САДОИ ДИЛИ ТУРСУНЗОДА - ЭҲСОСИ ВАТАНПАРАСТӢ

Садои дили Мирзо Турсунзода садои дили абармардони таърихи қадим аст, ки то имрӯз ҳам ба муқобили золимони бар башарият ситамкунанда равона шудааст. Ин овоз ба гӯши Турсунзода аз қарнҳо расидааст. Ин садоест, ки аз ҳанҷараи Айниву Лоҳутӣ ва Пайрав берун ҷаста, минбаъд ба он Деҳотиву Ҳабиб Юсуфӣ, Турсунзодаву Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо дигарон ба он ҳамовоз шуданд.
Ҳабиб Юсуфӣ вожаи Ватан бар забон ба мудофиаи ватан рафтаву бо ин ҳарф дар майдони муҳориба ҷон супурд. Бобоҷон Ғафуров бо ковишу пажӯҳишҳои худ ҳақиқати таърихи миллати тоҷикро дар айёме, ки «… ҳамчун чашми суроҳӣ замона хунрез» буд, бо нашр намудани китоби «Тоҷикон» донишмандони оламро огоҳ кард, ки таърихи фоҷеаангез, вале пурифтихори миллати тоҷикро надида нагиранд, зеро ҳар сатри сарнавишти ин миллати қадимаву куҳанбунёд саҳифаи заррини таърих аст, ки моломол аз мубориза, дарду армонҳо, шукуфоиву шикаст буда, авҷи фарҳангу фурӯравиҳо дар он ниҳон аст.
Турсунзода дар мактабе тарбият ёфт, ки устодони Айнӣ - сарсупурдаи миллат, Абдуқодир Муҳиддинов, тоҷикгарои фидокор, яке аз муассисони маорифи халқ, аввалин вазири маорифи тоҷик (соли 1924-1927), профессор Аббос Алиев буд.
Турсунзода зимни шеърҳои алоҳида, дастонҳои «Писари ватан», «Ҷони ширин», «Садои Осиё», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» бештар тавсифи сулҳу осоишта намуда, муборизаро бар алайҳи ситампешагон воҷиб медонад. Хусусан, шоир дар достони «Писари ватан» ватандӯстии беназирро дар симои Қодир, Саодат, Микола тасвир менамояд.
Достон бо панду насиҳатҳои падар, ки намунаи хиради неки инсонист, ибтидо мегирад. Падар дар бораи мардиии Фарҳод, бедодиҳои Хусрав, шӯриши Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки морон ва ғайра ҳикоят мекунад ва барои фарзанд аз қаҳрамониҳои халқи худ - аҷдоди гузаштаи тоҷик барои озод намудани ватан аз душмани ғосиб ва ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ хотирнишон мекунад. Муҳим он аст, ки падар ба туфайли муборизаҳои беамон аз тасарруфи душманон озод гардидани халқи тоҷикро ҳикоят мекунад ва мақсад ба Қодир омӯхтани дарси садоқату вафодорӣ ба халқу Ватан додан аст. Ҳадафи шоир аз нишон додани муборизаи диловарона ба зидди золимону ғосибон манзури хислатҳои беҳтарини халқи тоҷик аст, ки ҳамчун анъанаҳои қаҳрамонӣ аз насл ба насли дигар мегузарад.
Падари Қодир намояндаи насли аввали тоҷикони озод аст, ки озодиву истиқлолиятро ба туфайли муборизаҳои шадид ба даст овардааст ва мехоҳад, ки писар низ аз зумраи муборизони роҳи озодӣ бошад. Дар тинати фарзанд руҳияи душманбадбинӣ ва ба қадри озодӣ, тинҷиву осудагӣ расидан, бошараф буданро тарбият мекунад:
Ҳар кӣ ҷасур аст, Ватан ҷойи ӯст,
Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст.
Шарти бузургӣ, ки далерӣ бувад,
Душмани қаттоли асирӣ бувад.
Ҳар кӣ далер аст, нагардад ғулом,
Зиндаю озод бимонад мудом.
Ғояҳои мазкур ҳанӯз то оғози ҶБВ дар ашъори шоир ба чашм мерасиданд. Нафрати беинтиҳои Турсунзода ба истилогарон, таҳқиру фишори муштзӯрон ба мазлумон шояд аз он буд, ки ин заҳри ҳалоҳилро дар тӯли таърих миллати тоҷик дар ҳар шакл – гоҳе мудҳишу беандоза, баъзан андак-андак чашидаву аз фарҷоми талхӣ он огаҳ буд, сӯзишҳои захмҳои носури фоҷиаи миллатро дар мағз-мағзи устухонаш эҳсос мекард. Устод дарди худу миллатро дар манзумаи «Барои Ватан» (соли 1941) бо алами беинтиҳо менолад:
Тохт араб мисли вабо сӯйи мо,
Сохт зи хуни дили мо ҷӯйи мо….
