Тоҷикистон рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор карда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрӯз бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд. Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Воқеан ҳам аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон беандоза буда, он ҷиҳати пешрафти иқтисодии кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад. Барқи Роғун ба хонаи ҳар яки мову шумо ворид гашта, онро рӯшан месозад, зиндагиамонро шукӯҳу шаҳомати нав мебахшад. Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки фарзандони бо ору номус ва соҳибкасби Тоҷикистон бо роҳбари ояндабини худ қодир ҳастанд ҳар гуна муаммоҳои ҷомеаи имрӯзаи моро ҳал кунанд. Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду якдилӣ мардуми сарбаланди тоҷик санг бар болои санге ниҳода, Роғунро сохтанд, то ки ояндаи мо нурафшону дурахшон бошад. 

Турсунова З. - шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа


15.09.2020     39