояд дошта бошад. Гузашта аз он, дар чунин сурат як шахс бар манфиати худ сӯйистифода аз мансаб намуда, ҳуқуқҳои авомро поймол хоҳад намуд. Аммо дар масъалаи конунгузорӣ бошад, Сино ҷонибдори он аст, ки як мақоми қонунбарор метавонад ҳам барои танзими низоми шаҳр ва ҳам барои танзими низоми деҳ қонун қабул намояд. Ба назар чунин мерасад, ки ин табиби бузург аз илми сиёсат ва ҳуқуқ хуб огоҳӣ дошта, аввалин шуда назарияи тақсимоти ҳокимиятро дар Шарқ тарҳрезӣ намудааст.

Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ (1017-1092) машҳур ба Низомулмулки Тусӣ шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва мадании халқҳои Шарқ мавқеи назарраси илмӣ ва амалиро дорост. У дар байни мутафаккирони форсу тоҷик ва умуман ҷаҳон яке аз аввалин шахсиятҳои сиёсист, ки дар сари қудрати вазирӣ нишаста, бо супориши сарвари замони хеш китобе роҷеъ ба идораи давлат бо номи «Сиёсатнома» навиштааст. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» ба давлату давлатдорӣ диққати махсус дода, назарияи идоракунии шарқиро, ки аз таҷрибаи пешқадами шоҳони пешин ва замони исломӣ сарчашма мегирифт, барои давлатҳои қуруни вустоӣ ҳамчун намунаи модел тарҳрезӣ намудааст, ки дар он хушбахтии инсон ва ҳимояи ҳаққу инсоф мавқеи марказиро ишғол менамояд.

«Чун дуои халқ ба некуӣ пайваста гардад, мулк пойдор бувад ва ҳар руз зиёдат бошад, он малик аз давлату рузгори худ бархурдор бувад. Бад- ин ҷаҳон номи неку ва бад-он ҷаҳон растагорӣ ёбад ва ҳисобаш осонтар бувад, ки бузургон гуфтаанд: "Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд”.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз машҳуртарин донишмандони замони Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ буда, бо эшон мукотибаю дустӣ доштааст. Мақоми у, махсусан, дар воизиву тарғиби ахлоқи ҳамида шоистаи таваҷҷуҳ аст. Мероси адабиву ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ доманаи бепоён дошта, он мабнои фанҳои ахлоқ, таърих, тафсир,тасаввуф, фикҳ ва ғайраро фарогир аст. Ба қавли муҳаққиқин миқдори асарҳои илмии ӯ беш аз чил номгуй аст. Дар байни онҳо «Тафсири Ҳусайнӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия», «Бадоеъ-ул- афкор», «Ахлоки муҳсинӣ», «Мавохиб-ул-зуҳал» ва ғ. мавқеи назаррасро ишғол менамоянд. Дар асарҳои у назарияҳои ҷолиби диққат оид ба адлу ҳақиқат, инсоф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон баён ёфтаанд.

Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,

Давлати боқӣ зи камозорияст.

Мамлакат аз адл шавад пойдор,

Кори ту аз адли ту гирад барор.

    

 

Суҳайлӣ Расулов, номзади илмҳои филология, дотсент


14.02.2019     87