Тоҷикон дар гузаргоҳи таърих

Тулонитарин давраи тамаддун дар сарзамини Ориёиҳои бузург давраи Кушониҳо будааст. Мардумони он давра нафақат танҳо мардони ҷангӣ будаанд, балки ба гувоҳи таърих дар миёни кушониҳо ҳазорон олим, донишманд, паҳлавон, ҳунарманд, наққош, муҷассамасоз, меъмор, муҳандис ва ғайра вучуд доштаанд, ки гарду ғубори рӯзгор ва фишорҳои дуру дарози таърих ҳанӯз натавонистааст, ки осори таърихӣ ва офаридаҳои он давраро аз назарҳо пинҳон кунад, балки бисёре аз осори гаронбаҳои баҷомонда аз давраи Кӯшониён ба баракати ковишҳои илмӣ ва бостоншиносӣ дар Тоҷикситон ба даст омадааст, ки баёнгари таърихи дурахшони он давра ва нишоне аз устуворӣ ва истеъдоди саршори Кӯшониён. Қабл аз ин ки назаре ба таъриху тамаддуни давраи Кӯшониён андозем, беҳтар аст, ки бо мавқеяит ва таърихи кишварамон масъаларо оғоз кунем, то робитаи мантиқӣ миёни Ориёиҳо ва Кушониҳо равшан гардад. Тӯли қарнҳо ва солҳои зиёди таърихӣ Тоҷикистон- ин меҳани бостонии мо аз мавҷудият ва ҳастии хеш номҳои мухталифе ба ёдгор гузоштааст. Нахустин номи кишвари мо Ориёно буд ва Ориёӣ қадимтарин номи кишвари мо аст, ки аз аҳди Авасто ва забони авастоӣ маҳалли сарзамини Ориёиҳо, ки байни сарчашмаҳои Оқсу ва Сирдарё, шимоли Амударё ва Марвро ташкил медод аз чандин ҳазор сол дар он сарзамини васеъ зиндагӣ мекардаанд. Ба гувоҳи таърих нахустин номи кишвари мо Ориёно қаламрави васеътареро, ки аз ҷараёни рудхонаҳои Помиру Ҳиндукуш об мехурданд, ба номи Ориёно ташкил намуданд. Аз аҳди Авасто ҳазор сол қабл аз мелод то қарнҳои панҷуми мелодӣ, ҳудудан якуним ҳазор сол бар ин мамлакат тааллуқ мегирад. Саввумин ва охирин номи ватани азизи мо Тоҷикистон аст, ки дар қарни бистуми мелодӣ бар он гузошта шуд. Бар асоси ковишҳо ва пажуҳишҳои бостоншиносон тоҷикон мардумони аслӣ ва бумии сарзаминҳои Ориёнои кӯҳан, Хуросони бузург ва Фароруди бостонӣ мебошанд. Владимир Бартолд ховаршиноси шинохтаи рус менигорад: «Мутолеоти мо дар боби таърихи Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мардуми бумии он ҷо ориёиҳои тоҷикнажод будаанд.» Тоҷикон намояндаи яке аз қадимтарин ва бузургтарин ақвоми Осиёи Миёна ҳастанд. Эшон қабл аз зуҳури туркон дар ин ноҳия зиндагӣ мекарданд. Марказҳои умдаи сукунати тоҷикҳо Осиёи Миёна, Хуросони бузург, ба шумули Хуросони Шарқиву ғарбӣ, яъне Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрони кунуниву Мовароуннаҳр мебошанд. Дар асоси манобеи муътабари таърихӣ, тоҷикон яке аз қавмҳои бузурги ориёӣ ва дорои тамаддуну фарҳанги чандин ҳазорсола мебошанд, ки ганҷинаҳои фикриву маънавии онҳо дар марҳилаҳои мухталифи таърих ба забонҳои гуногуни зиндаи ҷаҳон нигориш ёфта ва ба наслҳои ояндаи ҷаҳон расонида шудааст. Ориёнои куҳан ба унвони меҳани таърихии тоҷикон, хостгоҳи оини бостонии Меҳр ё Митра, ки дар ҳазори дуввум ва саввуми қабл аз милод зуҳур карда буд, мебошад. Ҳамчунин, оини Зардушт, ки дар осори Авастоӣ интишор ёфтааст, Шашсад сол пеш аз милод дар ҳамин диёр шакл гирифта буд. Ин марзу бум натанҳо хостгоҳи оинҳои Метраву Зардушт, балки зодгоҳи аслии асотир ва хамосаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург низ мебошад.

Зуҳра Турсунова шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


24.07.2020     1456
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php