Тарбияи ташаккулёбии ахлоқию маънавии донишҷӯён дар мисоли фаъолияти ситораи нотакрори саҳнаи театри тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов

Тарбияи ташаккулёбии ахлоқию маънавии донишҷӯён дар мисоли фаъолияти ситораи  нотакрори саҳнаи  театри тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов

Ба ифтихори 80-солагии ҳунарпешаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов

“Шумо бояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориҳоро омӯзед. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳи бояд хислатҳои муҳимтарини  ҷавонони мо бошанд” Эмомали Раҳмон  

Имрӯзҳо ташаккулёбии сифатҳои ахлоқию маънавии шахсияти ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши мо, омӯзгорон  хеле муҳим аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус  донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро асоси ҷомеаро одоб ва маънавият ташкил медиҳад.

Мероси бою гаронбаҳои фарҳанги халқи куҳани тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон пеш аз ҳама аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, масъалаҳои ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.     Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли оянда эҷодиёт ва фаъолияти  фарзандони намоёни барӯманд ва  мутафаккирони бузурги халқи тоҷик намунаи ибрат ва шоистаи пайравист.

Бояд қайд кард, ки дар  таърихи башарият ва дар  ҳар давра шахсиятҳое ба майдон меоянд, ки барои рушди ин ё он  соҳа саҳми босазову бузург гузашта, бо меҳнати ҳалол  ва рафтору навини худ ба пешрафти ҷомеа мусоидат  мекунанд. Яке аз чунин фарзандони барӯманди халқи тоҷик,  ки ба рушду нумӯи соҳаи фарҳанги  театрии халқи  азизамон   хизмати назаррас намудааст, шодравон  Маҳмудҷон Воҳидов мебошад.

Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва ровии  намоёни  халқи тоҷик  ҳамагӣ 38 сол умри хеле  кӯтоҳ дидааст. Афсӯс, ки риштаи ҳаёти ӯ дар  айни  камолоти эҷодӣ ба таври фоҷиавӣ  канда шуд. Ҳунарпешаи  мумтоз дар  тӯли умри кӯтоҳи худ  дар театр ва кинои тоҷик, эстрадаи  консертӣ, радиову телевизион басо  навҷӯию навоворӣ намуда, дар пешавиии фарҳанги куҳан ва ҳам навбунёди  халқи тоҷик саҳми хеле сазовор гузоштааст.

Кобили зикр аст, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиёти ин ҳунарпешаи нотакрор як қатор  олимон-намояндагони  соҳаи фарҳанг, ҳунарпешагон, адибону нависандагон, аз ҷумла,  академик Акбар Турсун, Иброҳим Усмонов, Низом Нурҷонов, Камол Айнӣ, Отахон Латифӣ, Саидали Маъмур, Лоиқ Шералӣ, Атахон Сайфуллоев,Фазлиддин Мухаммадиев, Низом Қосим, Нурулло Азимов,  Рустам Воҳидов ва чанде дигар  тадқиқиқот бурдаанд, ки зимни навиштачоти зер шамаҳое  аз  офаридаҳои эшон  хоҳем кард. [1-16]

   Маҳмудҷон Воҳидов 10 октябри соли 1939 дар шаҳраки  Шайдон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вай соли 1956 мактаби миёнаи №2 шахраки мазкур ва соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи (ГИТИС) Маскавро хатм намуда , дар оғоз ба ҳайси актёри Тѳатри мусиқӣ-драмавии ба номи А.С.Пушкини ш. Ленинобод (1960-61) ва баъдан, аз соли 1960 то вафоташ, дар  Театри давлатии академи-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ содиқона  хизмат кардааст. [1.354]

Маврид  ба зикр аст, ки М.Воҳидов дар саҳнаи театр нақшаҳои бисёреро офаридааст, ва образҳои «Митя ва Незнамовро  дар  спектаклхои«Камбағалӣ айб нест” ва «Гунаҳгорони бегуноҳ»,-и Н.Островский, Ромеоро  дар Ромео ва Ҷулетта»-и У. Шекспир  Бейлиро дар «Ҳуррият»-и Г.Абдулло,  Азизро дар  «Дуэл» -и М.Байҷиев, Бежанро (аз «Бежан ва Манижа»-и Х-Хушкинобӣ, Эзопро  дар  «Эзоп»-и «Фигейреду», Рудакӣро  дар «Рудакӣ»-и С.Улуғода, Мамбетро  дар «Куллаи Фудзияма»-и Ч.Айтматовва, Қ.Муҳаммадҷонов, Усмонхоҷаро дар «Гарнизон таслим намешавад»-и Ч-Икромӣ, Хизрхонро  дар «Фарёди ишқ»»;-и F.A6дулло) ва боз чунин нақши дигарро офаридааст.  [16.652]

