САРАЗМИ БОСТОНӢ ОҒОЗИ ШАҲРОФАРИИ ТОҶИКОН

САРАЗМИ БОСТОНӢ ОҒОЗИ ШАҲРОФАРИИ ТОҶИКОН
Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки шаҳрвандонаш дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд. Ин аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоир Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намудаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуданд. Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Ин иқдоми нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки аз тамаддуне, ки ҳануз дар ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо тоҷикон мерос гузоштаанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазорсолаи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон бошем. Яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорон ва аввалин филизгудозони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамаддунсозии аҷдодони тоҷикон — Саразм дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад. Минтақаи болооби Зарафшон аз бозёфтҳои бостоншиносӣ хеле бой мебошад, аммо дар байни онҳо шаҳраки қадимаи Саразм ёдгории дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ таъриху фарҳангӣ бой дорад. Ёдовар мешавем, ки Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст. Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси ин олим дарёфти табари биринҷӣ аз ҷониби сокини деҳаи Саразм Ашуралӣ Тайлонов таърихи пуршукӯҳи дар зери хок пинҳонбудаи Саразмро ба аҳли ҷаҳониён рӯшан кард. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст ва аз рӯи таҳлилҳо Саразм чунин маъниро дорад: 
1. Сарсабз, яъне Сари сабза. 
2. Аз калимаи тоҷикии “сар” ва арабии “разм”-сарразм, яъне оғози ҷанг. 
3. Саразм маънои “Сари замин”-ро дорад, ки ин ақидаро олимон бештар дастгирӣ менамоянд. 
Зиёда аз 50 сол аст,ки дастаи бостоншиносон осорҳои маданияти моддӣ ва маънавии ниёгонамон – суғдиёнро аз харобаҳои Панҷакенти Қадим ҷустуҷӯ доранд. Деворнигораҳои пурмазмун, муҷассамаҳо, кандакориҳои нафиси рӯи чӯбҳо, олотҳои фарҳангу рӯзгори суғдиёни Панҷакент, имрӯз шоҳиди барҷастаи гузаштагонам мебошанд. Саҳнаҳои набард, муҳофизати кӯшку қалъаҳо, базму бозиҳои ҳамдиёронамон, ки дар рӯи деворҳои қасру толорҳои Панҷакенти Қадим наққошӣ шуданд, ифодакунандаи ғаму шодии халқамон ба шумор мераванд. Кашфи Саразм дар ноҳияи Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад. 
 Шамсиддин Носиров, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ


20.01.2020     6004
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php