СИЁСАТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ОИД БА РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФ

Бақои миллат, пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз, ташкилотчӣ, фарҳангӣ, маорифпарвар, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори муваффақ, илмдӯст, олимпарвар вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки ӯ чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст.

Дар Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем. Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқ- бунёди дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Инчунин таъкид карда шудааст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутоилаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.” Аз ҳамин лиҳоз, изҳор доштанд, то барои тавсиаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Илова намуданд, ки айни замон на ҳар нафаре, ки ташнаи илму дониш мебошад баҳри аз худ намудани фанҳои мазкур камари ҳиммат мебандад.

Дар тӯли фаъолияти созандаи худ, Пешвои миллат, дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эътироф намудаанд. Нисбати ин ду ҷабҳаи ҷудонашаванда, ки яке дигарашро мукаммал мекунад, ба таври мунтазам дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои зиёдашон бо зиёиёни кишвар, ҳисоботҳои ҷамъбастии солона, тамоми баромадҳову нишастҳои матбуотӣ доштаашон таваҷчуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Пеш аз ҳама Ҷаноби Олӣ дар назди кормандони илм, омӯзгорону табибон вазифаҳои мушаххаси рӯзмарраро мегузоранд. ки ҳалли он масъалаҳои бамиёнгузошташуда барои пешрафти ҷумҳурии кӯчаки аграриро, ки дар солҳои наздик бояд он ба ҷумҳурии саноатию аграрӣ табдил дода шавад, аз миён мебарад.

Ҷаноби Олӣ стратегияи чорумро саноатикунонии ҷумҳуриамон эълон намуданд. Бояд гуфт, ки ин ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ барои рушди ояндаи кишварамон бениҳоят муҳим ва сиривақтӣ мебошад.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон як давраи мушкил ва карахтӣ нисбати илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дида мешуд.

Дар ҳамон солҳо аксарияти боғчаҳо, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, як қатор муассисаҳои давлатии хурду калон, корхонаҳои саноатӣ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо қариб, ки дар зинаи аз байн рафтан қарор доштанд ва ё дари худро ба рӯи эҳтиёҷмандон пурра баста буданд. 

Танҳо ба шарофати дастгирии  Пешвои муаззаму хирадманди миллат ин муассисаҳои илмию-иҷтимоӣ пурра нигоҳ дошта шуданд, ки дар онҳо беҳтарин фарзандони миллат таҳсил намуда, барои яндаи миллату давлат ҷоннисорӣ намуданд.

Дар муқоиса, бо 70 соли даврони Шӯравӣ, агар дар Тоҷикистон 7-8 донишгоҳу донишкада фаъолият менамуд, айни замон шумораи онҳо аз 40 гузаштааст. Ин  маҳсули меҳнати шабонарӯзии Пешвои хирадманд, сарсупурда ва оқилу доно мебошад, ки баҳри гул-гулшукуфоии давлати ҷавон чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози иқтисодӣ бениҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад.

Оиди ин масъала Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар (18.03.2020) чунин ишора намуданд: “Ташкили корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҳким бахшидан ба фаъолияти технопаркҳо, робитаи мустҳками мактабҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолии ватаниву хориҷӣ роҳи дигари пайвастани илм бо истеҳсолот мебошад.” Илова намуданд: “Талаботи рӯз чунин аст, ки рушди илмҳои дақиқ бояд таъмин карда шудаву натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои вобаста ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, яъне «энергияи сабз», «иқтисоди сабз» ва «иқтисоди рақамӣ» таъсис дода шавад.”

Ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардагони бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардида муайян намоем.

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, шумораи гирандагони стипендияи фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад.  Дар бораи баланд бардоштани сатҳи дониши  донишҷӯён, рӯй овардани онҳо ба китобхонаю китобхонӣ иброз намуданд, ки шумораи гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 то ба 500 нафар ва барои аспирантҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 то 50 нафар зиёд карда шавад. Дар баробари ин иброз намуданд: олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсоли ватанӣ ҷорӣ мешавад, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шаванд.

Барои баланд бардоштани рӯҳияи миллии аҳолии Тоҷикистони азиз ва худшиносии миллӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ (26.12.2019) иброз намуданд, ки мо бояд кӣ будани аҷдоди гузаштагони худро донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёнтабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Гафуров, китоби “Тоҷикон”, чоп гардад ва то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари   давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа карда шавад.

Ҳамчунин бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ  ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард, ки ахиран ин ҷашнҳо дар кишвар бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ҷашн гирифта шуданд.

Ҳамаи ин дастгириҳои беғаразонаи Пешвои миллатпарвар, сарсупурда ва худоогоҳи миллат аз он дарак медиҳанд, ки дар навбати аввал мо - ҳамагон бояд ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат,ки дасти пиру ҷавонро мегиранд, сари ятимону бекасонро сила мекунанд, бирасем. Ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бирасем ва онро чун гаҳвараки чашм муҳофизат намоем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳему бозичаи дасти сиёсатдорони давлатҳои абарқудрат нагардем, ки аксарияти мо дар солҳои 90-асри гузашта шоҳид ва иштирокчии бевоситаи чунин бозиҳои сиёсӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии «ба ном демократҳои таҳҷойӣ ё маҳалли хеш» будем. Сиёсати Пешвои муаззами миллатро дасгириӣ намуда, аз як гиребон сар барорем. Ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланд зери шиори «Тоҷикистон ба пеш! Ба пеш! Ба пеш» таҳти роҳбарии Пешвои хирадманд Эмомалӣ Раҳмон - фидоӣ ва сарсупурдаи миллати бостонии фарҳангсолор ҷашн гирем. 

Б.Б.Ҷумъаев – узви вобастаи АМИТ,

Профессори кафедраи биохимияи

ДДТТ ба номиАбӯалӣ ибни Сино


20.10.2020     386
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php