Сарсабзии мо зи юмни сарқонун аст!

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз, баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад. Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати молияи давлатӣ, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои он сарчашма мегирад, ин хусусияти иҷтимоиро пайдо намудани қисми хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама барои дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва Институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки натиҷаи ин ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошад. Ин аст, ки бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ, имрӯз сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори соҳаҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд.

Дастовардҳои бузурги халқу давлати мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳамаи ин маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст. Конститутсия ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, тавонист тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ намояд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар қатори чанд Конститутсияи беҳтарину мардумитарин дар давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Сарвари давлату миллат басо зиёд аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.» Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 6 ноябр - рӯзи истироҳат муқарар карда шудааст, то халқи шарифи ҷумҳурӣ ин рӯзи муҳимро бо хушнудӣ истиқбол гиранд. Инак, мардум рузи 6 ноябрро ҳамчун рузи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо камоли ифтихору фараҳмандӣ ҳамасола қайд мекунанд.

Осудагии замона аз қонун аст,

Иқболи накӯ ҳамешагӣ афзун аст,

Эй дӯст, биё, меҳру муҳаббат варзем,

Сарсабзии мо зи юмни Сарқонун аст.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!                                                               

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М .- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


27.10.2020     28