Шароитҳои таҳсил дар кафедраи тибби ҳарбӣ беҳтар мешаванд

Кафедраи тибби ҳарбӣ яке аз кафедраҳои аввалини донишгоҳ буда, он 2 сентябри соли 1941 таҳти фармони №126-и вазири мудофиаи Иттиҳоди шӯравӣ дар аввал ҳамчун кафедраи тиббӣ- санитарии ҳарбӣ таъсис ёфтааст. Аввалин хатмкунандагони донишгоҳ баъд аз хатм ба фронт равона гардида буданд. Табибон асосан дар беморхонаҳои ҳарбии ақибгоҳӣ, ки дар Тоҷикистон кушода шуда буданд ва нуқтаҳои тиббии қисмҳои ҳарбӣ кор ва фаъолият менамуданд.
Соли 1944 дар асоси фармоиши вазири мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ таҳти №87 аз 29 июли соли 1944 ба кафедраи тибби ҳарбӣ табдил дода шуд, ки то ҳол фаъолият менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани қобилияти мудофиавии давлат, мукаммалгардонии системаи тайёрии ояндаи насли ҷавон ҳамчун муҳофизатгарони Ватан, дар онҳо бедор намудани сифатҳои баланди тарбиявӣ-сиёсӣ, касбӣ-ҷангӣ ва равонӣ барои иҷрои карзи зарурии конститутсионии шаҳрвандон барои мудофиаи марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ медиҳад.
Мақсад аз тайёрии ҳарбии донишҷӯён ин тайёр намудани онҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, садоқати онҳо ба Ватан, омодагии онҳо дар рӯҳияи баланди шуурноки ва маънавӣ, ахлоқи устувор, нигаҳдорандаи сирри давлатӣ ва ҳарбӣ, дорои сифатҳои ғоявӣ-маънавӣ, инчунин дорои дониш, заковат ва малакаҳои зарурӣ барои иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои хизматӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, муасиссаҳо, корхонаю идораҳои ҳарбӣ мебошад.
Таҳсил дар кафедраи тибби ҳарбӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №344 аз 30.05 соли 2017 бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ ба хатмкунандагон мувофиқи фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи аввалини ҳарбӣ «лейтенанти хурди хизмати тиббӣ»-и эҳтиёт дода мешавад. Дар ин давра барои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ тақрибан 18000 нафар афсарони хадамоти тиббӣ омода гардиданд.
Кафедраи тибби ҳарбӣ тайёрии тибби ҳарбиро бо донишҷӯён аз курси 2-юм то 6-ум ба роҳ монда, аз рӯи чор ихтисоси ҳарбӣ муттахассисонро омода менамояд:
- духтури умумиқӯшунӣ;
- духтур стоматолог;
- духтур гигиенист-эпидемиолог;
- фармасевт- провизор- дорусоз.
Таҳсил дар кафедраи тибби ҳарбӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Пеш аз таҳсил дар кафедраи тибби ҳарбӣ донишҷӯён дар курси 2-юм муоинаи ҳатмии тиббиро дар комиссариати ҳарбӣ мегузаранд ва бо фармоиши ректори донишгоҳ ба кафедра барои таҳсил ҷалб мегарданд.
Кафедраи тибби ҳарбӣ аз чор сикл иборат аст: сикли тайёрии умумиҳарбӣ, сикли ташкил ва тактикаи хадамоти тиб, сикли токсикологияи ҳарбӣ ва муҳофизати тиббӣ ва сикли таъминоти тиббӣ. Ҳамагӣ муфофиқи барномаҳои тасдиқгардидаи тайёрии афсарони эҳтиётии хизмати тиббӣ 350 соати аудиторӣ иборат мебошад, ки аз он 20-25% -ро тайёрии мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ташкил менамояд. Сикли тайёрии умумиҳарбӣ дар курси 2-юм гузаронида шуда 54 соати таълимиро дар бар мегирад (ба истиснои духтарон). Дар ин сикл мафҳумҳои асосии сиёсати давлатдорӣ доир ба хизмати ҳарбӣ, омодабошӣ ва зиракию ҳушёрии ҳайати шахсии хадамоти тибро меомӯзонад. Ҳамзамон дар ин сикл дар бораи оинномаҳои ҳарбӣ, интизоми ҳарбӣ инчунин асосҳои муосири ҷанг, силоҳу аслиҳа ва дарсҳои сафороӣ гузаронида мешаванд.
