Саразм – ёдгории таърихии халқи тоҷик

         Бо мақсади  рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои мардумии   кишвар ва фарҳангӣ миллӣ дар  арсаи байналмиллалӣ  ва ҷалбӣ сармояҳо дар зерсохтор сайёҳӣ, эҳё  намудани ҳунарҳои  мардумӣ маҳз  Роҳбари давлат,  Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, солҳои 2019-2021- ро солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки минтақаи  Осиёи   Марказӣ ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ башумор  рафта ва дар  замонҳои қадим мардуми тоҷик беш  аз 400 намуди ҳунармандиро доро буданд. Дар  айни  замон дар  мамлакат зиёда  аз 2900 ёдгории  таърихӣ ва  фарҳангӣ ва фарҳангӣ вуҷуд  дорад.

      Дар ин самт, Саразм  ҳамчун яке аз  марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти  бузургӣ илмӣ, таърихӣ  ва  байналқӣ дорад. Ин  яке  аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар  Тоҷикистон башумор  меравад. Дар  ҷараёни мулоқот бо  намояндагони  зиёиёни кишвар, Пешвои  муаззами Миллат изҳор  доштанд, ки дар  соли 2020-ум 5500- солагии Саразм ҷашн  гирифта мешавад ва  имрӯз Тоҷикистон барои ин санаи таърихӣ омодагӣ дида истоддаст. Бисёр тадқиқотчиён китобҳо ва  мақолаҳои  илмиро  дар  бораи таърихи Саразм  навиштаанд. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.Саразм  дар соҳили чапи яке  аз дарёҳои  бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон, дар  баландии 910 м аз  сатҳи  баҳр 15 км дуртар аз шаҳри Панҷакент ва  45 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир аст.

     Замоне буд,  ки  ниёгони  мо – ориёиҳову  суғдиён  дар  сарзамини  Мовароуннаҳр  аввалин  шуда  маданияти кишоварзӣ, чорводорӣ ва  шаҳрсозиро ҷорӣ  карданд .Аз синаи  куҳҳои  Зарафшону  Туркистон  дар натиҷаи  кофтӯкоби  зиёд  тилло, нуқра, сурб, қалъагӣ, мис ва дигар маъданҳоро дарёфт намуда, иқтисодиёту  маънавиёти  худро  ғанӣ  гардонидаанд.                                                                                                                                     

      Бозёфтҳои  бостоншиносии  шаҳраки  Саразм- Гурхонаи  Дашти  Қозӣ, Зардчахалифа, Ӯрдакон, Чорбоғ, Бедак  зинаҳои  тамаддуни маданияти диёрамонро  ба оламиён  чун оина  рӯшан  намудаанд. Ниёгони  ба  мардуми  Осиёи  Миёна  ва  берун аз  марзи  он  нозукиҳои  маданияти  шаҳрсозиву  ҳунармандӣ, иқтисодиёту  тиҷорат ва  илму  фарҳангро омӯзониданд. Саразм  яке  аз  нахустин  ёдгориҳои  давраи  ориёӣ, намунаи  беҳамтои  ин  тамаддун  дар  Суғд  мебошад.  Зиёда  аз  50  сол аст, ки бостоншиносон  осори  маданияти  моддӣ  ва  маънавии  ниёгонамон  суғдиёнро  аз  харобаҳои  Панҷакенти  қадим  ҷустуҷӯ  доранд. Соли  1984  бостоншиноси  фаронсавӣ  ва  соли  1985  бостоншиноси тоҷик  Абдуллоҷон  Исҳоқӣ  бо  маърӯза  ва навори  бозёфтҳо аз  Саразм, хусусан  ороиши  занона  ба  мисли  гӯшвору  шаддаҳои  тиллоӣ, дастпонаҳои  аз  гӯшмоҳии  уқёнус  сохташуда, оиначаи  биринҷӣ, зарфҳои  нуқрагину  мармар, корд, ханҷарҳо ва  ду  муҷассамаи  зан, ки  аз  марқад  бозёфт  шудаанд, дар  Донишгоҳи  тадқиқоти  Амрико  баҳои  баланд  гирифтааст,ки  конгреси  бостоншиносони  Амрико  кашфиёти Саразмро  тадқиқоти  муҳими чоряки  охири  асри  ХХ  дар илми  бостоншиносии  ҷумҳуриҳои  Осиёи  Миёнаи  Шӯравӣ  номида  буд.

       Дар  намоишгоҳи  Осорхонаи  таърихии  вилояти  Суғд  намуди  умумии ҳафриёти  Саразм, нусхаи  мадфани  Маликаи  Саразм  ва намунаи бозёфтҳо ба  монанди  олоти меҳнати  сангин,  зарфҳои  гилин  ва  расми  бозёфтҳои  нодир, ҷавоҳирот, олотҳои  биринҷӣ, тугмаю дастпонаҳои  садафӣ ба  маъразӣ  тамошобинон  гузошта  шудааст. Лекин  бояд қайд кард, ки  гаронтарин  бозёфт  ин гӯри  Маликаи  Саразм  мебошад. Маликаи  хело  ҷавон тахминан  дар сини 25 солагӣ вафот  мекунад, ки дар он  замон ҳангоми  дафн  кардан ҳамаи  ороишоти  ӯро  барои  муҷассамаи  худи ӯ аз гил , тилло, шаббаҳо , нуқраҳо  истифода мебурданд.  Шаҳркадаи  Саразм  масоҳатии  умумии 1000 гектарро дар  бар  мегирад. Шаҳри  Саразм  дорои қаср ва  маъбад,  маҳаллаҳо  ва кӯчаҳо буд.Саразмиҳо  ба кишоварзӣ  ва  чорвопарварии хонагӣ  машғул  буданд.  Истеҳсол  ва коркарди  фулузот низ  хеле  инкишоф  ёфта  буд. Маъданро  аз конҳои  гирду  атроф  мегирифтанд. Заргарӣ , чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ  ва  соҳаҳои  дигар  низ  тараққӣ  карда  буданд. Ба ғайр аз ин аввалин  шуда  рушди  сохтмони шаҳрсозию  меъморӣ   инчунин  тиҷорати дохилию  берунаӣ  хело тарақӣ  карда буд .

       Ёдгории  бостоншиносии Саразм намунаи  фаъолияти  муштараки экспедитсияҳои  байналмилалӣ бо мактабҳои  мухталифи бостоншиносии ҷаҳон буд,  ки метавонад ҳама  методологияҳои  пажӯҳиши  фарҳангҳои ҳамзамони  мамолики ҳамҷавори  Тоҷикистонро ҷалб  созад.Дар замони  Истиқлолият ҳафриётҳои  бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм боз ҳам вусъат ёфт.

       Хулоса,  кашфи  Саразм дар шаҳри  Панҷакент яке аз дастовардҳои  маъмули  даҳсолаҳои  охири  асри  ХХ дар илми  бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб  меравад, ки  диқати  ҳазорон  сайёҳони  бурунмарзиро ба худ ҷалб кардааст ва ҳар  сол  аз  ин   мавзеи  таърихию  бостонӣ  боздид  намуда, аз  таърихи бойу  ғании  мардуми  тоҷик огоҳ  мешаванд.  Аз ин рӯ дар кафедраи  беҳдошт  ва  экология  барои  пешвоз  гирифтани ин ҷашни бостонӣ  бо роҳбарии  асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои   муаззами  Миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба инобат гирифта мизи  мудаввар  гузаронида шуд.               

Одинаева Л.Э. Ҷумаева Л.И.      устодони  кафедраи Беҳдошт ва   экология

  


02.09.2020     29