Тоҷикистонам гулистон мешавад

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва ба шаҳри сабз табдил додани он шаҳрдори ҷавони пойтахтамон Рустами Эмомалӣ саъю талош мекунад. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар буда, дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намудааст. Иқдоми навбатие, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба “Шаҳри сабз” мубаддал гардонидани пойтахти мамлакат пеш гирифт, ба хотири вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани Душанбешаҳр ва ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда , аз тарафи сокинони шаҳри Душанбе ва кулли аҳолии ҷумҳурӣ ҳамовозӣ пайдо намуд.

Ҳоло, ки мавсими ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст, мо худ шоҳиди онем, ки бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан Душанбешаҳр зина ба зина ба қуллаи мурод наздик мешавад. Дар доираи ин иқдом дар ҳама гӯшаю канори шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, майдончаву боғчаҳо, мактабу донишкадаҳо ва донишгоҳу корхонаҳои маъмурӣ аз ҷониби роҳбарият ин муассисаҳо корҳои ободониву ниҳолшинонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкил карда мешаванд. Мардум бо як руҳияи баланд ва кӯшиши самимӣ аз ин иқдом пайравӣ мекунанд. Шинонидани ниҳолу дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, гулу гулбуттаҳои ороишӣ ба ҳусни кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳусни нав зам мекунад. Мо хуб медонем, ки дарахтон ва боғу гулгаштҳо ба вазъи экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро аз оксиген ғанӣ мегардонанд.

Айни ҳол шаҳри Душанбе аз тарафи созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сафи яке аз «шаҳрҳои сабз» -и аз ҷиҳати экологӣ тоза пазируфта шудааст. Дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаву ободкоронаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис шуд, ки пойтахти Ватани азизамон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам ва шукуфон табдил ёфт.Ин аст, ки Душанбе ба феҳрасти шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон ва аз лиҳози экологӣ тозаи Осиё шомил шудааст.

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. ”Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”- иброз доштаанд Сарвари халқу мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз рафти тадбирҳои созанда дар саросари пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир дар сохтмони иншооти мухталиф, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо ба як макони дилфиреб ва шаҳри сулҳу ваҳдат мубаддал гардидааст, ки бемуҳобо, метавон дили Тоҷикистон – Душанберо хонаи уммеди тоҷикону тоҷикистониён номид. 

Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


23.12.2020     219
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php