Шахси сермутолиа суханони ҳикматомез мегӯяд

Шахси сермутолиа суханони ҳикматомез мегӯяд
“Ҳатто агар дар ҳолати ғарқ шудан ҳам бошӣ, китоб бихон!". Бо ин гуфта дар давлати Финляндия муҷассамае насб шудааст, ки дар он марде дар даст китоб хонда ба об ғарқ шудаистодааст. Инсоният аз замони пайдоиш то ба имрӯз бо хондани китоб ба қуллаҳои баландтарини кашфиёти коинот ноил гардидааст. Маҳз китобхонӣ сабаб гардид, ки имрӯз ҷомеаро технологияҳои рақамӣ иҳота кардааст. Паёмбари ислом (с) гуфтаанд, ки аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯзед, ки ин ҷо мурод аз омӯхтани илм хондани китоб аст. То ҳадде шахс бештар китоб мутолиа кунад, ҳамон қадар дарку идрок, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва ояндабиниаш васеъ мешавад. Хондани китобҳои муфид барои изҳори назар ва андешаронӣ дар дилхоҳ мавзӯъ дасти ёрӣ дароз мекунад. Бинобар ин, шахсони сермутолиа суханҳои ҳикматомез мезананд. Нависандаи араб Абуусмони Ҷоҳиз мегӯяд: “Ман дарахтеро аз китоб дида, умраш дарозтар, мевааш ширинтар, ҳосилаш наздиктар надидаам”. Хонанда бо хондани мунтазам ва муназзами адабиёти бадеӣ, чи адабиёти миллӣ ва чи ҷаҳонӣ завқи худро парвариш медиҳад, дар интихоби китоб барои хондан сахтгиру серталаб мешавад, ҳар гуна китобро намехарад ва нахоҳад хонд ва нависандаро ба рушди ҳунараш, ҳарчи бештар омӯхтан, ҷустан ва пайдо кардани сабк, шеваи навиштор ва василаҳои навтару тозатари тасвир, ки дигар барои хонандаи огоҳ ва хушмутолиа ва бозавқ такрорию обшуста нестанд, водор мекунад. Агар шахси китобхонда ба вазифа таъйин шавад, мутмаинан ҷаҳонбиниаш васеътар, одамдӯстиаш бештар, масъулиятшиносиаш амиқтар хоҳад буд. Мутолиаи адабиёт ба инсон уфуқҳои гуногун ва тозаи дид медиҳад, ҷаҳонашро на танҳо умқ, балки паҳноӣ низ мебахшад; адабиёт ба инсон озодии интихоб медиҳад. Дар баробари ин адабиёт аст, ки инсонхоро на фасл, балки ба ҳам васл мекунад. Адабиёти бадеӣ ба хонандааш озодии андеша ва озодии амал медиҳад, аммо озодие, дар канораш масъулият дорад, бо масъулият ёр аст; хонандаи ботаании адабиёти бадеӣ, ҳеч гоҳ ба ифроту тафрит дар андешаю амал роҳ нахоҳад дод. Аз нигоҳи таъсир ба одамиён низ ҳеч кадоми ҷаҳоншиносиҳо таъсиреро ки адабиёт ба мағзу дили мардум мегузорад, надорад. Ҷомеае, ки дар он рӯйи мизашон, тоқҳояшон, рафи ҷевонҳояшон ва, умуман, хонаашон аз китоб холӣ аст, ҷавонҳои он гумроҳ ва пиронашон бехирад мешаванд. Бинобар ин, хондан сирри пешрафти миллатҳои дунёст. Ҳар миллате то китобро аз зарурати рӯзгораш нашуморад, ба пешрафт даст намеёбад. Метавон гуфт, ки меъёри шинохти миллатҳои мутараққӣ ё миллатҳои дар роҳ ба сӯйи тараққӣ ин китобдории кишвар ва китобхонии ҷамъияти он аст. Миллати тоҷик аз шумули халқҳоест, ки дар таърихи мавҷудияти худ то ба имрӯз осори пурғановатеро ба аҳли башар мерос гузоштаанд. Аз Рӯдакиву Фирдавсиву Сино то Айниву Турсунзодаву Лоиқ ҳама бузургнависони тоҷик тавонистаанд бо осори арзишнокашон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Китоби бадеӣ, китоби бадеие, ки сӯйи муаллифи тоҷик нигошта шуда ва ба забони тоҷикӣ аст, аз як сӯ барои амиқтар фаро гирифтани ҷаҳони маънавии халқ ва таърихи гузашта ва аз сӯйи дигар барои беҳтар омӯхтани забони модарӣ ёрӣ мерасонад. Тавре худи бузургон гуфтаанд, китоб фишурдаи ақлу хиради оқилон ва хулосаи таҷрибаҳои рӯзгордидагон аст. Нависандаи номии амрикоӣ Дейл Карнеги гуфтааст: "Ҳар нафаре, ки ба дунболи рушд ва шукуфоии худ аст, мебояд мураттаб зеҳнашро бо китобхонӣ шустушӯ кунад". Ҷавонони кишвари тозаистиқлоли мо низ барои рушд ва инкишофи донишҳои худ пайвастани худро бо китоб ва китобхонӣ ҳамеша бояд нигоҳ доранд ва барои такмили касбият аз омӯзиши адабиёти тахассусӣ васеъ истифода баранд. Бештар китоб хондан, бештар бинотару тавонотару азизтар шудан аст. Мо бояд китобро дӯсти наздик ва ашёи пурқимати рӯзгор пиндорем ва ақлу дониши худро бо китобхонӣ ғанӣ гардонем. Танҳо бо ин роҳ метавонем дар ҷомеа ҳамчун шахси оқил эътироф шавем. 
 Н .Ҳ. Ҳасанбоев, устоди кафедраи забони тоҷикӣ

20.01.2020     546