М.Воҳидов дар  накшҳои дар боло зикршуда  хеле  моҳирона санъати  актёрии худро нишон дода, дар онҳо  хусусиятҳои умумиинсонӣ ва  таърихи  куҳани миллии тоҷикро моҳирона  намоиш додааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳунари эҷодии  ӯ  ҳангоми офаридани нақши Митя аз спектакли «Камбағлӣ айб нест», ки  кори дипломии ӯ маҳуб меёфт соли 1959  дар Институти театрии ба номи Луначарский устодонашро ба ваҷд овардаа  будааст. Аз ҷумла, дар газетаи «Советская культу­ра» дар ин боб чунин омадааст: «Воҳидов образи лирикии нарму дилрабои мудири хоҷагии камбағали амлокдор Митяро эҷод намуд. Аммо ин фатонати ҷавонӣ ва мустақилияти муқаррарӣ набуда, балки, пеш аз ҳама, ҷозибаи эҳсоси зинда ва самимист” [7.].

Фаъолияти актёрии М.Воҳидов асосан дар саҳнаи ҳамин театри ба номи  А.Лоҳутии номдори Тоҷикистон равнақ меёбад. Бори аввал соли 1957 дар  Ҳафтаи маданияти Тоҷикистон дар Маскав ширкат варзида, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсақаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-қироат  намуда ба шуҳрату муваффақияти аввалин ноил  гардидааст.Он вақт  овози махмалину ширадораш, шавқу завқи бепоёнаш ҳамаро ба хуруш овард. [ 1.354 ]

Зикр  кардан бамаврид аст, ки дар саҳнаи тоҷик М.Воҳидов асосгузори намоиши театри бо иштироки як актёр буда,  бо номи театри як ҳунарпеша маълум гардида буд.   Ӯ худ режиссёр ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо,буда, чун дар моноспектакли нахустинаш «Гуфтугӯ бо худ» (1967) масҳуб меёфт. Солҳои 1969 ва 1971 боз моноспекталҳои «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи шеърҳои шоирони советии тоҷик), ва «Ишқи зиндагӣ»- ро  (аз  ғазалҳои Ҳофиз)- бо маҳорати баланд намоиш дод, ки худаш мураттиб, режиссёр ва иҷрокунандаи онҳо буд.[9.70-102] 

Қобили қайд аст, ки соли 1974 М.Воҳидов таҷрибаи моноспектакли пешинаро  бо фикрҳои  нав  ғани намуда, ҳамзамон   аз рӯи рубоиёти Умари Хайём  ба забони русӣ композитсияи нави  адабиро  иборат аз ду қисм  бо номи «Наедине  собой» («Гуфтугӯ бо худ»)  ба саҳна гузоштааст. Дар китоби устод  Н. Нурҷонов “Маҳмудҷон Воҳидов”  қайд карда шудааст, ки  Маҳмудчон бештару ҷиддитар кор карда, нусхаи тоҷикӣ ва  русии онро басо  саҳназеб намудааст. [9.102-138]

Дар ин бора худи  М.Воҳидов дар дафтари кориаш ин тавр    қайд кардааст «Ман Хайёмро кашф намекунам. Ӯ нӯҳсад сол аст, ки кашф шудааст. Ман рубоиёти ӯро қироат намуда, дардҳо ва ҷустуҷӯйҳои санъаткорони зиндаро ба хотир меорам. Ба воситаи суханони  ӯ мо изтиробу  ҳаяҷони худро ошкор мекунем». [9.103]

 «Ман дар саҳна образи Хайёмро не, балки арбоби илму фарҳангро офаридам»,- мегӯяд Вохидов дар сӯҳбат бо А.Турсунов.  [ 12.92]

Тавре, ки   профессор Н.Нурҷонов қайд кардааст, «спектакл «Наедине  со  собой»  рӯзи дуввум  дар хонаи маданияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ва  хонаи  маданияти Автозаводская  намоиш нишон дода шудааст, ки чунин намоиш дар  таърихи маданияти тоҷик  бешакку  шубҳа  воқеаи фаромушнашавандае будааст. Дар ин бора дар  маҷаллаҳои «Театр», «Театральная жизнь», рӯзномаи «Советская культура»  мақолаҳо чоп гардида  ба заҳмат ва маҳорати  ин  ҳунарпеша  баҳои баланд дода шудааст[9.122]

  «...Спектакле, ки дар Маскав намоиш дода шуд, ба­рои тамошобини пойтахт падидаи тоза буд. Пеши назари ӯ рубоиёти Умари Хайём бори аввал бо чунин тамомият садо доданд. Ба гумонам, ба композитсияи намоиш дохил карда­ни ашъоре, ки ба забони тоҷикӣ иншо шудаанд, комёбии дигари спектакл аст. Зебоии забони миллӣ, оҳангу танини пуршиддати он ба мо шоир, замони ӯ ва ватанашро наздиктар сохтанд»,- навиштааст  маҷаллаи «Ҳаёти театрӣ». «Оханги асосии спектакл маънои ҳаётро дарк намудани одам мебошад. Ғояи намоишро ин тавр ифода намудан мумкин аст: «Ҳамдигарфаҳмии миллатҳо дар давоми асрҳо ва ҳазорсолаҳо ягонагии мураккаби тамоми инсониятро таъмин мекунад»,- қайд кардааст рузномаи «Маданияти шуравӣ». [13.122]

