Соҳаи маориф – мавриди таваҷҷӯҳи сарвари давалат...

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Зеро масъалаи маориф дар таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат ва маорифи он қарор дорад.. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд. Зимни Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба маориф таваҷӯҳ намуда қайд намуданд, ки омӯзиш ва таҳлили вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моро муваззаф гардонид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи маориф чораҳои саривақтӣ ва муассир андешем ва давра ба давра бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияҳою барномаҳои давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти соҳаи ниҳоят афзалиятнок иқдоми ҷиддиро амалӣ гардонем.

Зеро рушд ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамалакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳи он аст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Дар тамоми ҷабҳаҳо, аз бунёду азнавсозии мактабҳо то компютеркунонию бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши сифати нави забонҳои хориҷӣ (русию англисӣ), таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи замони муосир дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон, вусъати тоза пайдо кардани ҳаракати олимпӣ ва амсоли инҳо пешравиҳои назаррас ва тасаввурнопазир сурат гирифтаанд, ки ин пешравии босурати маорифи Тоҷикистонро аён ва маънидод менамояд.

Маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад. Аз ин рӯ, маорифро ибтидо ва дурнамои ҷомеа номидан мумкин аст, ки пояи адаби инсонӣ аз он маншаъ мегирад.  Зеро мактаб наврустаеро чун ниҳоли пурмева ба воя расонида, соҳибхирад мегардонад ва адабро бо дониш ҳамоҳанг сохта, пояи илму маърифат, сиришти маънавию фитрӣ ва ҳувияти милливу таърихии миллат устувор мегардонад. Ба ибораи дигар, агар чароғи равшанидиҳандаи оила падару модар бошад, дурахши нури илму зиё бар дӯши маориф аст. Он фарзанде, ки аз анвори ҳар ду даргоҳи муқаддас баҳра мебардорад, соҳибхираду соҳибмартаба мегардад. Ва маънавияти волои халқро поягузорӣ менамояд.  Омӯзгор нури маърифатест, ки одамиро аз ҷаҳолат ба сӯи дурахшонтарин орзуву ҳавасҳо ва комёбиҳо ҳидоят мекунад, ва барои ноил гардидан ба орзуву ҳавасҳо тарбия медиҳанд.

Б.Қ. Шукуров, мутахассиси Шуъбаи

таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


08.02.2019     26