Тоҷикистон, парчамат бодо парафшон!

Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ид дорад.  Рӯзи  Парчам! Парчаме, ки халқи меҳнатдӯсту сулҳпарвари тоҷик бо як ҷаҳон орзуву умед аз он ифтихор дорад. Парчаме, ки  дар фазои беғубори Тоҷикистони офтобӣ ҷилвагар асту аз ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободи мардумаш дарак медиҳад.

Парҷам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии  соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои муқими он ба шумор меравад. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон буда, ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол сарчашмаи ифтихор аст.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми  ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда  мешавад. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шудааст. Пӯшида нест, ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед – рамзи покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии  асосии мамлакат – пахта аст. Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин,рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр  будани Ҷумҳурии  Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳамчун рамзи  бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Аз ҷумла, пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори мо - тоҷикон мебошад. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ парчами Тоҷикистони  соҳибистиқлол дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои дунё парафшон аст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон  бо роҳбарии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти милливу давлатӣ  халқу миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Он ба сифати  рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза баҳри  соҳибистиқлолӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ  мекунад.

Бигзор Парчами  Тоҷикистон болои сари миллату давлати тоҷикон, ҳамчун мояи ифтихору сарсабзӣ ҷилвагар бошад! 

Таибов С.А.  –  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 Муҳидинова М. -  шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа 


24.11.2020     80