Сикли ташкил ва тактикаи хадамоти тиб 104 соати (барои духтарҳо 66 соат) таълимиро дар бар гирифта, яке аз курсҳои асосӣ ҳисобида шуда, дар курси 3 гузаронида мешавад. Дар ин сикл мафҳумҳои тибби ҳарбӣ, вазифаҳои он, ташкили хадамоти тибби қӯшунҳо, ёрии аввалин дар марҳилаҳои таҳлияи беморон, таъминоти тиббӣ, асосҳои ташкили чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ, тарзу усулҳои кушодани бунгоҳи тиббӣ ва госпитали саҳроиро дар саҳро меомӯзонад.
Сикли токсикологияи ҳарбӣ ва муҳофизати тиббӣ дар курси 4 гузаронида шуда 56 соати таълимиро дар бар мегирад. Дар ин сикл дар бораи моддаҳои заҳролудкунандаи муосир, таъсири омилҳои зараррасони яроқҳои қатли ом, паталогия, клиника ва табобати беморони заҳролудшуда, воситаҳои тиббии муҳофизаткунанда, инчунин тарзу усули кушодани майдончаҳои коркарди махсус омӯзонида мешаванд. Сикли таъминоти тиббӣ дар курси 4 гузаронида шуда танҳо барои факултети фармасевтӣ пешбинӣ шудааст, он дар худ мафҳумҳои асосии таъминоти тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ табелӣ, тарзу усулҳои нигоҳдорӣ, муҳофизат ва боркашонии доруворӣ ва тақсимоти онро барои хадамоти тибби қисмҳои ҳарбӣ меомӯзонад.
Омӯзиши ҳарбии донишҷӯён дар кафедраҳои ҳамҳудуди донишгоҳ низ ба роҳ монда шудааст, ба монанди: ҷароҳии ҳарбии саҳроӣ, терапияи ҳарбии саҳроӣ, гигиенаи ҳарбӣ, эпидемиологияи ҳарбӣ ва стоматологияи ҳарбӣ.
Дар курсҳои 2, 3 ва 4 донишҷӯён санҷишҳо супорида ва дар курси 4 сесияи тобистона имтиҳони гузаришро аз фанни тайёрии ҳарбӣ бо тариқи тестӣ месупоранд.
Баъд аз супоридани имтиҳонҳои хотимавӣ давлатӣ дар курси 6 бо донишҷӯписарон ҷамъомадҳои таълимии саҳроӣ гузаронида мешаванд. Ин ҷамъомадҳо дар муддати 30 ш.р. гузаронида шуда 144 соати таълимиро дар бар мегирад. Баъд аз анҷоми ҷамъомадҳои таълимӣ хатмкунандагон имтиҳони хатмро оиди гирифтани рутбаи аввалини ҳарбӣ бо иштироки комиссия, ки аз тарафи Вазорати мудофиа таъин мегардад, месупоранд.
Кафедра дорои 10 синфхонаи барҳаво, 1 адад толори лексионӣ, 1 адад озмоишгоҳ, ҳуҷраи қисми махфӣ, ҳуҷраи силоҳу аслиҳаи таълимӣ ва дорои 7 ҳуҷра барои омӯзгорон, 1адад ҳуҷраи сардор ва 1 адад ҳуҷраи қисми таълим мебошад. Роҳравҳо бо овезаҳои замонавӣ муҷаҳаз гардида, синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо нав, доскаҳои бо маркер навишташаванда ва таҷҳизотоҳои таълимӣ таъмин гаштаанд.
Кафедраи тибби ҳарбӣ айни замон яке аз кафедраҳои беҳтарин ва замонавӣ дар байни дигар кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олии мамлакат ба ҳисоб меравад ва тамоми дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ дар кафедра омодагардида дар матбааи донишгоҳ нашр мегардад, ки мавриди истифодаи донишҷӯёни донишгоҳ қарор доранд.
Бо дастгирии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. дар доираи нақша-чорабиниҳо барои кушодани майдончаи сафороӣ ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои амалии ҳарбӣ корҳои таъмирӣ рафта истодааст, ки дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
З.И. Баратов, полковник– сардори кафедраи тибби ҳарбӣ,

М.Н.Расулов, подполковник– сардори сикли ташкил ва тактикаи хизмати тиббии кафедраи тибби ҳарбӣ

24.04.2020     635
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php