Гуфтан ба маврид аст, ки дар  рӯзҳои маданияти  Тоҷикистон дар Қирғизистон, ки  сентябри соли 1976 баргузор гардидааст  ду бор  дар шаҳри Фрунзе   «Наедине с  собой»- ро М.Воҳидов   бо  тантанаву шукӯҳ намоиш дода  муваффақияти калон ба даст овард. Ҳунарпешаи  мардумии  Кирғизистон  К.Молдобосанов дар маросими  пӯшида шудани рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Кирғизистон аз ҷумла чунин гуфтаст: «Мо ҳунарнамоии артисти халқии  Тоҷикистон Маҳмуд Воҳидовро дар толорҳои пур аз одам бо шавқу ҳавас тамошо кардем. Он ба мо кумак расонд, ки олами зебо ва беканори назми тоҷикро амиқ дарк намоем» [8].

 Яке аз мунаққидони Қирғизистон  низ  гуфтааст:  «Оре, Хайём бузург аст. Аз замони зиндагии вай қариб хаштуним аср гузашт. Аммо муҳаббати хонандагон нисбат ба рубоиҳои ӯ рӯз то рӯз зиёд мешавад. Оё онро аз саҳна хондан дуруст аст? Охир, Хайём маҳрамона, гуё ки танҳо ба шахсе муроҷиат дорад. Ин ҷо спектакл, муроҷиат ба тамоми толор. Оё ҷозибияти шеъраш гум намешавад? Воқеан, «моноспектакл» чист? Тамоми шаб дар саҳна - як ҳунарманд. [2.133-134]

Театршиноси маскавӣ И.Иняхин ба намоиши «Наедине с собой» баҳои баланд дода, овоз ва маданияти нутқи М.Вохидовро махсус қайд кардааст: «Овози актёр хушоҳанг ва равону дилангез аст. Тағйирёбии мавҷи садопардаҳо қобили дарк буда, оҳанги муттасили хосеро ба вуҷуд меоранд, ки дар айни замон устувор ва беғаш аст. Актёр на танҳо тобишҳои хоси камеравиро истифода мебарад. Матн гоҳ-гоҳ ба забони форсӣ (точикӣ, Н.Н.) садо медиҳад, ки ин ашъорро пурасрор месозад. Пинҳон намедорем, мо ҳам вақти ба театр рафтан шубҳа доштем. Шаби ҳунарнамоии Махмудҷон Воҳидов толор пур аз одам буд. Оромии том ҳукмфармо буд. Андеша бо ҳаяҷон бармехурд. Ва ҳамаи инро як ҷавони зебо эҷод карда буд... Ӯ бо худ - бо шеъри олӣ гуфтугӯ дошт, аз рамзу роз гап мезад, хурсандӣ мекард, ба ғазаб меомад, нафрин мехонд. Ва ҳамроҳи ӯ мо ба изтиробу ҳаяҷон меомадем». [4.53]

Бар иловаи ҳамаи ин   М.Воҳидов нерӯи эҷодиашро дар соҳаи кинои тоҷик   озмуда, дар ин ҷодаи санъат  мавқеи хеле хоса пайдо карда, саҳми босазое гузошт,  бо киностудия "Точикфилм" робитаи қавию ҳамкории босамар дошт. Ӯ дар бисёр филмҳои ин студия нақшҳои муассиру хотирнишин, аз ҷумла роли Шариф (аз филми "Зумрад", 1961, Раҷаб (аз «Ҳасани аробакаш» 1965, котиби райком Кодиров (аз «Ҷура саркор», 1965), Тулод (аз «Достони Рустам», 1971), Аҳмади Дониш (аз «Ситорае дар зулмот», 1972), Олим (аз «Асрори гузаргох», 1973)- ро иҷро намуда, ҳамчун артисти кино низ шуҳрат ёфта  дар дуб­ляжи яксилсила филмҳо  ширкат варзидааст. Кинорежиссёри намоёни тоҷик Б. Кимёгаров ин ҳунарпешаи соҳибистеъдодро ба филми наваш «Ҳасани аробакаш», ки аз рӯи достони М.Турсунзода таҳия мегашт, даъват намуд. Коргардон ба ӯ нақши начандон бузург комсомол Раҷабро супорид.  Ҳамчун боз як нақши хурд дар иҷрои М.Воҳидов таваҷҷӯҳи тамошобинонро ҷалб намудааст. Он нақши котиби комитети партиявии ноҳияе дар филми «Ҷура саркор» буд, ки онро коргардон Марворид Қосимова ба навор гирифт. Филми «Рустам ва Суҳроб» соли 1972 дар кинофестивали умумииттифоқӣ дар Тифлис сазовори ҷоизаи якум гардид. Ҳамон сол М.Вохидов барои иҷрои нақши Тулод дар қатори эҷодкорони филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» Б.Кимёгаров, Д.Худоназаров, Б. Ватаев, Х. Гадоев сазовори мукофоти давлатии ЧСС Тоҷикистон ба номи Рудакӣ дониста шуд. Мавзӯи асар ба коргардон шинос буд. Соли 1972 Воҳидов дар филми «Ситораи шабистон» нақши Аҳмади Донишро бомуваффақият иҷро карда буд. Бидуни ин, мавзӯи санъат ва замон, шоир ва ҷомеа, нависанда ва халқ, эҷодиёти адибони бузург ба ин санъаткор тавассути чандин корҳои пешинааш наздик буд [9.262-275]

