Шаҳди Истиқлоли Тоҷик

Баъди баргузории интихоботи Президенти кишвар,ки мардуми шарифи тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён аз фарҳанги ва сулҳпарвар будани хеш ба ҷаҳониён дарак доданд,дар моҳи ноябр се ҷашни пуршкуҳ: Рӯзи Конститутсия, рӯзи Президентӣ ва рӯзи Парчамро ҷашн мегирад қобили зикр аст, ин ҳама шаҳди ширини меваи истиқлол аст. Дар воқеъ ин санади муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро насиб гардонд ва роҳнамову роҳкушои мардуми тоҷик дар расидан ба ин ҳадафи сиёси саҳми беандоза доранд ва мо истиқлолиятро бо ҷоннисорию қаҳрамониҳои беназираш шинохтаем . Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 расман истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва он ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ камари ҳиммат банданд. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани шакли сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муасирро амалӣ намояд. Яке аз дастовардҳои бузург ва нодир дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ин қабули Конститутсия маҳсуб меёбад. Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба назари эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ҳисси баланди масъулияти роҳбари давлат дар назди гузаштагон ва мардуми хеш ва бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонд, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикӣ дар мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуд. Маркази барқу гармдиҳии Душанбе-2 дар навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион килловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба неруи барқ қонеъ намояд. Ба гуфти коршиносони соҳа аҳолии шаҳри Душанбе агар дар фасли гармо 4-5-млн квт-соат неруи барқ истеъмол намояд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15млн квт –соат мерасад. Иқдомҳои Сарвари давлат амалӣ гардида, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки онро Президенти мамлакат бевосита оғоз бахшиданд ва ду агрегати он ба кор дароварда шуд.

Имрӯз ҳиссаи нерӯи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоиз неруи барқ аз истифодаи захираҳои обӣ тавлид мешавад ва ин аз боигарии захираҳои обӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Президенти кишвар бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстияшон, бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пӯлҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар беҳбуд бахшид.     

Ҳиматбаландӣ ва ташабаскории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баста то ба ин рӯзҳои нек расид. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, “Нақби Истиқлол”, “Нақби Шар-Шар”, биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд.

Тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ   бахшида ба Рӯзи истиқлолият зикр карда буданд: «Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванди Точикистон моҳияти давлати миллиро дарк кунад, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад. Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд».      Ҳамаи дастовардҳо дар самти рушди миллат, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд.” Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад. 

Ҷавонмарди асили халқи тоҷик,

Баровард миллаташ аз шоми торик!

Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад.

Фаридуддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор дар ин боб хуб фармудаанд:

Эминиву неъмат андар хонадон,

Тандурустиву фароғат баъд аз он.

Пушида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳо ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. 

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


03.11.2020     30