ШАКЛҲОИ ҲУҚУҚИЮ КОНСТИТУТСИОНИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ВА ДАРҶИ ОН ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боби ҳафтуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шудааст. Дар моддаи 81- уми ин шаҳодатномаи миллат гуфта шудааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳудуди ВМКБ бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. Мухторӣ, ки аз калимаи юнонии autonomia гирифта шуда, маънои худидора ва мустақилиро ифода карда бошад ҳам, вале мазмуни гуногунро дорад. Дар таҷрибаи сохтори давлатии мамлакатҳои гуногун асосан се намуди мухторӣ: марзию маъмурӣ, марзию миллӣ  ва маданию миллӣ дучор меоянд. Мухтории маъмурӣ яке аз шаклҳои ҳуқуқию конститутсионии воҳиди мухтор мебошад. Ба мухтории маъмурӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ бештар вақт вилояти мухтор мансуб дониста мешавад. Агар воҳиди мухтор дар шакли вилояти мухтор ташкил ёбад он на давлат, балки воҳиди давлатӣ буда, вазъи ҳуқуқиаш аз ҷумҳурии мухтор поёнтар  ва ба вазъи ҳуқуқии  вилояти маъмурӣ наздиктар аст. Аз давраи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати он Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буд. Дар Конститутсияи он вақта низ боби ҳаштуми он ба вазъи ҳуқуқии ин вилоят бахшида шуда буд. Ҳоло ҳам ин таҷрибаи сохтмони давлатӣ идома дорад. Дар тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии ВМКБ ҳаминро ба эътибор гирифтан зарур аст, ки он давлат намебошад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ” ин вилоят қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад. Ҳайати этникии ВМКБ гарчи гуногунранг бошад ҳам, сокинони он асосан тоҷиконанд, ки таърихан дар шароити махсуси ҷуғрофию табиии ин минтақа, дар дараю водиҳо дар робитаи маҳдуд бо якдигар ҳазорсолаҳо зиндагӣ кардаанд. Сарҳади хориҷии ВМКБ дар айни замон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.  Пас хулоса бояд кард, ки вилояти Бадахшон  пораи хоки муқаддаси Тоҷикистон мебошад ва то он даме, ки Тоҷикистон поянда аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пойдор аст. Маҳз ташкилёбии ВМКБ дар ҳайати Тоҷикистон сабаб гардид, ки ин кишвар аз мухторият ба ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт. Имрӯз дар баъзе расонаҳои хабарӣ гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ҳузури қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар Бадахшон “нигаронӣ” менамоянд ва гӯё ба ин роҳ “муҳаббат”-и худро ба сокинони он нишон медиҳанд.  Саволи матраҳ ин аст ки пас сарҳади ин гӯшаи кишварро киҳо аз душман ҳимоят мекунанд? Таъмини амнияти ин мардум бар дӯши кист? Ин саволест, ки аз ҷавонони худогоҳу худшинос ҷавоби содда, вале ҷиддиро  талаб менамояд. Қисми дуюми моддаи тафсиршаванда муқаррар кардааст, ки ҳудуди ВМКБ бе ризоияти маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. Ҳар як ҳодисаи тағйир додани ҳудуди ВМКБ қаблан дар Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ВМКБ баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул карда мешавад. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти дохили ва хориҷӣ дорад. ВМКБ аз шаҳри Хоруғ ноҳия,шаҳрак ва деҳот  иборат аст. Ҳоло дар ҳайати ВМКБ ҳафт ноҳияи маъмурӣ мавҷуданд.

Самти хориҷии ин масъала дар он ифода меёбад, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо чанд давлати хориҷӣ ҳамсарҳад аст. Сарҳади берунии ВМКБ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шимол бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Чин ва дар ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст, ки он дар як вақт сарҳади давлатии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси вакилони халқи ВМКБ яке аз панҷ субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Вакили маҷлиси намондагони Малиси Олӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ва он бештар вақт бо роҳи пешниҳоди таклифҳои қонунгузорӣ амалӣ менамояд. ВМКБ, сарфи назар аз шумораи аҳолӣ , дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ бо дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар дорад. Яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллӣ аз намояндагони ВМКБ мебошад. Яке аз ҳафт судҳои суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ба ҳамин тариқ  салоҳияти ВМКБ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари он имкон медиҳад,ки дар заминаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравию тараққиёти қаламрави вилоятро таъмин намояд ва сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардорад.

 Шуъбаи тарбия


31.10.2020     51