Хизмати М.Вохидов дар рушди «Радиотеатр»-и тоҷик низ басо калон аст. Ҳунарпеша ҳангоми офаридани нақш дар ин ё он радиоспектакл, ё радио-инсенировка, чун ба накши дар намоиши театр иҷрокардааш муносибат мекард. Кори актёр дар радио хусусиятҳои хосе дорад. Ӯ дар театр, кино, те­левизион, эстрада ҳунарҳои  ниҳони худро истифода бурда метавонист.  Ӯ симои қаҳрамонони асосии повестҳои инсенировка шудаи Чингиз Айтматов «Ҷамила» ва «Чашми шутур», Маҷнун аз «Лайли ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, Ромин аз «Вис ва Ромин»-н Гургонӣ, Бежан аз «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсй, Печорин аз «Бела»- и Лермонтов, Шопир аз «Нисо»-и П.Лукнитский, котиби райком аз «Дарё мачрои нав мечуяд»-и М.Начмиддинов, командир аз «Вафо»-и Ф.Ниёзиро офаридааст. [9.165]

Қобили зикр аст, ки оинаи нилгун барои М.Воҳидов ва ҳамкасбонаш театре буд, ки нав тавлид меёфт. Теленамоиш яке аз соҳаҳои  навин буд, ки актёрҳои пойтахт бояд дар бунёд ва ташаккулаш ширкат меварзанд, онро инки­шоф медиҳанд, то ки  шавқ ва ҳаваси мардумро ба ин  жанри драма бедор кунанд

Театри ба номи А.Лоҳути соли 1971 ба мазҳакаи  ҳамосии  драманигори  муосири Бразилия Гилйерм Фигерейдо «Рӯбоҳ ва ангур» «Эзоп»  ро ба саҳна монд. Муваффақияти намоиши «Эзоп» пеш аз ҳама ба комёбии барҷастаи Маҳмудҷон Воҳидов вобаста буд. [9.171,191]

Соли 1962 М.Воҳидов дар драмаи  «Гунаҳгорони бегуноҳ»- и А.Н.Островский  нақшаи Незнамовро иҷро кард. Хеле хуб аст, ки режиссёр ва иҷрокунанда Незнамовро ҳамчун инсони дунёи ботинаш амик нишон додаанд»,- гуфта буд театршиноси номии Маскав О.Н.Кайдалова дар вақти муҳокимаи спектакл.  Баъдтар О.Н.Кайдалова дар китобаш чунин меоварад: «Иҷрои ин нақши Незнамов, аз сифати нави ҷараёни романтики дар театри тоҷик, аз санъате  шаходат медиҳад, ки бо ифодаи мураккаби ҳиссиёт ва фикрҳои инсон, бо ҳамаҷониба кушодани олами маънавии ӯ бой гардидааст. Акнун мувофиқати изтиробу ҳаяҷони романтики бо ҷустуҷӯи ҳақиқати характерҳо, бо ифодаи жарф ва самимонаи ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳо чизи асосӣ гардид. [5 . 183].

Бояд кайд кард, ки соли 1973 дар сахнаи  театри ба номи А.Лохути драмаи С.Улуғзода «Рӯдакӣ» -ро ба саҳна гузошта шуд,  ки дар он нақши Рӯдакиро М..Воҳидов иҷро кард. «Рӯдакӣ ба назари ман дар иҷрои М.Вохидов чун шахси  ботаваҷҷуӯҳ, хушсалика, зарифу латиф ва нотарс падид меояд, дар ӯ оҳанги озоди илҳоми «мотсартӣ» ва парвози андеша эҳос мешавад. Аз ин ҳама ҳувайдост, ки шахсияти шоир ва истеъдоди фитрии вай ба мисли шоир ва тақдири ӯ аз ҳамдигар ногусастанист»,- қайд кардааст Артисти халкии СССР Г.П.Менглет. [9.232].

Аз гуфтаҳои дар боло зикр шуда  маълум гашт, ки Маҳмудҷон Воҳидов  нисабати касби худ серталаб буда,  дар моноспектаклҳояш пеш аз ҳама шоирро чун инсони ҷӯяндаи ҳақиқат нишон додааст. Ҳар актёри бузург дар барномааш нақше дорад, ки дар он беҳтарин сифатҳои артистии ӯ озод ва пурра кушода мешаванд ва ин нақш рамзи ҳамин ҳунарпеша мегардад. Барои Маҳмудҷон Воҳидов ин рамз якканамоишҳои ӯ гардиданд. Онҳо иқтидори бузурги ин актёрро исбот намуданд. Якканамоишҳо аз ҷӯяндаву ёбанда будани Маҳмудҷон, маҳорату маданияти баланди актёрй ва режиссёрии у шаҳодат доданд.