Урдуи Чингизи ҷаҳонсӯз низ,
Тохт ба ин мулки чу модар азиз.
Кушт басе хурду калон бегуноҳ,
Кард зи дуди алам олам сиёҳ…
Оре, устод чун як фарзанди боғурур ва баномуси миллат аз рӯйи нармдиливу заковати зотӣ дардошнову ғамшарики мазлумони олам буда, ҳимояи номусу шараф ва манфиатҳои ватанро ҳамеша муқаддамтар манфиатҳои сиёсӣ меҳисобид. Барои адиб ватан монанди модар, падар шабеҳи шарафу номус муқаддас аст ва чун фарзанди шарафманд чунин эълон дошт:
Ту зинда бош эй Ватан – хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳанӯз.
Даме ки мешумурдам пурбаҳо суханҳо,
Баландтар аз Ватан нест дар забон ҳаргиз.
Пайгирии мавзӯи мазкур дар осори шоир солҳои баъдина ба пояи баланд мерасад. Достони «Ҷони ширин» аз зумраи достонҳоест, ки шоир дар заминаи ақидаҳои лирикии хеш назари худро дар бораи ватандӯстиву, ғамшарикӣ, дӯстиву сулҳу салоҳ ва нафрат доштан бар муқобили ҷангу ҷангҷӯён баён мекунад. Турсунзода ҳангоми суҳбати бо ҳамсараш аз шоир ва муборизи сулҳ Файз Аҳмади Файз ёдовар шуда, нафрати худро ба ҷанг баён мекунад:
Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ дар мегирифт,
Дар мисоли ҳезуми тар мегирифт.
Ба ҳамсараш таъкид мекунад, ки тарбияи дурусти фарзандон дониш андӯхтани онҳо, одобу ахлоқи ҳамида ва муҳаббат бар ватан доштан аст, чунки танҳо дар ҳолати оромӣ халқ хушрӯз мешаваду миллат соҳибнуфуз ва тинҷиву гулгулшукуфӣ саодати модарон ва боиси тараққиёт дар ҷомеа мегардад:
Саъй бинмо, то набинад насли мо,
Баъд аз ин манҳус рӯзи ҷангро.
Саъй кун фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёра ҳоким шаванд.
Орзуи халқҳои мазлуми Шарқ аз қадим озод шудан аз таҳти беадолатиҳои ситамгарон, сулҳу оромӣ дар Ватан, хандаи беғаши фарзандон ва саодату хушбахтии зулмдида буд, ки дар достон инъикоси худро ёфтааст. Ҳатто офтоб ва файзи замин бе сулҳ гармиву ҷилоӣ худро аз даст медиҳад:
Сулҳ гӯйӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯйӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.
Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.
Фидокориву ҷонбозии Турсунзодаро барои ҳифз ва расонидани ёдгориҳои ниёгон ба миллату ватан аз рафтору амали ӯ ҳангоми нашри «Мунтахабот»-и Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, ки соли 1940 иқдом шуда буд, шоҳид шудан мумкин аст ва он ҳангом шоир Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш доштанд.
Масъалаи худшиносии миллӣ дар эҷодиёт ва рафтори Турсунзода, ки дар вазифаҳои мухталифи сиёсӣ фаъолият кардаву ба тамоми дунё сафар кардааст, хуб эҳсос кардан мумкин аст.
Ҳаёти шоир ва сарнавишти ӯ барои ҷавонон ва якояк намунаи олии шахси мубориз, ҳомии сулҳу Ватан буда, метавонад барои худшиносӣ идеалӣ намунавӣ бошад. Турсунзода дар яке аз суҳбатҳои сафариаш чунин муроҷиат мекунад: «Азизон, ҳамеша бикӯшед, ки дилатон аз ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ будан саршор бошад. Ин беҳтарин, балки саодати мову шумост…»
Мо, ки писарҳои туем, эй Ватан,
Ҳозири ҳар ройи туем, эй Ватан.
Ҳифзи ту мардона ба охир барем,
Гар талаби ҷон ту, зи ҷон бигзарем.
Саидов А.С., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, д.и.ф., профессор. Раҳимов Т., омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ.

14.02.2020     470