Суруди миллӣ садои қалби мост.

Роҳбарияти МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иқдоми маорифчиёни Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро дастгири намуда тасмим гирифтаанд,ки ҷаласаҳои Шӯрои олимон,ҷамъомадҳо, маҷлисҳои тантанавӣ,конфронсҳое ки дар донишгоҳ баргузор мегарданд ба шакли зинда хондани Суруди миллиро ба роҳ монанд,зеро барои дар руҳияи ватандорӣ ифтихори миллӣ ва эҳтирому арҷгӯзорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯёну устодони ҷавон мусоидат хоҳад намуд.
Бо ишора ба таърихи 80 солаи фаъолияти донишгоҳ, ба бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино – мактабе, ки даҳҳо ҳазор табибонро дар рӯҳияи ватандустӣ ба воя расонда, дар пешрафти тиббии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст дастгири намудани ин иқдом саривақти мебошад. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ҷумҳурӣ, ташаккул ва рушди илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва ҳифзи тандурустӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Тамоми дастовардҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолияти донишгоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Хатмкардагони донишгоҳ, ки бо такмили минбаъдаи дониш ва таҷриба то ба мартабаи олимони соҳаи тиб расиданд, шуҳрати тибби тоҷикро ба маротиб боло бурдаанд. Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад,ки хатмнамудаи ин даргоҳи муқадас дорои заминаи миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ бошад.
С.А.Таибов - сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия

10.12.2019     905
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php