Бо итминони комил  гуфта метавонем, ки Маҳмудҷон  Воҳидов ба ғайр аз санъаткори асил будан худро ҳамчун намояндаи пешқадами халк нишон додаааст. Ӯ ғояҳои инсонпарваронаи беҳтарини  фарзандони миллатро, ки дар тамаддуни ҷаҳон ҳисса гузоштаанд, ифо­да намудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Маҳмудҷон Воҳидов  аввалин шуда анъанаҳои миллиро зинда намуд, ғанӣ гардонд, ба он шакли театри инкишофёфтаи имрӯзаро бахшид, худро ҳамчун яккахон тасдиқ намуд. Дар ин рох ба ӯ шавқу ҳавас, муҳаббати баланд нисбат ба ганҷинаи бебахои назми классикӣ, нутқи зебо ва андоми дилкаши актёр мадад расонд. Якканамоишҳои у шавқу завқи мардумро ба осори мутафакки- рони гузашта ва адибони муосири тоҷик хеле афзуд, сафи мухлисонашро зиёд кард. Ҳунарпеша дастовардҳои маданияти образофарии имрӯзаро истифода бурда, суннатҳои адабиёти классикиро эҷодкорона равнақ дод, руҳи одамонро бедор кард, адибони номиро зинда намуд ва санъати волои ононро дастраси тамошобини имрӯза гар­донддааст. Якканамоишҳои Воҳидов боигарӣ, зебоӣ ва имкониятҳои забони тоҷикиро, ки дар байни забонҳои ҷаҳон мавқеи сазоворро ишғол менамояд, муарифи  намудааст. Овози  Маҳмудҷон қудрате дошт, ки ба торҳои нозуки қалби инсон нохун зада, хурдтарин нишонаҳои дар­ду алами одам ва эҳсосу ҳаяҷони ботинии уро ифода кунад. Ҳунарпеша нутқро дар эҷодиёт аз ҳама муҳим, фаъол ва матлуб медонист. Сухан барои Маҳ­мудҷон ифодакунандаи андеша ва эхсос ба шумор мерафт. Барои ҳа­мин ӯ ба неруи сухан, таъсири он аҳамияти ҷиддӣ медод ва ба воситаи он эҳсоси хакикиро ба даст меовард. У медонист, садои дили инсон, ки бо сухан баён меёбад, ҳатто нисбат ба садои мусикӣ гуногуну пуртаъсиртар аст. [9.130,192].

 Чи хеле, ки завҷаи меҳрубони Маҳмудҷон, Дилрабо Саидмуродова, ки  масъулияти  оила, ташвиши  ҳаррӯзаи рӯзғор, тарбияи писарашон Масрур, духтарашон Дилафрӯзро ба зимма гирифта фарзандонашонро ба воя расониданд, қайд мекунад, ки дар тулии фаъолияти хеш Маҳмудҷон Воҳидов дар   бисту панҷ дафтар андшаяҳошро гирд овардааст. Дар онҳо  фикру  мулоҳизаҳои ҳунарпеша дар хусуси  нақшҳои  офаридааш, муҳокимаи  баъзе намоишҳо, мазмуни мухтасари  баромади нотиқон    баён ёфтаанд[9.308].

Маҳмудҷон дар санъат мавзӯ худ - мавқеи шахсият дар фарҳангро пайдо кард. Ин мавзӯро дар заминаи маводи замонҳои гузаштаву имрӯза, дар фазои васеъ бо рангуборҳои гуногун, дар вобастагии анъанаҳои мухталиф, дар симои ба худ хоси инсонӣ ҷило додааст.

Маҳмудҷон Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ 12 ноябри соли1977 дар шаҳри Бағдод аз олам гузаштааст.

   Доир ба ҳаёт ва фаъолияти  ин ҳунарманди мумтоз, актёри номдор, сухандону су- хангӯи машҳур, санъаткори маъруфу шинохтаи тоҷикону Тоҷикистониён- зодаи диёри бостонии Ашт ва ифтихори мардуми Тоҷикистони азиз даҳҳо мақола, очерку лавҳа ва шеърҳо, аз ҷумла дар китобҳои  “Ёдномаи  Маҳмудҷон Воҳидов(1982), "Кирони Саъд"-и А.Турсунов (1986), «Маҳмуди сухангӯ» -и Рустам Воҳидов (1989) ва  "Намемирад ҳунарманд"-и Р.Бо­лидов, Нурулло Азимов «Симои Ашт» (2001). Низом Нурҷонов «Маҳмудҷон Воҳидов",2009 ба табъ расида, дар онҳо аз боби ҳиссаи бузурги у дар инкишофи санъати театрии тоҷик, истеъдоди баландаш дар соҳаи санъат, меҳнатдустӣ, ватанпарварӣ,  одамдустӣ, ғамхору дилсуз буданаш, хоксорию фурутанӣ барин хислатҳои наҷиби ин санъатко­ри нотакрор  бо ахамияту  ҳаячон сухан гуфтаанд. [1.355]

Хизматҳои барчҷстаи ин ҳунарманди нотакрор бо ордени "Нишони фахрӣ”, медалҳо ва унвони "Артисти халқи РСС Тоҷикистон” (1973), Мукофоти давлатии ба номи Рудакии Тоҷикистон (1972) қадр карда шудаанд.

