Шукӯҳи бахти нурафшони Пешво!

Тоҷикистон кишварест саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилрабо, сарзамини абадмардони ҷонфидо ва шоирхез. Меҳри бузурги ин сарзамин дар дилу ҷон ва тору пуди ҳар як инсони соҳибдил ҷой шудааст. Яке аз чунин инсонҳои асил, марди бузургу дарёдил, сипаҳсолору хоксору хирадманд Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони офтобиву зебоманзар мебошад.

Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Баровард миллаташ аз шоми торик!

Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад.

Дар он рӯзҳо, ки мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии миллати тоҷик дар хатар, бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзона ва Сарвари миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи ин миллати борҳо азиятдида боз сарҷамъ гардид.

Фаридуддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор дар ин боб хуб фармудаанд:

Эминиву неъмат андар хонадон,

Тандурустиву фароғат баъд аз он.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Ин буд, ки вохӯрию гуфтушунидҳои пайдарпай бо саркардагони гурӯҳи мухолифин бенатиҷа намонданд. Натиҷаи 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот бо онҳо оқибат самараи нек дод.

Президенти кишвар бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстияшон, бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар беҳбуд бахшид.

Ҳиматбаландӣ ва ташабаскории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ин ҳама пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кушиш мекунанд. Дар баробари ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд.

Табдил додани Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ иқдоми бузургест дар роҳи созандагии Ватан. Кушода шудани заводу фабрикаҳои замонавӣ боиси таъмин намудани аҳолии кишвар бо ҷойи кор ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мегардад. Амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии банақшагирифтаи Сарвари давлат расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя яке аз омилҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик аст.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд. Чунончи:

1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

3. Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.

4. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август - 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.

5. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон намуд. Дар ин ҷода Созмони Оғохон ва Ҳукумати ШМА пайи ҳам панҷ пули хурду калон дар дарёи сарҳадии Панҷ сохта шуд. Сохтмони пулҳои наздисарҳадӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷои кор, хариди маводи ғизоӣ ва рӯзгор, доруворӣ, гирифтани муолиҷа дар шифохонаҳои ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

6. Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд.

7. Таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо.

8. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд, ки ин ҳам аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ташаббусҳои Сарвари миллат ба монанди амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд.  Ғамхориҳои падаронаи роҳбари давлат ба ятимону бепарасторон, ки аз сафарҳояшон ба ноҳияҳои дуру наздик ҳамаруза тариқи оинаи нилгун мебинем гувоҳ аз раиятпастии эшон аст.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз дар арафаи интихоботи презедентӣ қарор дорад ва мардум номзади арзандаи худро ба таври озод интихоб менамояд бояд хуб дарк намояд, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон мо ҳуқуқи хато кардан надорем.

Бар лаби мо Тоҷдорон нагзарад ҷуз номи ӯ,

Чун нигин аз номҳо як ном кардем интихоб.

Барои он ки, кас мутахасиси соҳае шавад бояд ӯ панҷ сол таҳсил намуда панҷ-даҳ соли дигар кор карда таҷрибаи кофи ба даст орад пас роҳбарии давлат кори осон нест. Мо бояд шахсеро интихоб намоем, ки таҷрибаи хуби корӣ дошта, сиёсатмадор ва арзанда бошад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандатарин номзад мебошанд зеро ҳаёти имрӯза ва ояндаи кишвар аз интихоби мо вобастагии калон дорад.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


22.09.2020     55