Тамоку зиёнбахши саломатии инсон

Тамоку зиёнбахши саломатии инсон

     Пайдоиши одати тамокукашӣ ба он вобаста аст, ки никотини тамоку системаи марказии асабро кайфияти хуш мебахшад. Никотин моддаи ниҳоят заҳрнок буда ҳангоми кӯшишҳои аввалини тамокукашӣ ҳодисаҳои нохуш, аз қабили дилбеҳузурӣ, чарх задани сар, қайкунӣ, ихтилоҷи гулӯ, сурхрӯда, меъда ва ҳаяҷон, ки ба гарангӣ ва ҳатто ба беҳушшавӣ табдил меёбад, мушоҳида карда мешавад. Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳар як одами тансиҳат рӯй медиҳад. Вақте ки организм ба никотин одат мекунад, таъсири заҳрҳо суст шуда, одам фақат таъсири форами тамокуро ҳис менамояд. Ин эҳсоси дуруғин ва фиребанда аст, зеро моддаҳои дуди тамоку барои саломатии инсон ниҳоят хатарнок мебошад.

   Тамокукашӣ ва таъсири никотин меъёри мӯътадили меҳнат ва истироҳати хонандагонро дар системаи марказии асаб, на танҳо вайрон мекунад, балки пайдо шудани хоҳиши сигоркашӣ ҳангоми машғулиятҳо метавонад диққати хонандаро пурра ба сигор банд намояд.Тамокукашӣ дараҷаи азхудкуниро паст ва ҳофизаро заиф мекунад. Талабагони тамокукаш дар танаффус мисли дигарон дам намегиранд, балки баъди дарсҳо ба ҳоҷатхона давида, танаффусро дар иҳотаи дуди тамоку ва ҳар хел буғҳо мегузаронанд. Таъсири якҷояи никотин, дуди заҳрноки тамоку ва оксиди карбон боиси дарди сар ва кайфияти нохуш мешавад, ки қобилияти кориро паст менамояд. Дар натиҷа хонанда ба дарси навбатӣ бо рӯҳияи нохуш меояд.

   Дуди сигор, ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла, гази ғубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопрен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарноканд. Ҳангоми сигоркашӣ, ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас даромада, ба пардаи луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.

   Никотин на танҳо барои сигоркашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди сигор пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро заҳролуд мекунад. Қариб ҳамаи сигоркашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст. Газаки доимӣ қобилияти муҳофизатии пардаҳои луобиро паст мекунад, зеро фогоситҳо шушро аз микробҳои бемориовар ва моддаҳои зарраноке, ки бо дуди сигор меоянд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин сигоркашҳо аксаран ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор мешаванд. Зарачаҳои дуд ва қатрон ба деворҳои нойи нафас ва ҳубобчаҳои шуш менишинанд. Хусусияти муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст мешавад. Шуши одами сигоркаш чандириашро гум карда, нағз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани ғунҷоиши зарурӣ ва ҳавогирии он мегардад. Дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад.

      Маълум аст, ки тамокукашҳо назар ба ашхосе, ки тамоку намекашанд ба саратони шуш 10 маротиба, саратони ҳалқ аз 6 то 10 маротиба, ба саратони сурхрӯда аз 2 то 6 маротиба (дар мамлакатҳо ва маҳалҳои гуногун) бештар гирифтор мешаванд. Варами доимии шуш, сил ва нафастангӣ барои ин гуна одамон аз касалиҳои муқаррарист. Тамокукаш на фақат ба худ, балки ба атрофиён ҳам зарар мерасонад. Одаме, ки дар хонаи дуди тамокудошта як соат менишинад, ҳамчун одами 4 дона сигоркашида заҳролуд мешавад. Хешовандон ва наздикони шахси тамокукаш ба айби ӯ аксар вақт “тамокукаши пассив” мешаванд, яъне тамокукашии як кас бисёр одамонро зарар мерасонад.