Боғи маданияту истироҳати маркази ноҳияи Ашт-Шайдон ҳам ба номи М.Воҳидов буда, он обод, дилкаш, сабзпушу гулзор ва дарахтони мевадораш бороваранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  рӯзҳои  25-27 марти соли 2016  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов вокеъ  дар шаҳраки  Шайдон бинои нави “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Вохидовро”ба истифода доданд.   Дар саҳни ҳавлии театр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва суҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ оростанд.

Кобили зикр аст, ки дар ситоиши Маҳмудҷон Воҳидов бисёр  як қатор  олимони, намояндани  соҳаи фарҳанг, ҳунарпешагон, адибону нависандагон, шеъру хотираҳо навиштаанд.

Бенисон Кимёгаров, кинорежиссёри номӣ: «Ҳар як  оғози театрии Воҳидовро бо шавқ тамошо мекардам… Ҳангоме, ки ӯ дар  театр образи Рӯдакиро офарид, ман самимона муборакбодаш кардам. Дар воқеъ ҳам образи олиҷанобе тавлид шуда буд…Ба андешаам, образҳое, ки Маҳмуд дар кино офарид, барои самимӣ баромадани персонажҳои саҳнавиаш ба андозае таъсир расондандад….Барои мо қаҳрамонҳои  вай дар кино мерос мондаанд, овози пуршираи ӯ, ки дар радио сабт шудааст, хотирае мебошад. Ёди  Маҳмуд Воҳидов  дар хотираи мо абадист. Ин шояд аз ҳама  асоситар, азизтар,ва муқаддастар бошад». [ 3.122]

Марям Исоева, ҳунарпешаи халкии Тоҷикистон: «Ҳар  он чи Маҳмуд дар санъат соҳиб шуд, самараи меҳнати ҳалол, ҷустуҷӯи паёпайаш буд. Шарофати  меҳнатдӯстиаш аст, ки ӯ дар театру кино мавқеи хосае пайдо кард, овози ширадорашро на фақат пиру барнои Тоҷикистон, балки дар ҳамаи республикаи иттифоқи эътироф карданд…. Ӯ дар оянда ва орзӯи бузург, нақшаи накӯе дошт, аммо марги бемаҳал ин ҳамаро нотамом монд. Санъати тоҷик чизе гум кард, касеро гум кард, ки ибораи «актёр Воҳидов» онро ифода карда наметавонад. Ман меҳнати ӯро дар санъати то­ҷик ба дили сӯзони Данко шабех додан мехоҳам. Ва нури ин дил, дар воқеъ, роҳи мо дӯстон ва ҳамкорони ӯро равшан месозад ва мо ин машъалро, ки бояд ақоид, андеша ва афкори инсониятро мунаввар кунад, бошарафона даст мегирем» [ 3.124-1281]

Акбар Турсунов, академик мегӯяд: “Маҳмуд Воҳидов аз ҷумлаи ҳамоне хунарпешагони типи нав буд, ки онҳоро  санъатшиносон «актёрҳои зиёӣ» ном кардаанд; аз ҷумлаи онҳое буд, ки дар баробари соҳибмаълумот, хушзавқ ва нодиракор буданашон, ҳомили  барномаи хоссаи эҷодӣ мебошанд, дар мавқеи муайяни иҷтимоию гражданӣ меистанд ва онро пайваста ҳамлу ҳимоят мекунанд. Аз ни маънӣ дар саҳнаи ҳунари тоҷик зуҳур кардани Маҳ­муд Воҳидов барин актёри андешаманд дар ҳаёти мадании республикаамон як воқеаи назарраси ҷамъияти буд. Пас, мебоист ӯро  чун  ҳамагуна сарвати гаронбаҳои ҷамъият бо чашми эътибор диду ҳамаҷиҳата эҳтиёт кард, барои ба вуқӯъ пайвастани имкониятҳои рӯҳониаш шароити мусоид  муҳайё  сохт, иззати нафсашро ба ҷо овард ва ниҳоят то ҳадде, ки бояд, ба қадру қиматаш бирасид”[ 6.50-51]

