Шукр нокардан заволи миллат аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он боз як маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президентро 11-уми октябри соли 2020 бо як руҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ пушти сар кард. Баргузории ин чорабинии сиёсӣ гувоҳӣ аз он дод, ки мардум ба роҳбари худ бовар ва эътимоди комил доранд. Баҳри ба таври шоиста гузаштани ин рӯз дар саросари диёр омодагии ҳамаҷониба дида буданд ва барои кушоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот ҳамаи шароитҳо муҳайё шуда буд. Таъмини шароити мусоид барои интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва нозирони байналмилалӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Ин маъракаи сиёсӣ бори дигар исбот намуд, ки миллати тоҷик хештаншинос аст ва ба сарвари арзандаи худ содиқ мемонад, зеро ки ӯ

Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст.

Сарзамини пора-пора гаштаро

Ҷамъ карда, Тоҷикистон кардааст.

Яке аз мушоҳидони хориҷӣ, ки ҳангоми шумурдани варақаҳои интихоботӣ иштирок дошт, иброз намудааст, ки дар таърихи нозирии худ бори аввал мушоҳида кардааст, ки халқ то ин дараҷа сарвари худро дуст доштаву ба ӯ эҳтиром мегузорад.

Ҳамагон медонем, ки интихобот падидаи демократия буда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби озодро медиҳад. Дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ (қонуни Конститутсионӣ дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандон баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ муқаррар карда шудааст. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми овоздиҳӣ берун аз марзи Тоҷикистон қарор доранд, ҳамчунин метавонанд дар интихобот иштирок кунанд. Бо ин мақсад баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии онҳо дар як қатор мамлакатҳо қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда шуд. Дар маҷмуъ дар 29 кишвар 39 қитъаи интихоботӣ созмон дода шуд, ки аз ин 5 қитъа дар Федератсияи Руссия ва 2 қитъа дар Қазоқистон гузошта шуда буд. Дар баробари ин ба ҳар як номзади ба мансаби президенти ҶТ ва шахсони боэътимоди онҳо дар воситаҳои ахбори умум вақти эфири ройгон ва дар матбуоти давлатӣ низ чопи ройгони маводи иттилоотӣ ҷудо карда шуд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки барои гузаштани интихобот дар фазои озоду шаффоф шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Аз дастоварду пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, бо итминон гуфтанием, ки халқи тоҷик дар интихоби сарвари худ бодиққат буда, минбаъд ҳам ба дастгирии Роҳбараш тайёр аст. Дар даврони Истиқлолият ва сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд ва мардуми кишвар ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон эътимод доранд. 

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.10.2020     275
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php