       Тамокукашӣ занҳоро пеш аз муҳлат пир намуда, ҳангоми ҳомиладор буданашон ба ҳар гуна нохушӣ оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти омори байналхалқӣ кӯдакони занҳои тамокукаш нисбат ба кӯдакони занҳои тамокунамекашидагӣ 70% бештар мефавтанд.

      Никотин боиси ихтилоҷи рагҳо ва тағйирёбии қабати дохилии онҳо мегардад. Дар ин ҳол сурохии рагҳо кам шуда, гардиши хун мушкил мегардад ва бо оксигену моддаҳои ғизоӣ таъмин намудани қисмҳои бадан ва аз онҳо баровардани маҳсулоти зарарноки мубодилаи моддаҳо вайрон мегардад. Касалии паҳнгаштаи тамокукашҳо стенокардия аст, ки ҳангоми ин беморӣ рагкашии дил ба амал меояд, қафаси сина сахт дард карда, касро ваҳми мурдан фаро мегирад. Стенокардия бисёр вақт боиси инкишофи миокардит – иллати вазнинии дил мегардад. Касалии дигари тамокукашҳо эндартериид аст. Дар вақти ин беморӣ одам метавонад чанд қадам роҳ равад аммо баъд аз чанд лаҳза дар як ё ҳарду пой карахтӣ ва дарди сахт пайдо мешавад. Баъд аз чанд дақиқа истироҳат намудан дард мегузарад, вале баъди роҳ рафтан дард боз пайдо мешавад ва ҳамин тариқ доимо давом мекунад. Рагҳои пойи чунин одамон доимо дар ҳолати рагкашӣ буда, пойро фақат дар лаҳзаи оромиаш бо хун таъмин карда метавонад. Ҳаракат дар мушакҳои коркунанда мубодилаи моддаҳоро метезонад ва дар ин ҳолат мушакҳо оксигенро бисёр талаб мекунанд. Норасоии оксиген дар мушакҳо ва дар онҳо ҷамъшавии маҳсулоти мубодилаи моддаҳо дардро ба вуҷуд меорад. Дар зинаи дуюми беморӣ рагкашӣ шиддат меёбад. Рагҳо ҳатто дар ҳолати оромӣ мубодилаи моддаҳоро дар мушакҳо таъмин карда наметавонанд ва дард доимӣ шуда мемонад. Пойҳо, хусусан, кафи пой аз нарангушт сар карда доимо хунук мехӯранд ва кабуд мешаванд. Кафи пой ва баъд тамоми пой аз ҳаракат монаданаш мумкин аст.

    Тамокукашӣ имконияти ҷисмонии одамро хеле маҳдуд менамояд. Никотин қувваи ҷисмонӣ ва эҳсоси мушакҳоро суст гардонида, мувозинати ҳаракат, суръат ва хусусан тобовариро ба ҳолати бад гирифтор месозад.

    Истеъмоли тамоку дар шакли сигор ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Мубориза бар зидди он мушкилоти иҷтимоӣ гардидааст. Табибон ва арбобони ҷамъиятии бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди сигоркашӣ якҷоя амал мекунанд.

    Мубориза бар зиддӣ тамокукашӣ яке аз вазифаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад, ки ба он Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии назди Созмони Милали Муттаҳид назорат менамояд. Вобаста ба ин дар як қатор мамлакатҳо сигоркашӣ дар байни ҷавонон кам шудааст. Мо боварӣ дорем, ки ақли солим рӯзе боло гирифта, аксар одамон аз ин одати бад қатъиян даст мекашанд.

    Мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муборизаи зиддӣ тамокукашӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

   Якумин маротиба қонун дар бораи кам гардонидани тамокукашӣ соли 2010-ум қабул карда шуда буд, ки он қисман ҳуқуқҳои тамокукашҳоро дар бар мегирифт. Қонун дар бораи “Кам гардонидани истеъмоли маҳсулотҳои тамокукашӣ” аз 1 январи соли 2018 дар Тоҷикистон ба ҳукми қонун даромад. Аз ҳамин сабаб роҳбари давлати мо аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ бо медал сарфароз гардонида шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

М.М. Наботов    маркази омодагии қаблӣ


18.04.2020     9735
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php