Отахон Латифи, рӯзноманиногр қайд мекунад: “Дар санъати Махмуд Воҳидов беҳтарин намунаҳои мероси маданияти бостонии тоҷик ва халкҳои гуногунмиллати кишварамон омезиш ёфта буданд. Ба ӯ маҳдудияти милли бегона буд… Ҳарчанд ки дарди талафи  ӯ  то ҳол мисли захми носуре дар дили мост, мо бояд хурсанди кунем ва аз тақдир миннатдор бошем, ки дар шафати мо, барои мо наслҳои оянда Маҳмуд Воҳидов зиндагӣ ва эҷод кардааст. Хушбахтии мост, ки  ҳамроҳи  мо зиста буд. Хушбахии мост, ки ӯ зинда аст ва зинда хоҳад монд!  Он кассе, ки рӯҳи халқро бедор мекунад, ҳаргиз намемирад!» [ 3.143-144 ]

Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон мегӯяд: «Махмудҷон чуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди  ӯ санъат буд.  Ӯ як рукни хеле. бузурги санъати халқро обод дошта буд, акнун ин гӯша холӣ мондааст. Вале  наслҳо  ба хотири ӯ ин гӯшаро пур мекунанду ёди ӯро зинда медоранд. Ман бошам,  ӯро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд мекугаму дашро ҳам ба шъеърҳои Ҳофиз месупорам. Эчодиёти ин хунарпешаҳои номӣ бори дигар исбот намуд, ки инсон аз уҳдаи бисёр корҳо баромада метавонад, агар ӯро дуруст ёд ва шахсияташро дуруст ташаккул диханд” [ 3.153-154 ]

 Имрӯз мо итминони  комил дорем, ки корманадони соҳаи маориф. илму  фарҳангу ҳунар, мактабҳои миёна ва олии ҷумҳури ,ки ба тарбияи наслу наврас машғуланд дар тарғибу  осори   дилангези  ин эҷодкори  мумтоз саҳми муносиби худро мегузоранд. Бисьёр кори хубе  мешуд, агар ҳар сол «Рӯзи ёдбуди Маҳмудҷон» гузаронда шуда , дар он рӯз озмуни шеърхони карда шавад.

Бешак, Маҳмудҷон  Воҳидов  ҳунарпешаи пуркору соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос буданд. Пеш аз ҳама заҳматталабӣ,  аз рӯи қобилияташон қадр намудани одамон хислатҳои ҳамидаи ӯ буданд. Мавсуф   шӯълае буданд, ки бо шуояшон оламиёнро зиё мебахшиданд. Чароғе  буданд сафояшон ҷаҳонро  меафрӯхт, ахтаре буданд бо ҷилояшон  ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур ато менамуданд, хуршеде буданд  бо партавашон қалбҳоро  гарм мекарданд.

Ногуфта намонад, ки  Маҳмудҷон Воҳидов дар тули фаъолияти каме бошад  ҳам,  ба масъалаи  тарбияи насли нави ҳунарпешаҳо таваҷҷуҳ доштанд. Чи хеле, ки профессор Н.Нурҷонов дар китоби “Махмудчон Вохидов» [9.] “Аввали солҳои ҳафтоди асри XX Маҳмудҷон Воҳидов  муддате дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода аз нутқи саҳнавӣ барои донищҷӯён дарс додаанд. Ӯ ба кор зуд меҳр баст, кӯшиш намуд, ки камолоти шогирдонашро ба даст орад. Маҳмудҷон ба онҳо ишқеро, ки ба назм дошт, инчунин тарзи пурэҳсос  ва пурмаъно хондани  шеърро ёд дод. Бо ин роҳ дар қалби шогирдон нисбат ба каломи бадеъ оташи муҳаббат меафрӯхт, рӯҳи онҳоро пок, даҳони маънавияшро ғанӣ менамуд. Ӯ ки худ  шахси  баландмаърифат, бомаданӣ, зиёии  ҳақикӣ буд, ба дӯстони наздикаш бо хасрат  мегуфт, маданияти умумии  ҳунарпешахои оянда, ки дар Душанбе таҳсил доранд, ноқисӣ мекунанд, ташнагии онҳо ба дониш, намудҳои гуногуни санъат камтар ба назар мерасад,  онҳо  намекӯшанд, ки навигарӣ ва пешравиҳои маданиятро дурусттар  дарк намоянд, донишу малака ва ҳунаромомӯзиро мунтазам сайқал диҳанд” [9.359, ]

Мо бо итминони комил бо гуфтаҳои профессор Н.Нурҷонов  тарафдор ҳастем, ки қайд кардаанд: “Истеъдоди шахсияти эчодӣ, санъаткори барҷаста худ аз худ пайдо намешавад. Дар куҷо, дар дастаи кӣ чӣ тавр таълим гирифтани ӯ аҳамияти бузург дорад. Малика Собирова, Маҳуд Вохидов, Ҳошим Гадоев, Фаррух Рузиматов аз он сабаб то ба дараҷаи ҳунарварони бузург расиданд, ки устодонашон шахсони хирадманд ва пуртаҷриба буданд. Онҳо худашон низ тарбияи муаллимони бузургро дида, дар роҳи таълиму тарбияи насли нав камар бастанд. Маҳз маҳорати чунин мураббиён, илова бар ин истеъдод ва заҳмати доимии худи ҳунарпеша чунин фардиятҳои нотакрорро дар майдони санъати баланд овард. Инҳо тамоми мураккабиҳои касби ҳунарпешагӣ, эҷодиёт, роҳҳои мукаммал намудани санъаткориро дарк намуданд. Эҷодиёти ин ҳунарпешаҳои номӣ бори дигар исбот намуд, ки инсон аз уҳдаи бисёр корҳо баромада метавонад, агар ӯро дуруст ёд ва шахсияташро дуруст ташаккул диҳанд.” [ 9.375 ]

  Мо,  устодони мактабҳои олӣ, омӯзгорон, зимни машғулиятҳо бо донишҷӯён бояд меҳнат ба харҷ диҳем, ки дар вақти ҳар дарсҳои таълимӣ  дар мисоли роҳи ҳаётии ин абармарди нотакрори санъати тоҷик, таърихӣ сифатҳои ахлоқиеро чун поквиҷдонӣ, нексириштӣ, одамдӯстӣ, масъулият, ҳисси шаҳрвандӣ ва ватанпарвиро дар донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёна  ташаккул диҳем. Шиносоӣ бо зиндагинома, эҷодиёт ва фаъолияти шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва ровии  намоёни  халқи тоҷик  ситораи  нотакрори саҳнаи  театри тоҷик  ҳамеша ба руҳу равони донишҷӯ таассуроти фаромӯшнашаванда мегузорад.

Ҳамин тавр, натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ташаккулёбии сифатҳои маънавии шахсияти ҷавонони донишҷӯён дар мисоли фаъолият ва эчодиёти  шодравон М.Воҳидов, дар вақти дарсхонӣ барои донишҷӯён аз аҳамияти баланди тарбиявӣ холӣ нест. Таҳлили мухтасари  ҳаёт ва фаъолияти шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ро ба анҷом расонида, ба хулосае омадан мумкин аст, ки тарғиби чунин хислатҳои олии инсонӣ ба монанди   меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ,ватандӯстии ҳунарпешаи пуркору соҳибтаҷриба ва масъулитятшинос будан дар тарбияи насли имрӯза нақши муҳим мебозад ва   худи ҳаёт ва фаъолияти  ин фарзанди фарзонаи миллат барои ҷавонони имрӯзаи мо намунаи ибрат мебошад.

Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ба ёди ин хунарпешаи мумтоз  гуфтааст:

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чун гули санг зи кӯсор маро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Ҳар гахе ҷом ба каф масту гаронҷон хонед,

Шеъри Хайём ба такрор, маро ёд кунед.

Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед,

Бо  ҳамон нангу  ҳамон ор маро  ёд  кунед….[ 3.173]

 

Адабиёт

  1. Азимов Нурулло, «Симои Ашт».- Душанбе.2001.стр.354-356
  2. Боров А. «Ты жив – так радуйся Хайям!»- торжество дружбы//. Материалы дней культуры Таджикской ССР  в Киргизии. Фрунзе. Кыргизстан.1977.с.333- 134
  3. Ёдномаи Махмуд Воҳидов. (тартиб. Лоиқ Шерали.Отахон Латифӣ): Муҳар.масъул А. Сайфуллоев.Таҳияи суратҳо аз Олимов.-Душанбе, «Ирфон»,1982-.176 саҳ.
  4. Иняхин И..На все времена .-Театр.1975.№9,с.53
  5. Кайдалова. О.Н В театрах братских республик.-Киев: Мисетецтво ,1977..183(Нурчонов Н.сах.192.сах201).
  6. Маҳмуди сухангӯ.(мураттиб Р.Воҳидов.-Душанбе, «Адиб»,1989.-128 саҳ..
  7. Найдакова В.Их воспитал ГИТИС-// Советская культура.1960.28 июня.
  8. Нашей дружбе крепнуть. Торжественное закрытие Дней культуры Таджикской ССР в Киргизии.- Советская Киргизия.1976,26 сентбря  (Кирг ТАСС
  9. Нурҷонов Низом «Маҳмудҷон Воҳидов»//- Душанбе,"Маориф ва фарҳанг"2009.-384 саҳ.
  10. Раҷабов Ч. Ҷеҳраҳои дурахшони тиб,фарҳанг ва ҳунари тоҷик (Матн):Маҷмӯи очерку мақолаҳо. Душанбе, 2018.-176 саҳ.
  11. Рахимов Х, Нуров А. Педагогика. - Душанбе , “Ирфон”,2011, 520)
  12. Турсунов Акбар «Кирони Саъд»--–Душанбе, 1986,

        13. .Сорокина Н.Ч Наедине с нами.// Советская культура.1977.1 июля Маданияти шуравӣ».

         14.. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе:  1988.сах.337-338

15.Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 78. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1

16.Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе: Сарредаксияи 1978-678 с. 


Юлдошев Умарҷон Раҳимҷонович,  мудири кафедраи забонҳои хорҷии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи илмҳои педагогӣ  ва иҷтимоии Федератсияи Россия  



22.10.2019     1705
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php